Аз ҳукми созмони ҳамкории «Шанхай» бояд ҳама огоҳ бошанд

Расонаи бонуфузи хабарии Олмон бо истинод ба сомонаи сохтори минтақавии зидди террористии Созмони ҳамкории «Шанхай» аз 29 январи сали 2016 хабар дода буд, ки дар мувофиқа дар низомнома оид ба феҳристи ягонаи созмонҳои террористӣ - экстремистӣ ва ҷудоихоҳ, ки фаолияташон дар қаламрави давлатҳои узви СҲШ манъ аст. Ҳизби назҳати исломии Тоҷикистон таҳти рақами 79 ба рӯйхати ташкилотҳои террористӣ ворид карда шуда буд. Қаблан ба ин рӯйхат чунин созмонҳои террористӣ  монанди «Ал – Қоида», ДИИШ, Ҳаракати Толибон, «Бародарони мусалмон» ва ғайра  номнавис шуда буданд. Гумон мекунам аз он ки ин ҳизби ҷинояткори байналмилалӣ ҳанӯз ду сол қабл маҳкуми чунин ҳукм шуда бошад ҳам, шояд бисёр касон аз чунин ҳукм  огоҳ набошанд. Аз ин лиҳоз бори дигар, аз он ки Созмони ҳамкории «Шанхай» бо ҳукми одилона рӯйи ТеТ ҲНИТ – ро қонунан сиёҳ кардааст, ин ҳукми одилонаро хотиррасон мекунам.

 Холо чанде аз роҳбарону аъзоёни фаъоли ТЭТ ҲНИТ таҳти роҳбарии М Кабирӣ дар давлатҳои Ғарбӣ будубош доранд. Ҷомеаи олмонӣ, ки аз амалишавии силсилаактҳои террористӣ сахт нигарон мебошад, аз ҳузур ва баромадҳои иғвоангезонаи Кабирию пайравонаш ҳарчанд, ки гуфта будем, «Неши паша бар хояи фил» ҳамин қадар таъсир дорад ё не, аз он ки дафтари ин ҳизби террористӣ дар қаламрави кишвар қарор дорад, дар ташвиш афтодаанд.

 Назҳатчиёни фирорӣ дар ҳудуди мамлакатҳои аврупоӣ барои амалӣ кардани ниятҳои худ ба ҷалби муҳоҷирон ба сафи гурӯҳҳои террористӣ, инчунин ташвиқоту тарғибот машғуланд. Дафтари онҳо барои пурра намудани сафи ҷангиёни ДИИШ ва дигар гурӯҳҳои террористӣ, ки дар Ховари Наздик меҷанганд, истифода мешавад. Дар ҳамин ҷо иртибот бо таблиғгарони гуруҳҳои террористӣ барқарор мегардад, шартномаҳо ба имзо мерасанд, аъзои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ гурехтаи ҲНИТ паноҳ меёбанд.

 ТЭТ ҲНИТ ташкилотчӣ ва гунаҳкори асосии ҳодисаҳои фоҷиабори солҳои 90 уми асри гузашта дар Тоҷикистон буд. Дар натиҷаи муқовимати шаҳрвандӣ зиёда аз 150 ҳазор нафар кушта шуда, беш аз 2 миллион сокинони осоишта фирорӣ гардида буд. Ба иқтисодиёти Тоҷикистон зиёда аз  7 миллиард долари ИМА  ҳисорот расида буд. Дар ҳамон давра, бо роҳнамоӣ ва пуштибонии ТЭТ ҲНИТ беш аз 500 нафар ҷавонони Тоҷикистон барои таълимгирӣ ба марказҳои террористии хориҷӣ фиристода шуда буданд. Айни замон аксарияти онҳо узви фаъоли созмонҳои террористӣ ва эктремистӣ мебошанд.

Давоми  санд соли охир дар қаламрави Тоҷикистон 75 узви ТЭТ ҲНИТ барои иштирок дар фаъолияти ҷинояткоронаи ташкилотҳои террористӣ ва экстремистии ДИИШ, ҳаракати исломии  Узбакистон, «Ансоруллоҳ» «Ҳизб – ут – таҳрир», «Ҷамоати таблиғ», «Гуруҳи 24» боздошт гардиданд. Аз 1140 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар сафи гуруҳҳои ҷангии ДИИШ ба қайд гирифта шудаанд, 5 21 нафарашон аъзои ТЭТ ҲНИТ буданд.

 Роҳбари фирории ТЭТ ҲНИТ  М Кабирӣ шахсан худаш ташкилкунанда ва маблағгузори табаддулоти давлатии моҳи сентябри соли 2015 бо иштироки  гурӯҳи  мусаллаҳи А Назарзодаи хоини Ватан дар Тоҷикистон буд. Нисбати ӯ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, ҳоло дар  ҷустуҷӯи Интерпол қарор дорад. Дар рӯйхати ашхоси таҳти ҷустуҷӯ қарор дошта, ному насаби номбурда бо ранги сурх ишора шудааст, ки маънии фавран боздошт шуданро дорад.

 Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲМ чораҳои муштаракро барои пешгирии фаъолияти ташкилотҳои террористӣ ва эктремистӣ дар ҳудуди қаламрави давлатҳои аъзои ин  бонуфӯзи ҷаҳонӣ, ки ҳудуди умумии 35 млн километри мураббаъро бо аҳолии беш аз 5 миллиард нафар дар бар мегирад, ҳамоҳанг, месозад. Кишварҳои узви ин  ташкилот барои таъмини амният ва оромии минтақа манфиатдор мебошанд. Аз ин лиҳоз ҳамдиёрони азизам донанд ва огоҳ бошанд, ки ТЭТ ҲНИТ анқариб дар саросари олам ҳизби террористӣ ва экстремистӣ эълон шудааст.

             А.Маҷидзода: Матлаби мазкур дар асоси ахбори ВАО –и хориҷӣ таҳия шудааст.

Миёна: 6 (1 vote)