ТАНТАНАҲОИ ИДОНА БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФАРХОР

A_0.jpg

н. Фархор 16.11.2018. Имрӯз дар ноҳияи Фархор ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мавриди истифода қарор гирифтани Агрегати якуми НБО «Роғун» чорабиниҳои тантанавии идона баргузор гардиданд.

b.jpg

Тантанаҳои идона бо иштироки тамоми ташкилоту муассисаҳо, омузгорону хонандагон дар маркази шаҳраки Фархор, назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ аз роҳпаймоӣ оғоз гардида, беш аз 10 ҳазор нафар  ҷавонони парчамбадаст сокинони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, аз ҷумла занону ҷавонон дар даст расми зебои Пешвои муззамамон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  қадамзанон ҳар як бо парафшон намудани парчами давлатӣ бо рӯҳияи баланд ва ифтихор аз давлатдории миллӣ аз маркази шаҳрак ворид гардида «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карданд.

d_0.jpg

Дар чорабинӣ раиси ноҳияи Фархор Вализода Сулаймон, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия иштирок ва суханронӣ намуда, паёми табрикотии Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Гулмаҳмадзода Давлатшоҳро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯйдоди муҳими таърихӣ – ба истифода супурдани Агрегати якуми НБО «Роғун» қироат карданд.

c.jpg

Бо дар назардошти хизматҳои сершумори таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шуруъ аз соли 2016 санаи 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.

Аз ҷумла зимни баромадҳо гуфта шуд, ки ба кор андохтани Агрегати якуми НБО «Роғун» ба рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад, ки басо рамзист. Чунки, сохтмони ин ишооти бузурги стратегӣ ва ҳаётан муҳим барои кишвар маҳз бо ташаббус ва роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардида, имрӯз бо марому талошҳои Сарвари давлат ва муттаҳидиву якдили миллати тоҷик аввалин Агрегати Кохи Нури Тоҷикистон – НБО «Роғун» мавриди истифода қарор дода шуд.

НБО «Роғун» барои халқи тоҷик иншооти бағоят муҳим буда, сохтмони он, воқеан ҳам масъалаи нангу номуси миллист. Бо роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, новобаста аз мушкилиҳое, ки сади роҳи сохтмони он гардиданд ва бо иродаи матин НБО «Роғун» ба марҳилаи оғози тавлиди нерӯи барқ расонда шуд.

j_1.jpg

Сокинони сершумори ноҳия дар ин рӯз дар маркази баргузории тантанаҳо ба сайру гашти оммавӣ баромада, баҳри болидахотирӣ ва хотирмон гузаронидани санаҳои муҳими таърихӣ аз ҷониби ҳунармандони қасри фарҳанги ноҳия барномаҳои рангини фарҳангию фароғатӣ ташкил карда шуд.

Дар маркази ноҳия дар саҳни бинои кинотеатр экрани бузург насб гардида, ҷараёни ба фаъолият оғоз кардани Агрегати якуми Неругоҳи барқи обии “Роғун” бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври мустақим пахш гардид.

v.jpg

Рӯзи 17 ноябри соли 2018 дар варзишгоҳи марказии ноҳия бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода додани Агрегати якуми Неругоҳи барқи обии “Роғун” намоиши тетрикунонидашуда ва бо беҳтарин таронаҳо дар васфи Ватан, Истиқлолият, Сулҳу Ваҳдат ва дигар арзишҳои миллӣ доир гардид.

                 

 

Ҳеҷ овозе нест