Паймони миллӣ ё боди ҳаром

     Имрӯзҳо ТТЭ  ҲНИТ дар хориҷи кишвар талвосаи ҷонканӣ дорад. Ба хотири намурданаш бо он гуруҳҳои мутташакилу ашадие, ки дар вақташ ба Тоҷикистони тозаистиқлол душмани ҷонӣ буданд, мисли Анҷумани озодандешони Тоҷикистон, Ҳаракат барои ислоҳот ва рушд, Ассосиатсияи муҳоҷирони Осиёи  марказӣ дар иттиҳоди Аврупо оид ба созмон додани ба ном Паймони миллии Тоҷикистон, муросо карда, паймон бастанд, ки дар Тоҷикистони имрӯз қудратманд сохти конститутсионӣ, иҷтимоӣ ва дунявии кишварамонро  барҳам дода, тарзи давлати хаёлии доишчиёни Сурия ва толибони  Афғонистонро дар Тоҷикистон ҷорӣ карданианд ва ин боди ҳаромашонро бо пешкории Кабирии валадизино дар фазои иттилоотӣ нашармида паҳн кардаистодаанд. Наход ҳамон қадар ақлашон нагирад, ки «Неши пашаро чӣ нисбат аст ба хояи фил». Андак болотар Кабириро валадизино ном гирифтем, ки дуруст аст. Ҳар он кас, ки бар раъйи миллаташ гом мезанад, бар хилофи давлаташ аскар ҷамъ оварда қиём карданӣ аст, ӯро ба ҷузъ ҳаромзодагӣ ва айби валадизиноӣ ном бурдан дуруст нест. Ин Кабирии гузи фалак, ки «Паймони миллии Тоҷикистон» ташкил карда аст (садқаи номи Тоҷикистонаш кунад) ин аблаҳи  гузаро худ намедонад, ки паймонаш муаллақ монда, чанд нафареро зархарид карда ва ё чанд гумроҳи дигареро тавассути барномаҳои харидааш фирефта Тоҷикистонро, ки дар вақташ ба хун кашида буданд, ба сиёҳкунӣ сар мекунанд. Ин мисли он ки саг ав – ав мекунаду тоҷик дар ватани ҷононаш – Тоҷикистон зери амнияти мустаҳкам осуда кору зиндагӣ дорад. Ин валадизиноҳои дар хориҷ буда албатта тибқи расонаҳои хабарӣ диданду хонданд, ки тоҷикон бо сарвари воқеъии миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон неругоҳи  барқии дар ҷаҳон маъруфро бо номи Роғун ба кор дароварданд, ки қудратмантарин давлатҳои дунё ангушти ҳайрат газиданд.  Кабирию дигар хиёнатпешаҳои миллат,ки бо пулу пайсаи  ҳароми хоҷаҳояшон муттаҳамона зиндагӣ доранд, аз бухл намедонанд чӣ кор кунанд. Воқеан ҳам ҳазрати вақт ҳама чизро дар ҷояш мегузорад.

  Яке аз душманони ашадии миллату давлати соҳибистиқлоли тоҷик Додоҷони Атовулло, ки дар вақташ ҷону ҷигари ТТЭ ҲНИТ буд аз пушаймони имрӯз виҷдону имони тоҷикиаш маҷбураш кардааст, ки сари тавба нишинад.

 Охир садҳо душмантаринҳоямонро афв кардем. Додою дигарҳояшонро низ ки меомаданд афв мешуданду якҷоя давлат мекардем. Ҳеҷ набуд чӣ агар мемурдед, дар пеши аҳлу аёл, хешу табор ва дар хоки аҷдодӣ гӯр мешудед. Додо, ки андаке номусаш бедор шудааст, сари 150 ҳазор қурбониёни ҷангҳои ташкилкардаи ТТЭ  ҲНИТ, ки шояд ҳиссаи ӯ ҳам  бошад,  ба тавба омадааст. Воқеан ҳам Додоҷон ба хулосаи даркорӣ омадааст. Навиштаҳояш бо тариқи андеша дурустанд. ӯ хуб хулоса баровардааст, ки на Кабирии валадизино ва на дигар паймоникунандагонашон чизе аз дасташон намеояд «Тавба ё розрез ба хотири 150 000 нафар қурбониёни ҷанги бародаркӯш» далелҳои қотеъанд барои ҳар як гумроҳзада, барои ҳар як ҷавоне, ки гумроҳкунандагон рӯ ба рӯ мешаванд. Додоҷон менависад: «Ба онҳо бовар накунед агар сад бор тавба кунанд» воқеан ҳам ин наҳзатиҳо на савганд, на баёния ва на паймон надоранд. «Онҳо, - навиштааст Додоҷон кӯзаи холианд. Ҳар чи дигарон резанд (мезанд)  ҳамон метаровад. Намози онҳо дурӯғ аст.  Мусулмонии онҳо дурӯғ аст. Одамиятии онҳо дурӯғ аст». Эй кош инро ту Додоҷон барвақт дарк мекардӣ. Акнун, ки ба худ омадаӣ, дар назди виҷдонат як роҳ дорӣ – ҳар чӣ ки метавонӣ дар навиштаҳоят навис, ки ин худозадаҳои исломситез (Кабирию думу думчаҳои ӯ) ҷавонони тоҷикро, ки аз сиёсату дин кам огоҳӣ доранд ё умуман огоҳӣ надоранд, аз кафои худ ба гумроҳӣ набаранд. Ту хуб медонӣ, ки дар назди Худованд аз мусулмон будан, одаму одамгарӣ мартабаи олӣ дорад. Агар ин хел намебуд, Мавлонои Балхӣ намегуфт, ки:

 Ҳазорсола роҳ аст аз ту то мусулмонӣ,

 Ҳазор соли дигар то ба ҳадди инсонӣ.

Ҳаминро фаромӯш накун, ки хонаву дар, пайсаи бисёр (мисли Кабирӣ), маишати ҳамарӯзаро ба даст овардан мумкин аст, лекин дар мулки бегона Ватанро ҳеҷ гоҳ нахоҳӣ ёфт. Шоири дилсӯхтае ҳам хеле хуб гуфтааст:

      Ватан доди Худо бар банда бошад,

     Ватандор аз ҳама доранда бошад.

                                                                   А. Маҷидзода.

Ҳеҷ овозе нест