Руҳи Ҷомию Навоӣ шод шуд

Хоҳам акнун бар Бухоро меравам,

 Бар Самарқанди дилоро меравам.

 Президенти Ҷумҳурии  Ӯзбекистон Шавқат Мирзиёев рӯзи 9 марти соли 2018 бо ҳайати кории ҳукумати Узбекистон, бо аҳли фарҳанги кишвараш ба меҳмонии халқи кишвари Тоҷикистон ташриф оварданд. Пешвозгирӣ дар сатҳи олӣ буд. Шахсан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакатҶаноби Олӣ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фурудгоҳ, ба истиқболи дӯст ва ҳамсояи нек Президенти кишвари Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев баромада буданд.

Ин ду сарвари хирадманду ояндабин аҷаб кори хайреро ба ҷо оварданд. Шодию хурсандии мардуми тоҷику ӯзбек ҳадду канор надошт. Ҳамон лаҳзаҳое, ки аз ҷӯшу муҳаббати бародарӣ ин ду абармард -  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ҳамдигарро оғӯш мекарданд, аз шодӣ дидагони мардум сиришкбор мешуданд. Мулоқот ва вохӯриҳо дар ҳамаҷо дар сатҳи олӣ ва хеле ибратбахш буданд. Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар пеши чашми аҳли башарият худро бародарони ҷонӣ ва абадӣ хонданд. Муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар баромадашон иброз дошта гуфтанд, ки аз ин минбаъд дарвозаҳои давлатиамон доимо барои якдигар кушода  хоҳанд монд. Ман дидам, ки аз ин кори ману Пешвои тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шодии ин ду миллат ҳадду канор надорад. Росташ, идома дода гуфтанд Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, ман тарзи меҳмонқабулкуниро аз бародари ҷониам муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯхтам.

 Дар тӯли ду рӯзи корӣ ҳама ҳадафҳои дӯстонаи ин ду кишвари бо ҳам қарин бо шодию хурсандӣ ба имзо расонида шуданд. Ташаккур ба дили бузург, ба ҷасорат ва сиёсатмадории ин ду абармарди ақлу хирад, ки дари дӯстиро ба рӯи ҳамдигар боз гардониданд. Бемуҳобо руҳи Ҷомию Навоӣ шод шуд.

Миёна: 6 (1 vote)