Ба пешвози Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аёдати аскарбачаҳои сарҳадбон

Тибқи нақшаю чорабиниҳои мақоми иҷроияи ҳокимияти ноҳияи Фархор аз 20 феврал сар карда то рӯзи 23 – юм бо кумак ва сарпарастии роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо дастовезҳои хурданӣ аз қабили нону кулча, самбӯсаю нони чапотӣ ва шириниҳои дастипаз аз бунгоҳҳои сарҳадӣ хабар гирифтанд. Аллакай дар бунгоҳҳо  ҷамоати шаҳрак ва ҷамоатҳои деҳот, литсейи касбию шуъбаи маориф дегҳо монда хӯрок тайёр мекарданд. Раиси ноҳия муҳтарам Вализода С бо ҷонишинонаш ва дигар роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия расо соати 10 00 вориди ҳавлии дидбонгоҳи сарҳадии №4 гардиданд. Раис аз тариқи баландгӯяк аскарону афсарони саф зада истодаро ба пешвози ҷашни 25 солагии Артиши Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуданд. Сонӣ, ба хотири болидагии аксарону афсарони сарҳадбон консерти хеле хотирмон баргузор гардид. Ҳама аз ин иқдоми раиси ноҳия  шоду хуррам буданд. Мерақсиданд, сурӯд мехонданд. Сонӣ, ҳамаи аксарону афсарони сарҳадбонро барои хӯроки нисфирӯзӣ ба гирди мизҳо даъват намуданд.

uvs180224-014.jpguvs180224-009.jpg
 

 

 

 

 

А. Маҷидзода.

Миёна: 6 (1 vote)