Иқдоми неку намунаи ибрат

    Соҳибкорони ватандӯсти деҳаи «Сомониён» - и Ҷамоати деҳоти «Зафар» Ҳусейнов Ибодулло ва Асроров Сайҷаъфар иқдом гирифтанд роҳи кӯчаи деҳаашонро, ки вайрону валангор гашта буд. аз ҳисоби маблағҳои худ таъмир намоянд. Барои ин кор онҳо бо маблағи 36000 сомонӣ сангреза харидорӣ намуда, бо ҳашари аҳолӣ зиёда аз 1000 м роҳро тахту ҳамвор намуданд, ки амали ҷавонмардона ва кори неку савоб аст.

 Дар ҳақиқатан баъди сангфарш гаштани кӯча роҳ рафтани пиёдагардон ва гузаштани техникаҳо хеле осон гаштааст.

 Ҷавонмардони дигари деҳа Неъматов Сайвалӣ, Тоҷиддинов Муродалӣ, Шарофов Абдухолиқ аз ин иқдоми соҳибкорони бонангу номус илҳом гирифта, барои шабона бехатар гузаштан аз кӯча дар 50 симчӯб чароғҳо васл намуданд. Бошандагон ва роҳгузарон дар ҳаққи ин шахсони накукор дуои хайр карда, таҳсину офаринашон мехонанд.

  Сокинони деҳа бошанд, дар ин амали хайр худро   канор нагирифта ҳар яке назди хонаҳои истиқоматии худ дар шафати роҳ  обпартоҳои бетонӣ сохтанд, то дар фаслҳои сербориш гаштугузор дар роҳ таъмин бошад.

 Чуноне, ки мегӯянд:

 Ба ҳар коре, ки ҳиммат  баста  гардад,

 Агар хоре бувад гулдаста гардад.

 IMG_20180312_132311.jpgУмед аст, ки дигар соҳибкорони бонангу номус аз ташаббуси созандаи ин ҷавонмардон ибрат гирифта, дар ободу зебо гардонидани як гӯшаи Ватани азизамон саҳми арзандаи худро мегузоранд.

 Ногуфта намонад, ки дар ташкили чунин корҳои созандагӣ саҳми раиси ҷамоат Сайдалиев Абдухолиқ назаррас аст.

Миёна: 6 (1 vote)