Ба пешвози ҷашни Наврӯз

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз аз тарафи  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз аввали моҳи феврали соли равон   бо дастгирии роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва ба ҷалби соҳибкорон,   корҳои созандагию бунёдкорӣ дар боғи фарҳангию – фароғатии ноҳия  бо суръат идома дорад.

         Дар рӯзҳои истироҳатӣ аз тарафи  кормандони ташкилоту муассисаҳо тариқи ҳашар ҳама дастҷамъона барои  боз ҳам зебо гардонидани  кӯчаю хиёбон, гирду атрофи боғро тоза намуда, қитъаҳои замини боғро майсазор ва гулзор намуда истодааанд. Ҳоло дар боғ кор дар ҷӯшу хурӯш аст. Тибқи нақша дар маркази боғи фарҳангӣ   сохтмони фавораи замонавӣ, аз чор тарафи боғ нишастгоҳо  барои истироҳат намудани шаҳрвандон, кашидани хати об, насбу васли обпошакҳо,  сохтмони тахтасангҳои роҳравҳо,  шинонидани дарахтони ороишӣ, насби атраксионҳо барои кӯдакон, панҷарабандӣ атрофии боғ, насби дарвоза дар даромадгоҳи боғ босуръат идома дорад.

Ҳеҷ овозе нест