Душманро бояд шинохт

Тарбияи кӯдак аввалан аз хона ибтидо мегирад  ва  баъдан дар мактаби миёнаву олӣ ва ҷомеа рушд ёфта , дар ниҳоди наврасону ҷавонон тухми одаму одамгарӣ ва ватандорӣ мекорад. Агар ба гузаштаи наҷандон дурру давлати соҳибистиқлоламон назар афканем,  мебинем, ки дар ҳама ҳолатҳои ноорому пуршӯри миллат аслан наврасону ҷавонон бо сабаби гумроҳӣ ҷалб шуда буданд. Аксари салафитӯдаҳою назҳатӣ шудагонамон буданд ва ҳастанд. Аслан онҳо ҳамон ҷавононеанд, ки на дар хона ва на дар мактаб таълим ва тарбияи дуруст нагирифта буданд. Дар мафкураи ҷунин ҷавонон мафҳумҳои муқаддаси Ватан, Миллат, Модар мазмуни ҳамон ғояҳои ғаириинсонии ҳизбу мазҳаби дурӯғинро дошт ва парастиши ғояҳои чунин ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва ифротӣ аз  Ватану миллаташ ба маротиб боло буд. Ҳамин буд, ки ба ҷангҳои шаҳрвандӣ ҷалб кардани ҷавонони ноогоҳ осон шуд. Натиҷаашро дидем, ки дар ин роҳ  ҳазорҳо ҷавононамон бо дасти ифротиёни наҳзатӣ қурбон шуданд, садҳо чунин ҷавонони дигар ба доми ваҳҳобию салафиҳо гирифтор гардида, дар кишварҳои Сурия, Афғонистон бар асари бегонапарастию ноогоҳии миллию сиёсӣ ва мадҳабию динӣ ҷони ҷавони худро бохтанд. Шукрона аз он бояд кард, ки давлати соҳибистиқлол дорем. Аз ҳама муҳиммаш озод ва дар фазои сулҳу суботи миллӣ осуда зиндагӣ мекунем. Ақлу хирад ва сиёсату мафкураи ояндасозиямон таҳти сарварии марди оқилу хирадманд, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боло гирифтаю аз оқибатҳои хунини динситезии  Ҳ Н И Т ва равияи салафӣ, ки аслан ҷавононро фаро гирифта буданд, имрӯзҳо ҳам онҳоро ба доми худ мекашанд, ҷомеа огоҳ гардида, додгоҳи олии кишвар бо ҳукми одилонаи худ фаъолияташонро дар Тоҷикистон қатъ кард. Ҳатто дар яке аз ҷаласаҳои Созмони  Ҳамкории Шанхай (СҲШ), ТЭТ ҲНИТ- ро ба садҳо далелҳои раднашавандаи террористӣ ва экстремистӣ ба таври расмӣ ба феҳристи ташкилотҳои экстремистию террористӣ шомил дониста, фаъолияташон дар қаламрави кишварҳои ин созмон манъ шудааст, ворид намудааст, ки иҷрои талаботи ҳамин феҳрист барои ҳамаи кишварҳои узвӣ ва риояти он барои тамоми  СҲШ ҳатмӣ мебошад. Садҳо бор шукр, ки имрӯз оташи салафишавию наҳзатишавӣ хело хомӯш шудааст.

     Ҳатто агар дар кӯчаю бозор ҷавонони почабаланду риши фахакдошта ва ҷавондухтароне, ки дар сар рӯймолҳои сиёҳи сару рӯяшон баста паӣдо шуданд, мегуфтанд, ки онҳо салафию наҳзатиянд.

     Мегӯянд: «Кӯр асояшро як маротиба гум мекунад». Мо мардуми тоҷик оқибатҳои дашҳатангезу хунуни чунин сиёсатбозию динситезиҳоро дар сурати гумроҳ шудагони Ҳ Н И Т дидем ва ҳеҷгоҳ фаромуш карда наметавонем. Аз ин лиҳоз, мо омӯзгорон, масъул ҳастем, ки ба падару модарони шогирдонамон бифаҳмонем, ки фарзандонашонро бе назорат намонанд, аз ҳолати мактабравию дарсхонияшон ҳамеша огаҳӣ дошта бошанд. Устодони азиз хуб донанд, ки эҳсоси худшиносию худогоҳии бача дар мактаб аз тарафи муаллим

 

бедор карда мешавад. Бинобар ин, то  омӯзгорон, бояд дар дарсҳоямон, дар соатҳои тарбиявиамон, дар ҷаласаҳои якҷояи муаллимону шогирдон ҳисси худшиносии миллии шогирдонро тарбия карда тавонем. Ҳарчанди, ки насли имрӯзаи мактабхонамон он рӯзҳои пурдаҳшатро надидаанд, вазифадорем, ки баҳри оромӣ, сулҳу салоҳ ва ваҳдати комили миллат таввасути фӣттаҳо нафрати онҳоро ба Ҳ Н И Т чун ба як ҳизби террористию ифротгаро бедор кунед.

     Таърихро донистан, аз он хулоса баровардан, зинда нигоҳ доштани хотираи таърихии  миллат беҳтарин роҳ аст ба сӯи худшиносии миллӣ ва ифтихории миллӣ. Моомӯзгорону волидон фарзандонамонро бояд он чунон тарбия ва таълим диҳем, ки онҳо на танҳо миллат, Ватан ва давлати худро дӯст доранд, балки дар ҳама ҷо ва дар ҳама гуна ҳолат онро муаррифӣ карда тавонанд.

     Охир, онҳо ояндаи миллату давлатанд ва вориси ҳақиқии ононанд. Зарур аст, ки ҳар як роҳбари синф дар нақшаи тарбиявиаш дар боби ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва равияҳои салафимаҳзаб, ки ба маҳзаби таҳаммулпазири Имоли Аъзам хилоф аст, чандон мавзуҳои омӯзишӣ дошта чудо намуда, моҳият ва оқибати даҳшатангези ифротгарони сиёсию диниро ба шогирдон фаҳмондаанд.

      Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид карда гуфтаанд: «Агар мо имрӯз насли дорои ахлоқи ҳамида ва худогоҳ ба камол нарасонем, фардо ҷомеа ба мушкилоти сангиги иҷтимоию фарҳангӣ дучор меояд». Барои ҳамин ба ҳамаи омӯзгорони азиз мегӯем, ки дар навбати аввал вазифа ва рисолати аслии мо муаллимон барои миллат оянда ва заминаи зиндаву комил тайёр кардан аст. Заминае, ки муаррифгар  ва арзандаи миллати хеш шаванд. Баъдан ба ҳамин масъулият мо вазифаамонро дар назди миллату давлат ба ҷо овардагӣ, хоҳем шуд.

       Барои ин, пеш аз ҳама, мо бояд бо тамоми донишҳои замонавӣ мусаллаҳ бошем, ана ба номи муаллими миллат мушарраф мегардем ва ба ҳама гуна душманони миллату давлат ҷавоби сазовор гардонида метавонем ва воқеан онҳоро решакан месозем, вагарна воӣ бар ҳамагон. 

Мирзоев Маҳмуд, муаллими МТМУ-и №5 –и ноҳияи Фархор .

Миёна: 6 (2 votes)