Ба террору ифрот ва дину мазҳабҳои ғайриқонунӣ нафрати шогирдонро бедор кунем

Тарбия аввалан дар хона ибтидо мегирад  ва баъдан дар мактаби миёна ва олӣ рушд ёфта, дар ниҳоди наврасу ҷавон  хӯ  мегирад. Як ба гузаштаи начандон қафотари давлати соҳибистиқлоламон назар кунем, мебинем, ки дар ҳама ҷойҳои ба шӯр омодаи миллат аслан наврасону љавонон ба гумроҳӣ ҷалб шуда бурданд. Аксари салафишудаҳою  назҳатишудаҳоямон  ҷавонон буданд. Ҳамон ҷавононе, ки на дар хона ва на дар мактаб таълим ва тарбияи дуруст нагирифта буданд. Дар мафкураи чунин ҷавонон ватану миллат мазмуни ҳамон ҳизбу мазҳаби дурӯғинро дашт ва парастиши чунин ҳизбу мазҳаби террористӣ ва ифротӣ аз ватану миллаташ боло буд. Ҳамин буд, ки ба ҷангҳои шаҳрвандӣ ҷалб кардани ҷавонони  ноогоҳ осон шуд. Натиҷаашро дидем, ки дар ин роҳ ҳазорҳо ҷавононамон қурбон шуданд, садҳои чунин ҷавонони дигар дар кишварҳои  Сурия, Афғонистон аз рӯи мазҳабгароии бегона дар кишварҳои ҷангзада қурбон шудаанд.

         Шукрона аз он бояд кард, ки давлати соҳибистиқлол дорем. Аз ҳама муҳимаш озод ва дар фазои сулҳу суботи миллӣ осуда зиндагӣ мекунем. Ақлу хирад ва сиёсату мафкураи ояндасозиамон таҳти сарварии марди оқилу хирадманд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боло гирифту аз оқибатҳои динситезињои ҲНИТ ва равияи салафӣ, ки аслан ҷавононро фаро гирифта буданд, ҳукми додгоҳи олии кишвар фаъолияташонро дар Тоҷикистон қатъ кард. Ҳатто дар яке аз ҷаласаҳои Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ТЭТ ҲНИТ  ба садҳо далелҳои раднашавандаи террористӣ ва экстремистӣ ба таври расмӣ ба фењристи ташкилотҳои экстремистию террористӣ фаъолияташон дар қаламрави кишварҳои ин созмон манъшуда ворид намудааст, ки ҳамин фењрист ба таври расмӣ барои ҳамаи кишварҳои узв эътироф ва риояти он барои тамоми давлаҳои  СҲШ – ҳатмист. Садҳо бор шукр, ки имрӯз оташи салафишавию назҳатишавӣ хеле хомӯш шудааст. Ҳатто агар дар кӯчаю бозор ҷавонони почабаланду риши фахакдошта ба ҷавондухтароне, ки дар сар бо рӯймолҳои сиёҳе сару рӯяшон баста пайдо мешуданд, мегуфтанд, ки онҳо салафию назҳатиянд.

         Мегӯянд: «Кӯр асояшро як маротиба гум мекунад». Мо мардуми тоҷик чунин сиёсатбозию динситезиҳои  гумроҳшудаҳоямонро дидем. Аз ин лиҳоз, ба падару модарони шогирдонамон гуфтаниам, ки фарзандонро беназорат намонанд, аз ҳолати мактабхониашон ҳамеша огоҳӣ дошта бошанд. Устодони азиз хуб донанд, ки эҳсоси худшиносии бача дар мактаб аз тарафи муаллим бедор карда мешавад. Аз ин лиҳоз,  мо омӯзгорон масъул ҳастем, ки дар дарсҳоямон эҳсоси худшиносии миллиро бо онҳо тарбия карда тавонем. Ҳарчанд ки насли имрӯзаи мактабхонамон он рӯзҳои пурдаҳшатро надида бошанд ҳам тавассути фиттаҳои  дискӣ нафрати онҳоро ба ҲНИТ чун ба як ҳизби террористию ифротгаро бедор кунем. Таърихро дониста аз он хулоса баровардан беҳтарин роҳ аст ба сӯи худшиносии миллӣ ва ифтихори миллӣ. Насламонро ончунин тарбия ва таълим диҳем, ки онҳо фардо миллат ва халқи худро муаррифӣ карда тавонанд, охир онҳо ояндаи миллату давлатанд.

Ҳар як роҳбари синф дар нақшаи тарбиявиаш дар боби ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва равияи салафимазҳаб, ки ба мазҳаби таҳаммулпазири Имоми Аъзам хилоф аст, чандин мавзуъҳои омӯзишӣ дошта бошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид карда, гуфтаанд: «Агар мо имрӯз насли дорои ахлоқи ҳамида ва худогоҳ ба камол нарасонем, фардо ҷомеа ба мушкилоти сангини иҷтимоиву фарҳангӣ дучор меояд». Барои ҳамин ба ҳамаи омӯзгорони азиз мегӯям, ки дар навбати аввали вазифа ва асолати мо муаллимон барои миллат замина тайёр кардан аст. Баъдан бо ҳамин масъулият мо вазифаамонро дар назди миллату давлат баҷо оварданӣ хоҳем шуд .

         Заминае, ки муаррифгари миллати хеш шаванд. Барои ин пеш аз ҳама мо бо тамоми донишҳои замонавӣ мусаллаҳ бошам, сонӣ ба номи муаллимони миллат мушарраф мегардем. Вагарна вай бар ҳоламон.

Мирзоев Маҳмуд, омӯзгори муассисаи №5, «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Собиқадори маориф»

Ҳеҷ овозе нест