ДИИШ - ДАВЛАТИ ИБЛИС

Шайтони бузург-Абубакри бағдодӣ ва аҳриманзода-гумоштагонаш ончунон Исломи нобу поки Муҳаммадиро бадном намуданд, ки душманони дину диёнат тули садсолаҳо муваффақ нашуда буданд. Тибқи назарсанҷие, ки дар кишварҳои ғайримусалмонӣ гузаронида шуд акнун бештар аз 60 фисади аҳолии ин давлатҳо Исломро дини терору хушунат меҳисобанд.Теъдоди қурбониёни ин ҷиҳоду муноқишаҳои мусаллаҳона дар минтақаи Шарқи наздик ва Африқои шимолӣ дар 5-соли охир ба 100 000 нафар дакка мехӯрад. Мутаасифона гумроҳ-тоҷикони чалласаводу бесавод низ дар ин шумора ҷой доранд.

Кўрдилон то ҷое бефаҳманд, ки дар муқаддасгоҳҳои мусалмонон-Ироқу Шом, ки қадамҷойҳои асосгузорону бунёдгузорони исломанду ҳазору чаҳорсад сол аст дар ин минтақа садои азон хомўш нашудааст, ҷиҳод эълон намудаву бо нидои«Аллоҳ Акбар! хуни ноҳақи ҳазорон мусалмонро рехтаву онҳоро бехонумон намудаву дар ба дару муҳоҷири даргаҳи Яҳуду Насоро месозанд.Худованд ба рўшанӣ, дар Қуръони Шариф мефармояд, ки инсонеро бегуноҳ куштан тамоми башарро куштан аст. Ҳатто Худованди муттаъол ба паямбаронаш даъвати қатлу кушторро нафармудааст ба ҷуз замоне, ки ба ҷону молу пайвандон, ибодатгоҳу зиёратгоҳу амокини муқаддасашон кофар ё душман таҷовуз ва ё хатар эҷод накунад. Гузашта аз ин Оллоҳ ба расулонаш мефармояд, ки вазифаи шумо танҳо одамонро ба роҳи ҳақ даъват кардан асту бас.Роҳбарону идеологҳои даҷҷолбашараи Давлати исломӣ, ки то кунун ягон нафарашон худро қурбон накардаанду намекунанд, оятҳоро таҳриф карда, фатвоҳои бепоя бароварда, ҷавонони гумроҳу чалласаводро бороҳҳои гуногун, аз ҷумла гипнозу сеҳру манқурткунонию доруҳои эҳсосбарангез (ҳайвонӣ) ва эҳсоскўш (тарс) амсоли каптагон (амфетамин) ба доми фиреб мекашанд.Шумо дар расмҳо ин маводи нашъаоварро мебинед, ки барои истеҳсолу хариду интиқолашон миллионҳо доллар масраф шудааст. Дар кадом сураву ояту ҳадис бобати истеъмоли маводи муходира сухан меравад? Танҳо як хулоса -Давлати Иблисӣ ва ва амалҳои иблисона.

Дил мехоҳад садо даркашад: -Эй мусалмонон! Агар Худо яктост, Муҳаммад(с)яктост, Қуръон яктост, Каъба яктост, пас чиро бояд тақсим карду чаро низоъу хушунат кард???!!!

 

Абдуқодири Абдуқаҳҳор

Миёна: 4 (2 votes)