21 нафар ҷанговарони интернатсионалисти ноҳия медал гирифтанд

Субҳи 16 – уми феврал барои тантанавор супоридани медал ба 21 нафар ҷанговарони ҳамяроқи Фархорӣ, ки дар солҳои 1992 – 1993 – юм дар артиши федератсияи Россия хизмат мекарданд, намояндаи Ташкилоти руссии «Боевой братство» (Бародарони ҳамяроқ) дар назди Вазорати ҳарбии Россия фарзанди халқи тоҷик – собиқ ҷанговари интернатсионалист Ҷабборов Саидаҳмад ва роҳбари Ташкилоти ҷамъияти «Сипарони Ватан» дар Тоҷикистон генерал Мирзоев Шеравлиё барои ҷоизасупорӣ ба Фархор омаданд. Ҳамчунин сардори ҷанговарони интернатсионалӣ дар  минтақаи Кӯлоб Ҷабборов Саид низ ҳамроҳӣ доштанд. Ҷамъомад дар толори Китобхонаи марказӣ  баргузор шуд. Бобохонзода Р – ҷонишини раиси ноҳия ҷамъомадро кушода суханро ба генерал Мирзоев Ш доданд.  Сонӣ Давлатов Саидаҳмад медалҳои таъсисдодаи Вазорати диифоъи кишвари Россияро, ки ба муносибати 20 солагии ҳамин ташкилот таъсис дода шуда буд, ба  раиси ноҳия ва21 нафар бародарони ҳамяроқ тантанавор супориданд. Ҳамзамон генерал Мирзоев Ш ба ҳамяроқон шаҳодатномаи узвияти Ташкилоти ҷамъиятии Сипарони Ватанро тақдим карданд.

  Дар охир намояндаи ҳукумати ноҳия Қурбонов Б меҳмононро бори дигар хайрамақдам гуфта, миннатдории ҳукумати ноҳияро нисбати намояндаҳо иброз дошта, чорабиниро пӯшида эълон карданд.

Миёна: 3.7 (3 votes)