Худро бишинос, дину мазҳабатро мешиносӣ

Имом Ғазолӣ дар ҷилди якуми китоби «Кимиёи саодат» роҳи ба худшиносӣ расиданро бисёр равшану возеҳ нишон дода, навишта буданд: «Хирад чист? Гуфт: Хирад омӯхтани илм аст ва хирадмандӣ кор бастани илм ва илм он аст, ки бидонӣ, ки чӣ бибояд кардан ва хирад он аст, ки чун бидонистӣ, кор бандӣ». Акнун маълум шуд, ки бузургӣ ва сари баланди инсон танҳо тавассути хондан нуму ёфта, туро ба худат, ба миллату таърихи миллатат, ба фарҳанги миллат, ба ватандориат шинос мекунад. Чун хондӣ, илм ҳосил шуд, дар байни қавлу қабоили дигар наҷот хоҳӣ ёфт. Дӯстро аз душман фарқ карда метавонӣ.

    Аллома Абулфазли  Балъами ҳам мегӯянд: «Нахустин сифати инсони хуб он аст, ки зоти хеш бишносад, зеро зоти худ бидонист, чизҳоро дарёфт. Ҳар кас, ки хештанро натавонист шинохт, дигар чизҳоро чӣ гуна тавонад шинохт?». Аз ин лиҳоз лозим аст, ки мо  дар ибтидо худро бояд шиносем, шинохти дину мазҳаб осон мешавад.

   Омӯхтани илму дониш бидуни он ки ақлу фаросати инсонро  равнақ мебахшад ба дили инсон нармӣ, меҳру муҳаббат ва тифоқ будани инсонҳоро ташвиқ мекунад ва мардум дар зиндагонӣ сарфароз хоҳанд шуд, вагарна дар ҷаҳолат хоҳанд монд.

     Дар баробари илмҳои дунявӣ, ки пешрафти  зиндагиро таъмин мекунанд инсонҳо ба улуми динӣ ҳам ниёз доранд. Аммо чӣ мегӯед, ки иддае аз иртиҷопарастони тангназар динро воситаи тафриқаи инсонҳо истифода мебаранд, ки дар натиҷа меҳру муҳаббат аз байни ардум коста шуда, хилоф ва душманӣ ҷойи онро мегирад. Бубинед, ки Пайғамбари Худо (с) дар як ҳадиси муборакашон ҳатто таъкид кардаанд, ки «Ҳар суннате, ки  боиси тафриқа дар байни мусалмонон мешавад, ҳаром аст» Пас мардум донад, ки дини мубини ислом ҳеҷ гоҳ дини тафриқаандоз набуд, мардумро ба куштору таҷовуз ва террору ифрот даъват накардааст ва аз ҷониби Худою Расулаш (с) ин хел супориш ҳам надорад.

  Мо, дар навиштаҳои қаблӣ, дар вохӯриҳо ба ҷавонон ва мардуми табақаҳои гуногун гуфта будем, ки алалхусус дини мусулмонӣ ба ҷуз ташвиқи сулҳ, дӯстӣ, муҳаббат, меҳрубонӣ, хайрхоҳӣ, некӣ расонидан, аз як гиребон сар баровардан, обод кардан, аз ризқи аҳоли хеш зиндагӣ кардан, тарбияи дурусти фарзанд, ягон талаботи дигар надорад. Исломро ба ҳизб кашидан ҳам гуноҳ аст. Вазифаи ҳизб дар ислом аз нигоҳи мантиқ  (тавба кардам) гӯё Худоро, ки соҳиби ин қавну макон аст, ҳимоя кардан бошад. Оё ин ҳизбкунӣ дар ислом хандаовар нест, оё ин гуноҳ нест?! Оё Худованд бо ин бузургиаш ба ҳизбе мисли ҲНИТ ба ҳимояи мо  бандагонаш ниёз дорад?! На! Ҳаргиз на! Имрӯз дар кишвари Афғонистон исломро ба 8 – 10 ҳизб тақсим кардаанд. Мусалмонони ҳар як ҳизби исломӣ ба мусалмонони ҳизби исломии дигар душманӣ меварзанд.  Якдигарро мепарронанд, бе ягон худотарсӣ террор мекунанд. Дар байнашон ҳеҷ хел талаботҳои исломӣ   - Қуръонӣ вуҷуд надорад.  Натиҷааш ҳамин ки дар бештари афғонҳо хонаю дар, ҷойи зисти дуруст, мактаб ва кумаки тиббӣ вуҷуд  надорад, ки натиҷааш ба ҳизб кашидани ислом аст. Назҳати Исломии  Тоҷикистон ҳамин шароити бади кишвари Афғонистонро дар Тоҷикистон овардан дошту дорад. Имрӯз бо далелҳо мегӯянд, ки ҲНИТ – ро дар кишварамон сиёсатбозони Эронӣ ташкил кардаанд. Аз қадим то имрӯз мо тоҷикон бо эрониҳо ҳеҷ хел муносибати душманӣ надоштем. Охир фарҳангу адабиёт ва таърихамон мундариҷаи муштарак дошту дорад, лекин дар мазҳаб  фарқ мекунем ва ҳеҷ гоҳ дар мазҳаб душманӣ ҳам надорем. Мазҳабашон аз худашон ва мазҳабамон аз худамон. Эрон бояд дар ин ҷода хуб донад, ки  мо тоҷикон мазҳабамонро дар сари касе бор карданӣ нестем ва касеро ҳам намегузорем, ки мазҳабашонро дар кишвари мо иҷборан бор кунад. Мо қодир  ҳастем, ки мазҳаби таҳаммулгароямонро ҳифз кунем ва мекунем!

 Кош василаи дӯстии халқҳо, алалхусус дӯстии  мусалмонони олам меҳру муҳаббат ва якоинӣ мешуд,  на мазҳаб. Ай душманони Худою Расул, монед динситезиатонро! Монед инсонҳо бо якдигар меҳру муҳаббат варзанд, осуда зиндагӣ кунанд! Эй  кӯрдилони динситез, медонед, ки дипломати яҳудитабор Леопод Вайс аз баракати дӯстӣ бо Муҳаммад Иқбол ва лаҳни ширину муҳаббатофари шоир дини исломро қабул намуда, ба худ номи Муҳаммад Асадро интихоб карда буд. Ҳадаф аз ин сатрҳо он ки ба модар – Ватан хиёнат ҷиноятест нобахшиданӣ. Ҷонамонро барои модар – Ватан лозим ояд бубахшем фаромуш накунед, ки агар:

 Сад бор агар  доя ба тифли ту диҳад шир,

 Ғофил машав эй дӯст, ки модар шуданӣ нест.

 Охир ҳаминро сарфаҳм равед, бас аст.

А. Маҷидзода.

Ҳеҷ овозе нест