Исломро либоси ҳизбӣ напӯшонед

    Агар дар вуҷуди инсон иллате хатарнок пайдо шавад, ҷарроҳон баъд аз ташхис бо тариқи ҷароҳӣ ва ё бо шуъои лазер онро бартараф мекунанд. Имрӯз авзои ҷомеаи ҷаҳониро терроризм ва экстремизм мисли бемории бод (рак) инсонҳоро ба даҳшат овардааст. Чунки терроризм ва террорист ба ҷузъ марг, куштор, қатли инсонҳо ва таркондани ҷойҳои муқаддас дигар коре надорад. Онҳо душмани инсоният ба ҳисоб мераванд. Мубориза алайҳи онҳо воҷиб аст.

  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон атрофи ин тоифа мардуми сиёҳкор - терроризм ва террорист андешаҳои ҷолиб иброз доштанд. Аз рӯи хабарҳои хабарнигорони кишварҳои дунё маълум мешавад, ки терроризм ҷинояти байналмилалӣ шудааст.  Яъне терроризм ҷиноятест, ки олами инсониятро фаро гирифтааст. Қатлу куштор ва таркондану ҷоеро вайрон кардан барои онҳо амали нек ва кори савоб ба ҳисоб меравад. Бадбахтӣ дар он аст, ки аксари чунин ваҳшиёни одамхур аз байн мусулмонҳо баромадаанд ва ин беимонҳои гурсӯхта  нашармида худро мусулмони мубориз ва воқеӣ медонанд ва акнун бубинед, ки Худованди ято дар “Қуръон” – и беҳамтояш дар бораи онҳое, ки қасди террор мекунанд, онҳоро манъ доштааст: “Ва ӯст он (Худой), ки дар миёни Макка дасти онҳоро аз шумо ва дасти шуморо аз онҳо боздошт, баъд аз он ки шуморо бар онҳо пирӯзманд сохт” (сураи ал – фатҳ, ояти 24) Онҳое, ки имрӯз дар Сурия, Либия Ироқу Шом ва Афғонистон ба амалҳои террористиашон одамони бегуноҳро ба қатл мерасонанд, онҳоро ҳеҷ гоҳ мусулмон номидан мумкин нест.

  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тариқи Паёмашон иброз дошта гуфтанд, ки “Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад. Зуҳуроти терроризм ба суботу амнияти кураи замин хавфу хатари бениҳоят зиёд дорад”.

    Дар Тоҷикистони азизи мо як зумра тоҷикони беномус ва ватанфурӯш бо  сарпарастии хоҷагони  хориҷиашон ҳанӯз аз солҳои охири Иттиҳоди Шӯравӣ ба хотири пулу пайсаи бедарди миён бо номи Ҳизби Наҳзати Исломӣ ҳизбе ташкил карда буданд, ки ибтидои ташкили терроризм ва экстремизм дар Тоҷикистон буд. Дар давраи фаъолияташ ин ҳизби шайтонӣ ба ҷузъ тарғиби террор ва зӯрофарӣ ва оқибат барои расидан ба ин ҳадафҳои ҳаррромашон миллат ва давлатро ба ҷанг кашиданд. Ҳисорот ҳисоб надошт. Чӣ қадар ҷавонони гумроҳ ҷавонимарг шуданд. Пешрафти давлатро аз ибтидои соҳибистиқлолӣ ба тӯли солҳо қафо партофтанд. Ҳарчанд, ки ин ҳизби ҷиноятпешаи Тоҷикистон аз соли 2015 ба ҳукми додхоҳи Олии кишвар манъ дошта шуда бошад ҳам, Кабирии лаънаткардаи миллат дар хориҷӣ кишвар аз тариқи каналҳои зархарид барномаҳо ташкил карда, чӣ аз кишварҳои хориҷ чӣ аз Тоҷикистон тарафдорони худро аз ҳисоби гумроҳон садо мекунад. Аслан, ҳадаф аз ин сатрҳо он аст, ки мардум – ҷавонон аз тиннати кабирию ҳизби бесоҳибмондааш огоҳӣ пайдо кунанд, бидонанд, ки ин Кабирии бенангу беномӯс онҳоро ба куҷо даъват мекунад. Ҳазорҳо маротиба аз тариқи расонаҳои хабарӣ олимон, донишмандони соҳаи дин бо садҳо далелҳои шайъӣ исбот карданд, ки Ислом ҳеҷ гоҳ ҳизб надошту надорад. Наход, ҳамин шайтонҳои дупо бо ҳизби дуруғинашон Худоро ҳимоя мекарда бошанд. Кӯшишҳои ин номусулмонҳо (ҲНИТ- ро дар назар дорам) дар солҳои аввал мубориза бар зидди дунявияти Конститутсияи Тоҷикистон буд. Чизе аз дасташон наомад. Ниҳоят террор ва ҷангро пеш гирифтанд, ки натиҷаашро ҳамаамон дидем.

 Ҳамтатанони азиз, фаъолияти ТЭТ ҲНИТ дар Тоҷикистон бо ҳукми Суди Олӣ мамнуъ эълон шуда бошад ҳам, ҷонибдоронашон тавассути шабакаҳои зархаридашон ва каналҳои интернетӣ ҷонибдоронашонро мекобанд. Имрӯз Кабирию думу думчаҳояш ҳамон мори саркуфтаро мемонанд, ки ҳоло ҳам ҷонаш набаромада бошад ҳам, хоҳиши газидан дорад.  Нашавад ки  дар доми ин сиёҳкорон афтед. Озодӣ, осудагӣ, ватандорӣ беҳтарин неъмат аст. Дар Ватан осуда зиндагӣ кардан, ҳамроҳи падару модар ва хешу ақрабо умр ба сар бурдан, олитарин хушбахтиаст. Ин қадар даҳшат, ки дар кишварҳои араб, дар Афғонистони ҳамсояамон эҷод кардаанд, мардуми ин кишварҳо имрӯз дар кадом ҳолатанд, бояд барои ҳар як фарди тоҷик дарс бошад.

 Мо, тоҷикон бо Афғонистон сарҳади тӯлонӣ дорем. Аз рӯи баъзе хабарҳо бештари террорист – ҷангиёни кишварҳои араб аллакай дар Афғонистони бесоҳиби ҷангзада ҷой гирифта истодаанд.

 Аз ин лиҳоз моро лозим аст, ки зиракӣ ва ҳушёрии миллатамонро аз даст надиҳем. Истиқлолиятро халқҳои дунё ҳазорсолаҳо орзу кардаанд. Хушбахтона зиндагӣ кардан, истиқлолият аст. Дар боби давлатдорӣ корҳои бузурги Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бебаҳо ва хеле зиёданд, лекин бузургтарин коре, ки карданд, ин сулҳ ва ваҳдати миллатро таъмин кардан буд, ки ӯ кард. Фаромӯш накунем, ки бесулҳу ваҳдати миллӣ ва тинҷӣ на дин ва на мазҳаб ва на ибодат риоя намешавад.  Пас ҳамин ибодат – сулҳу ваҳдатамонро бо ҷон бояд ҳифз кунем. Нагузорем, ки касе дар дину мазҳаби мо мисли Кабирӣ ҳизб кунад ё мазҳабе мисли Салафия ворид кунад. Мусулмонии аслӣ аз ибтидо ҷонибдори якоинӣ ва якмазҳабӣ буд. Муҳаммад Иқбол фармудае дорад:

 Қалби мо аз Ҳинду Руму Шом нест,

 Марзу буми мо ба ҷуз ислом нест.

 Аз якойинӣ мусулмон зинда аст,

 Пайкори миллат зи Қурон зинда аст.

А. Маҷидзода.

Ҳеҷ овозе нест