Мо як Ватан дорем, номаш Тоҷикистон

    Ин садои дили ман аст барои ту ҳамватани азиз! Мутаваҷҷеҳ бош ба ин садои пур аз таваллои ман, ки дар он меҳру муҳаббати ҳамватанӣаз дили соф фаввора зада мебарояду бо садои  наҳиф таваллоомез муроҷиат мекунад: Ману ту тоҷикему аз модари тоҷик ба дунё омадаем ва Ватани ману ту Тоҷикистон ном дорад ва ману ту соҳибватанем, аз ин лиҳоз муаззаф ҳастем, ки ману  ту мо бошем, вагарна аз тую аз ман чӣсуд. Аз ҷониби дигар вой бар ҳоламон чун ману ту мо набошем.

    Шояд хонандаи гиромӣдарк карда бошад, ки чанд ҳарфи аввал, ки дил садо баровард, ҳадафи банда чӣбуд? Мегӯям, ҳадаф Ватан –Тоҷикистони  ҷонон асту халос. Дигар чизе нест ва буда ҳам наметавонад. Ҳанӯз устод Шакурии Бухороӣ(рӯҳаш шод бошад) дар китоби «Хуросон аст ин ҷо» навишта буданд: «Имрӯзҳо бемаънавиятӣҷомеаи моро аз дарун хурда истодааст….» Ҳарчанд ки шаклҳои бемаънавиятӣбисёранд, аммо усули аз ҳама хавфноки он бегонапарастӣ, динситезӣ, худношиносӣ, террористию экстремистӣ, ба ҳизбу равияҳои ғайриинсонӣгаравидан мебошад. Ҳазар , аз инҳо, ки гуфтам. Инҳо, ки номбар кардам, усулҳое ҳастанд, ки инсонҳоро, ману туро аз ҳам, аз ватану дину мазҳаби асл бегона мегардонанд.

 Имрӯз ҷаҳони муосир девонавор бо суръати кайҳонӣрӯ ба пештозӣовардааст.  Дар аксари кишварҳои олам мардум кӯр – кӯрона рӯ ба ҷаҳонишавӣоварда, иддае аз ҷавононамон дидаю дониста ё бо усули фиребхурӣрӯ ба кишварҳои исломии ҷангзада овардаанд. Иддаи дигар аз тарбияи падару модар дур монда, ғайриқонунӣдар давлатҳои мусулмонӣаз қабили Урдуну Эрон, Ироқу Шом, Мисру Сурия ва Яману Афғонистон таҳсили ғайриқонунӣмекунанд, ки гӯё падару модаронашон бехабаранд. Ҳол он ки дар Тоҷикистон сад дар сад имконият дорем, ки маълумоти олии диннӣгирем. Ҳол он ки аз рӯи сиёсати давлатдорӣдар кишварҳои бегона бесоҳиб ва ғайриқонунӣхондан ҷиноят маҳсуб меёбад. Чунин таҳсили ғайриқонунӣна танҳо ба ҳаёти ояндаи чунин ҷавонҳо, балки ба ҳаёти худи падару модарон монеаҳо эҷод мекунад, ки фарзандон намедонанд. Аҷибтар аз ҳама он аст, ки дар суҳбатҳои расмӣбо падару модарони чунин ҷавонон посух яктост: Писарам маро гӯш намекунад, як соли дигараш мондаааст, дигаре иброз дошта мегӯяд, ки писарам дипломашро гирифт, меояд.

    Ҳамаи онҳое, ки дар хориҷи кишвар ғайриқонунӣтаҳсил мекунанд, ягон нафарашон дар донишгоҳҳои олии динӣнамехонанд. Балки онҳо дар литсейҳои динӣнавомӯзанд. Соли равон ҳамроҳи кормандони бахш оид ба корҳои дин барои суҳбат бо падару модарони чунин ҷавонон ба Ҷамоати деҳоти «Дарқад» ва Ҷ/д «Гулшан» рафта будем. Дар рафти суҳбатҳо пурсидам, ки фарзандонашон ягон ҳуҷҷати тасдиқкунанда доранд ё не? Чанд нафар падару модарон гувоҳнома пешниҳод карданд. Маълум шуд, ки фарзандонашон дар мактабҳои  ибтидоии диннӣ мехондаанду халос. Онҳо намедонанд, ки бачаҳояшонро дар он ҷо ба таври хости худашон тарбия медиҳанд. Яъне, буд бачаи мо, акнун шуд бачаи онҳо. Аз ин лиҳоз бисёр хуб мешавад, ки дар тарбияи фарзандон бояд ҷиддӣбошем. Масъулияти падару модариро фаромӯш накунем. Аз ибтидо ба интихоби касбу ҳунари онҳо эътибор диҳем, вагарна аз ин коҳилӣва бепарвогӣ, ки дорем, фардо дер хоҳад шуд ва ангушти надомат газидан фоидае надорад. Ба андешаи банда як сабаби асосии бегонапарастӣва ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣгаравидан, террористу ифротгаро шудан, душмани миллату давлат гардидани ҷавонону наврасонамон бепарвоии падару модарон ва сустии таълиму тарбия дар мактабҳо мебошад. Устод Айнӣмефармояд, ки «калиди ин ҳама бурдбориҳо  мактаб ва боз мактаб мебошад». Дар гумон аст, ки чунин фарзандон миллатдӯсту ватандӯст ба воя расанд. Онҳо бегонаи ин миллату давлат хоҳанд шуд ва чунин ҷавонону наврасонро дар давоми ҳаёташон ба дилхоҳ самт гаравонидан осон мешавад. Набошад ҳамон ҷавонону наврасоне, ки салафӣбуданд, узви ТЭТ ҲНИТ буданд, падару модар доштанд ва ёздаҳ сол дар мактаби миёнаву 5-6 соли дигар дар мактабҳои олӣгӯё таълиму тарбия гирифта буданд. Гап сари он ки онҳо чаро миллату ватанро аз назари эътибор дур карданд?!

А.Маҷидзода

Миёна: 6 (1 vote)