Фиррорӣ ё Гумроҳ

Эй ки фиррор кардаю аз кишвари  худ меравӣ,

В-аз  фусунҳои  рақибон  несту нобуд мешавӣ.

Болу  пар  бикшода  бо фармони  онҳо мепарӣ,

Карда террор, қалби чандин бегуноҳон медарӣ.

Аз  ҷафокорӣ   хароб   гардида   торҳои    асаб,

Гашта гумроҳ рӯйи худро тофта  аз аслу насаб.

Дар бағал  пинҳон  сохта  санги  бухлу  кинро,

Бишканӣ   аз   баҳри   маблағ   шишаи   оинро.

Аз   ғаниматҳои     бепоён    натарсидӣ    чаро?

Ё   барои   қонеи    нафс   манбае   дидӣ   варо?

Ёд  наовардӣ зи  панди  халқ, к-охир гуфтааст:

«К-андаруни  бешаи  холӣ паланге  хуфтааст».

Ҳар кӣ созад гар хиёнат дар ҳаққи Модар-Ватан,

Бо    дӯои   қалби   сӯзон   халқ   гӯяд   одатан:

«Кӯр   созад   носипосӣ   мардумони    дидаат,

Бишканад шохи ҷавонит в-аз «ҷав»-и коридаат».

(Фариштаи  Фархорӣ)

Миёна: 6 (1 vote)