ҲНИТ ё «Мамнӯъиён?»

Аз нолозим ва ба нафъи хизмати ҷомеа набудани ҲНИТ инак бештар аз 2 солу 3 моҳ сипарӣ шудааст. Ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳуриии Тоҷикистон  аз  29-уми  сентябри соли  2015 ин ҳизбро  террористӣ – экстремистӣ эълон кард. Барои нолозим будани ин ҳизб аксар  шаҳрвандони ҷумҳурӣ, инчунин худи дар ин ҳизббудагон аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни мамлакат мақолаҳои коллективона навишта, ибрози  баромадану аз ҳизб набудани худро карданд. Гуноҳҳои содиркардаи ҳизбиёнашон асос барои бекоршавии он шуду далелҳои  мӯътамад  исботкунандаи ҷурмашон. Ба назари  имрӯзаи аксари  мардум дуруст  ҳам карданд.

Аксари мардуми дар рӯзгори худ дидаи ҳолатҳо ба он боваранд, ки чӣ як ҳизбу чӣ як мақсадҳои нопок доштанашон боис  ба нобудашон гардид. Шаҳрвандон медиданд, ки дар ин ё он  давраи  фаъолияташон аз ҷониби онҳо амалҳои  иғвоангез, нооромкунандаи вазъият ва саддшавӣ ба пешрафти мамлакат зоҳир мешуд. Бисёре аз мардум то инак ҳодисаҳои нангини ба сари Тоҷикистон омадаро аз онҳо ибтидо меҳисобанд. Қаҳт, нодорӣ, беқонунӣ рафтани ихтисосмандони ғайри тоҷик аз ҷумҳурӣ ва ба ҳам муқобил овардану  гузоштани  нобоварӣ  дар байни як қавми бутуни тоҷик аз идеологияи нодуруст бурдани ҲНИТ сарзада мушоҳида мешуд.

Механизми ҳаракатдиҳандаи ин ҳизб дар дасти хориҷиёни манфиатҷӯ бошад ҳам, баъзе аз гумроҳон мурватҳои  машинаи он буданд.

Аз ибтидо ба назар гунае мерасид, ки сарону пайравони ҲНИТ ҳама корҳои ба ҷо меовардаашонро, ки ҷуз тафриқаандозӣ ва  муташшаниҷгардонии вазъи сиёсию иқтисодии кишвар буд, чизи дигареро ба анҷом расонида наметавонистанд. Бо сенарияи тартибдодашудаи пешакӣ маслиҳатшуда амал мекарданд, аз ҳисоби хаҷагони дар хориҷа доштаашон тавсияҳо мегирифтанд.

Имрӯзҳо онҳо аз кирдорҳояшон мункир мешаванд. Ҳатто ба гуфтаҳои аъзоёни дар гузашта ба онҳо якҷоя будаву ба кӣ ва чӣ як ҳизб буданашон худашон  мардвор иқрор шудаанд, бовар намекунанд. Ба  боқимондаҳои ҲНИТ тавсия медиҳем, ки ба посухҳои рости мақолаи Мулло Абдураҳими Кӯлобӣ дақиқан назар андӯхта, ба дарки мақсадҳои ҳизбиёнашон сарфаҳм раванд.

- Ин ҳизб аз ибтидо чӣ мехост?- мепурсед шумо.

Ин ҳизб мехост, ки идоракунии давлати  навтаъсиси Тоҷикистони  пасошӯравиро дар ихтиёр дошта бошад. Давлатро исломӣ дида бошад.

Ба ном муллову нимчамуллоҳои ҳамагӣ 4-5 сол берун дар хориҷи кишвар хонда ё худхонда бе ризоияту салоҳдиди талаботҳои давлати конститутсионӣ дар амал кардан буданд, то дар минбари мансаб рӯи талаботҳои шариат (дардо, амалкардаҳояшон шариатӣ набуд) ҷойгоҳ мустаҳкам карда,  дар майдони сарзамин ҳукмфармоӣ дошта бошад.

Чӣ як амалҳои ноҷавонмардонаро кардани ҳизбиён барои расидан ба курсии мансаб падидаест, ки аз даврони ҷанги шаҳрвандӣ шурӯъ гирифтааст, аз ёди дидагиҳо асло зудуда  нашудаасту намешавад. Онҳо дар он замон ба кофир эълон кардани равшанфикрон, яъне мухолифонашон даст доштанду пуштаҳо аз куштаҳо барпо кардаанд. Ҳамчунин тайёр буданд, ки мардуми зистдоштаи дар вилоятҳои Қурғонтеппа ва Кӯлобро (алъон Хатлонро) қасдан ба фақру қаҳтӣ ва гирифторшавӣ ба касалӣ кашида, саросар нобуд кунанд.

Дар он замон ягон пешвоеро ёд надорем, ки аз ҳисоби ҲНИТ бошаду манфиати мардумро ҳимоя мекарда ё ҷоеро обод мекардаву  кӯмаки молиявию озуқавие ба ин мавзеъҳо мефиристода.

Дуруст аст, ки аз ҳисоби маблағи аз ҳисоби аҳолӣ ҷамъшуда масҷидсозиро ба авҷи аъло расонидаанд. Мардум медонад, ки  аксаран пули аз мурдум ҷамъшуда сарфи  хариду яроқнок шудани ҳизбиёнашон мешуд. Ҳатто бегуноҳ кушташудагон аз тарафи онҳо ба волидони майит боиси сарват ҷамъ кардан мешуд. Рӯи фишорориву  тарсонидани мардум, гурезонидани шаҳрвандон, ғасби молу мулки бесоҳибмонда ва ба манзили каси дигар дастдарозӣ кардану аз худ кардани онҳо одаташон буд. Яъне, моли мӯъминро аз худ карда хуни мӯъмин  мерехтанд.

Ба инчунинҳо баровардани қонун дар бораи эълони  оташбас, ҳалли силоҳ, эълони авфи умум, созишномаи оштии миллӣ ва ғайраву ғайраи баэътидолорандаи вазъият, ки давлат барояшон пешниҳод мекард, боз ҳам бетаъсир мондан  мегирифт. Мардум аз рӯи дар давраи  осоиштагӣ будану ноосоишта будани онҳо ба хулосае омаданд, ки ҲНИТ дӯстдори осоиштагии мамлакат нест. Зеро онҳо тавре дар хориҷа хонондаву барномасозӣ шуда буданд, ки маъқулашон «Гӯр (Ватан) сӯзаду дег (манфиаташон) ҷӯшад» аст.

Аксари шаҳрвандони ватандӯсту ноогоҳӣ аз мақсадҳои ҲНИТ, ки ба ҲНИТ дар ин байн аъзо шуда буданд, дубора  тарки  он гуфта, рӯ ба мардуму мароми халқ оварданд, ҲНИТ–ро талоқ карданд. Лекин ин  зани рӯйи бадахлоқӣ талоқдодашуда (ҲНИТ дар назар аст) ҳанӯз ҳам талаби ҳаққи худро аз шавҳар (давлат) карда истодаасту худро ба покдоману фаришта будан дар исбот сохтан асту дар баробари қозӣ (ҷомеаи ҷаҳонӣ)  дар шиква кардан.

ҲНИТ ҳизбест, ки имрӯзҳо тоҷикистониён бастани номи Тоҷикистонро дар ӯ нолозиму барзиёдатӣ ва  гӯшхарош меҳисобанд. Зеро бо ҳаромкоронаш ин ҳизб дар айни фаъолияташон ҳаромиро дар диёр намо ва рушд доданд. Тоҷикистониён  наворҳои  видеоии  бозгӯи хӯи  муллоҳои назҳатиро зиёд дидаанд. Онҳо ба лаб амри маъруфу аврот ва сураю оётҳои раббониро оварда, паси паноҳи деворҳо  фосиқҳашаротию  фосиқҳайвонотӣ зоҳир кардаанд, ки ҳеҷ гоҳ мардум фаромӯш намекунанд. Мардум медонад, ки ғару дузд шартакигӯянд ва  аъзоёни ҲНИТ низ аз ҳамчунинҳо буданду ҳастанд.

Аз аъзоёну пайравони онҳо ва ноаъзову гаравидаи таълимоти  онҳо суде ба Тоҷикистон нест. Онҳои ягон–ягон мондаи дар ватану дур бударо мо ҳеҷ гоҳ сароянда ба муроди дили Ватан надидаем. Корашон фақат эъродгирӣ  ба маҳсули заҳматҳои  кашидаи дигарони дар асл ободгари Ватан, яъне  фаровонсозони ризқу рӯзии мардум будааст. Ҳаваси ҳарзасароӣ ба гӯши дар амну сулҳ зистдоштадорони Тоҷикистон доштанду хондани афсонаи кӯҳнаи мардуми таълимгирифта дар хориҷа буданду хориҷипараст. Ҳисси миллӣ, ҳуввияти миллӣ ва расму оини аҷдодиро ба бурунпарастӣ бурдан мехоҳанд. Таблиғотчии идеологияи  исломчиёни тундгарову моҷаро буданду таҳқиркунандаи мазҳаби  мусолиҳатодати  Имоми Аъзами босафо.

Чӣ як осон аст, ки онҳо ба гӯши насли бехабар аз таърихи дури ин кӯҳнасароро афсона мехонанду даврро дар даври кӯҳна дидан. Бехабаронро ба гӯлӣ бурдан одаташон аст. Ҷавононро ба ин ё он мазҳаб, ҷараён, тафриқа бо гуфтани «фалон амалу фалон гуфтор  ноҷоизу фалон амалу фалон гуфтор савоб аст» гуфтанашон, ки аксаран бофтаи  тахайюли худи ин гумроҳон аст, кори ҳамешагӣ доштанду доранд.

Бо қудрати мушт (як-дуи навбаромад) ба дирафш (халқ) зарба задан мехоҳанд, зидди мавҷи об  шиновариро пеша мегиранд.

Агар чуқуртар ба аъмолашон зеҳн монӣ, дарк мекунӣ, ки онҳо нисбат ба халқи худӣ ва давлати миллӣ доштан низ бетавофутанд. Таъминоти онҳои бегонапараст аз таълимоти даврони дури хилофатдорӣ обхӯр буда, ба ҳама ҷаҳду ранҷи ниёи мардуми тоҷики меҳанпарастӣ аз қабили  Абӯмуслими Хуросонӣ, Саффориён, Тоҳириён, Сомониён, РСС Тоҷикистон ва билохир Ҷумҳуриии Тоҷикистон хати батлонзанист. Онҳо мардумони  соҳибдавлатро чашми дидан надоранд ва намехоҳанд донанд, ки  донандагон аз онҳо  дида  афзунтаранд. Ҳамчунин намедонанд, ки бунёдгузорони давлатдории тоҷикон ва миллатсозони  пешин онҳоро  намефаҳманду намебахшанд. Ҳамакнун  чун қадим ҷамъ овардани халқҳо дар зери як парчам (исломӣ дар назар аст) номумкину ба нафъи миллатҳо нест. Тавсия мекардем, ки  аз ин баъд шумо  номи ин ҳизбатонро ҲНИТ неву «Мамнӯъниён» номгӯзорӣ кунед. Меарзед.

Дар раванди ҷаҳонишавӣ шумо бояд фаҳмед, ки касе аз имрӯзиёни донандаву фаҳмандаро наметавонед бозгашт ба ақиб баред. «Мамнӯъиён» (ҲНИТ) бояд ин гуфтаро чун ҳалқаи бардагӣ ба гӯш овеза дошта бошанд, ки ҳар як навъ  идеологияи ба нафъи мурдум набуда ҳатман рӯзе ба нобудӣ рафта мерасад.

ҲНИТ–иён то замоне бародарони мӯъмини  мову саҳмгир дар кори давлатдории мо» буданд, ки мардумро агар ба «худашону» ба «мо» ҷудову тақсим намекарданд, тафриқа намеангехтанд, хуни инсонҳои  офаридаи Худовандро ба ноҳақ намерехтанд. Мо бо онҳо нестем. Чунки пешбарандагии давлатдориро онҳо бо зӯри балво (толпа) медонанд.

Фикр мекунем, ки онҳо гуфтаи дар сураи Ҳуҷурот (ояти 10-и Қуръони Каримушшаън) омадаро  донанд ҳам, ба он амал  намекунанд. Он ҷо чунин меояд: «Ҷуз ин нест, ки мӯъминон бародори якдигаранд. Пас миёни ду бародари хеш сулҳ кунед ва аз Худо битарсед, то  бар Шумо раҳм карда шавад».

Бо иллати идеологияи ҲНИТ, ки на миллатгаро, балки  исломгарост (бояд ин ҷо манфиатгароӣ мегуфтем) баъзе аз ҷавонони  ноогоҳ имрӯзҳо дар фикри сохтани давлати бузурги исломӣ (ДИИШ) ва будан дар зери як парчамро ҳавас доранд. Мепиндоранд, ки шайх, мавло ё авлодони арабҳои кушандаи авлодҳои тоҷикон дар фикри серу пурӣ ва осоишта кардани зисти моанд. Бехабар аз онанд, ки ношукрӣ аз Ватан  кардану дӯст надоштанаш касофатию фақр пешомад дорад, носипосӣ нисбат ба модар эътироф  мешавад, аз беимонии инсон дарак медиҳад.

Пайғамбари Ислом Муҳаммад (с) оиди ин ҳолат дар як ҳадисаш мефармояд: «Дӯст доштани Ватан аз гӯшаи имондорист».

Аксарияти мардуми дар сулҳу осоиштагӣ ва серию пурӣ  басармебурдаи Тоҷикистон медонанд, ки бо ивази пул ва фиребдиҳӣ ҷалб шудани ҷавонони тоҷик ба сафҳои ДИИШ низ туфайли ҲНИТ  роҳандозӣ мегардад. Гунаҳкорони асосии марги ҷавонони мо, ки ба сангарҳо «ҷиҳод» гуфта рафтаанд, ҲНИТ–иёнанд.

Ҳеҷ як кушанда рӯи ҷаннатро намебинад. Ҳамчунин, таблиғгарони «ҷиҳод», ки куштори дигаронро савоб меҳисобанд, аз шумори  дӯзахиёнанд. Оиди ин Худованд мефармояд:

«Ва ҳар кӣ мӯъминро ба қасд бикушад, пас ҷазои ӯ дӯзах аст, дар он ҷовид бошад ва Худо бар ӯ хашм гирифтааст ва ӯро лаънат кардааст ва азоби бузург барои ӯ омода кардааст».

Касони воқиф аз кор кардан бо  Интернет агар ба он ворид шаванд, аз сермаҳсулии журналистони тарафмандии ҲНИТ (Мамнӯъниён) ангӯшти ҳайрат мегазанд. Инчунин аз серҷоғияшон низ. Бояд шахси  огоҳ ба ҳар навъ гуфтори  подарҳаво  бовар накарда, он гуфторро чун дасисаи навбатӣ қабул кунад. Фаҳмад, ки ҳама он мақоланависонаш (сенсатсиянигорон) он бечоранолжурналистонеанд, ки аз кори  ба нафъи  мардуми Тоҷикистон барканоршудаанд. Ё ҳама онҳои дар сайти Интернет ҷавлонмекардаву тухми сухан мекошта ононеанд, ки хеле аз пеш донаи гандуме бар нафъи замини ризқбахшои Ватанашон накоштаву дар фикри афзункунии қути халқашон набудаанд.

Чӣ расад аз гапашон ба мардум?

А. Бобоҷон «МО»

Ҳеҷ овозе нест