ТЭТ ҲНИ – ҲИЗБИ ИФРОТӢ

Ҳанӯз дар солҳои 80-уми асри гузашта фишангҳои давлатдории шӯравӣ суст шудан мегиранд. Хиёнат ва фуруши давлатдорӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳукумати сотсиалистӣ бараъло мушоҳида мешуд. Алалхусус дар сиёсат ва артиш ҳам. Бесоҳибӣ дар ҷумҳурии Осиёи марказӣ зиёдтар буд. Ана аз ҳамин давра сар шуда буд хондани ғайрирасмӣ дар кишварҳои араб, Эрону Покистон. Эмисарҳои исломситез дар Тоҷикистон ҷой гирифта тавонистанд. Онҳо аз байни ҷавонони тоҷик, ки на саводи қазоии динӣ доштанду на саводи сиёсӣ, ҷонибдории худро пайдо карданд. Ҳамин тариқ аввал дар ноҳияҳои куҳистон ва оҳиста-оҳиста дар тамоми шаҳру деҳоти кишвар дар ислом ва мусулмонони миллати тоҷик ҳизби бардуруғи бофтаю сохтаи хешро таъсис доданд. Аз соли 1990-1991 махсусан баъд аз соҳибистиқлоли сар карда, тарафдорони ин ҳизби тафриқаандоз ҷонибдорони зиёдеро ба ҳар роҳ атрофи идеяҳои бо ном давлати исломӣ мууттаҳид мекарданд. Барои ин кор ҳеҷ хел маблағро дареғ намедоштанд, фиребхурдаҳо кам набуданд.

            Худ қазоват кунед, ки оё Парвардигори кавну макон ба ҳимояи ҳизбе, алалхусус ҲНИ ниёз дорад?! Албатта надошту надорад. Ва агар ниёз медошт, худро барои бандагонаш ошкор намекард. Дар каломи худаш ояи 3-и сураи Моида чунин башорат додааст: “имрӯз динатонро комил кардам ва неъмати худро ба Шумо тамом кардам!”. Ва бо ҳамин ба “Қуръон” нуқтаи таммат гузошт. Нагуфт, ки акнун барои ман ҳизб ташкил кунед, мазҳабе чун салафия эҷод карда ба он бигаравед ва ё ягон равия сохта дар дини сохтаи ман илова андозед. Нагуфт. Пас чӣ зарурат буд ва чӣ сабаҳо пайдо шуданд, ки бештар ҷавонони аз худу аз давлати худ аз фарҳанги худшиносӣ дур монда ба ҲНГИТ ҳамҷур шуданд? Барои ба ин ҳадафҳои ифротӣ расидан исломситезони тоҷик аз ҳеҷ кори сиёҳ ру намегардониданд. Пешрафти илмҳои муосир, низоми давлати соҳибистиқлол ва зиндагии осудаи Худованд фармударо эътироф намекарданд. Бубинед, ки Иқбол чӣ мегуяд:

Ислом на як савму салот аст,

Илм асту низом асту ҳаёт аст.

ҲНИ бояд ба сари қудрат меомад. Барои ҳамин Тоҷикистонро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд. Навиштаҳо, наворҳо, шоҳидони ҳол гувоҳанд, ки ҲНИ чӣ ҷиноятҳои нобахшиданиро содир накардаанд. Бешармонатарин ва бежиёнаттарин амал наҳзатиҳои исломии тоҷик бо роҳбарии Кабирии бешарафу нафратзадаи миллат он буд, ки аз хориҷи кишвар тавассути шабакаҳои зархарид ва хоҷаҳояшон ба сӯи Тоҷикистони навбунёди тоҷик санги маломат мезаданд. Ин фоҳишаи сиёсӣ аз миллати худ баргашт. Мардуми Эрон анқариб 10 миллион гуреза шуда, дар Лос-Анҷелеси Амрико муқимӣ шуда зиндагӣ мекунанд, боре ҳам аз тариқи радио ва ё шабакаҳои телевизионӣ ба ҷониби Эрон санги маломат назадаанд, чунки онҳо таърихи ниёгонашро хуб медонанд ва ба миллаташон самимона арҷ мегузоранд. Соли 2016 генерал Ҳалимзодаро барои террори навбатӣ тайёр карданд. Худоро шукр, ки ин маротиба тирашон хок хурду ин зархарид, ки қотили чанд ҷавонмарди тоҷик шуда буд, сагвор ба қатл мерасад. Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мекунад: “фирефтаи динситезон нашавед, зиракии сиёсиро аз даст надиҳед, ба миллату давлати соҳибистиқлоламон арҷ гузоред”.

Ҳаммилати азизи ман, пойдории давлатамон ба ваҳдати ману ту вобаста аст. Бубинед, ки Лоиқи зиндаёд чи мефармояд:

“Гар ману тумо набошем, аз тую аз ман чӣ суд?!”

Пас биёед ману ту мо шавему миллатамонро ба қуллаҳои мурод расонем.

                                                                                                                                 МАҶИДЗОДА А.

Ҳеҷ овозе нест