Усулҳои ҷанги муосир Ҳифзи ҷон воҷиб бувад, ҳифзи Ватан воҷибтар аст, Номусу нанги ватандорӣ зи ҷон авлотар аст.

Инсоният аз замони Одам (а) то ин замон ҳазорон васоилу усулҳои ғасби замин, амвол, зану фарзанд ва қатли ҳамҷинсони худро ихтироъ намудааст. Ҳарчанд даргириҳои авлодони бостониамон «приметив», ҷоҳилонаву бефарҳангона буданд, баъдан ҳокимону қудратмандон кӯшишҳои бо далелу бурҳон ҳақ баровардани аъмоли косибонашонро кардаанд. Соҳибтамаддун кардани қавмҳои барбарӣ, ҷиҳод дар роҳи Худо, беадолатии сохтор зумрае аз он сабабҳо ҳисоб меёфтанд. Албатта, дар миён ҷангоҳе буданд, ки ошкору берӯёна буданд (Чингизхон, Темурмалик). Айни ҳол, ки ҳама қудратмандон лофи башардӯстиву адолатхоҳӣ ва демократия мезананд ва инсоният ҳам то дараҷае ба соҳибтамаддунии худ қоил аст, ҷангҳо хеле ва хеле ҳам тобиши «инсондӯстона» гирифтаанд. Қатли оми (генотсид) ҳиндуҳои қитъаи Америка, ваҳшонияту одамхӯриҳои чингизӣ, калламанораҳои Темурланг, бераҳмиҳои сарбозони гитлерӣ нангест барои тамоми бешарият. Охир онҳо низ фарзанди инсон буданд. Ҷаҳон ҳама вақт дар ҳаракату тағийрёбию пешравист, аз он ҷумла бани Одам- халифаи Офаридгор дар рӯи замин ҳам. Ин пешравиҳо чӣ инқилобию табиӣ бошанд, чӣ илмию технологӣ, чӣ куллу ҷуз ва чӣ сифатию миқдорӣ ба шуури кулли миллатҳо бетаъсир намемонанд ва албатта, инсоният маҷбур аст усулҳои нави таҷовуз нисбат ба ҳамҷинсонашро фикр карда барорад. Усулҳои пешрафта ва башардӯстона: бо иштироки намояндагони СММ, «Салиби сурх», «Ҳилоли аҳмар» ҷамъиятҳои башардӯстонаи байналмилалӣ ва ёриҳои башардӯстонаву «ҳар-бӣ». Агар не, суди байналмилалии Гаага «онаи зорат»-ро нишон медиҳад, зӯри суд на ба ҳама мерасаду лекин ба ҳар ҳол, соҳиби қудрату тавоноӣ будан хуб аст. Биёем ба асли мақсад, ки сабабу усулҳои пештози ҷанги муосир чигунаанд. Сабабҳо зиёданд, вале далелу сабабҳои аз ҳама маълуму мақбул «нақзи ҳуқуқи башар», «тоталитаризм» ва «нақзи демократия» мебошад. Ҳарчанд «демократия»-и ғарбӣ барои шарқиён муфсидона ва ғайриахлоқӣ бошад ҳам, туро мепурсанд, ки? Ростӣ, хеле далелу сабаб ва усулҳои ҷадиду пурмаҳсуланд. Ҳазорон ҳазор мекушанду садҳо инфрасохторҳову шаҳрҳоро валангор мекунанд боз «сепаратист» «террорист», «ифротӣ» гуфта, рӯятро сиёҳ ҳам мекунанд.

         Феълан, ҷаҳони дуқутбаи сиёсӣ мувозинати муносибатҳои байналхалқӣ ва низоми сиёсати ҷаҳониро то андозае ба танзим дароварда буд, ҳарчанд сабабгору барангезандаи ҷангҳои минтақавӣ ин ду қутб буданд ва ҳоло ҳам ҳастанд. Чӣ, онҳо триллионҳо доллар сарф карда, яроқҳои супернав истеҳсол кунанду яроқҳои триллонҳо доллар сарфкардаи суперкӯҳнаро садақа кунанд, ё зери хок кунанд? Не-е, на-ме-ша-вад!  Бозорҳои нав лозим, яъне минтақаҳои доғ. На-ме-ха-ред?! Ме-ха-ред! Нахаред, мехарононем! Чӣ кор ҳам мекардед? Гап дар сари ин ки яроқҳои супернав (атомӣ, психотронӣ, электромагнитӣ, акустикӣ, экологӣ, сипари осмонӣ) аз фоидаашон дида, зарарашон зиёдтар аст ва баъдан барои «рӯзи мабод» ба худашон лозим аст (технологиашонро аз худ кунанд, оқибаташ чӣ мешавад?). Ҳамин «устухонҳои гулӯ» Кореяву Эрони дарди сар бас аст.

         Як мушкилоти умда барои абарқудратҳо ва ё қутбҳо ин зери нуфузи худ даровардани бозорҳои иқтисодию ҳарбии ҷаҳонӣ, захираҳои моддию табиӣ ва энергетикии ҷаҳони сеюм мебошад. Алҳол, ки мувозинати «дуқутбӣ» вайрон шудааст, сарони ҳар ду «қутб» пештозии худро сиёсати ҷаҳонӣ исбот карданӣ шуда, ба ифроту беназмӣ (беспредел) ғасби ошкори давлатҳои мустақил роҳ дода истодаанд. Ин раванд ба тақсимоти навини ҷаҳон оварда мерасонад, ки пошхӯрии системаҳо, пешгузории эгонистии манджатҳои миллӣ, ихтилофҳои таҳлилии қавмӣ, забонӣ, динию мазҳабӣ, фарқияти назарраси дараҷаи зисти миллату халқиятҳо (ҳатто дар як давлат) далели равшани ин раванд аст. Барои пиёда сохтани ин раванду мақсад таҷовузи ошкорои ғасби замину амволи мамлакати дигар ба давлатҳои абарқудрат, ки «падарон»-и мардумсолорӣ (демократӣ, муҳофизони ҳуқуқи башар ва ягонагии марзии давлатҳо мебошанд, намезебад. Бинобар ин, ҳар чанд, ки аз лиҳози яроқҳои замонавӣ пештозанду қудрати бо талафоти камтарини ҷонӣ ғолиб шудан доранд, ҷое ки имконияти фурӯши яроқ асту манфиати ҳангуфт, чӣ лозим хароҷоти зиёдативу номи бади ғосибӣ. Ҳол он, ки усулҳои асримиёнагии «Тозиёна ва кулчақанд» ва «Тафриқа андозу ҳукмронӣ кун» ҳоло ҳам кӯҳна нашудаанду беҳтарин усулҳои ҷанги муосиранд. Афсӯс, ки тамаддун на ҳама вақт ба манфиати инсоният амал мекунад. Ҳарчанд, ки тамаддуну глобализм ба пешрафти иқтисод, маданият, илму технология (тамаддуни созанда) мусоидат намояд ҳам, сабаби инқирози бешарият низ шуда метавонад. (яроқҳои қатли ом, фалокатҳои глобалии экологӣ, ихтилофотҳои ақидавӣ).

         Хуб, аз мавзуъ дур наравем, агар Россия барои расидан ба ҳадафҳои сиёсиву ҳарбии худ аз усули « тозиёна ва кулчақанд», ки аз таҳримҳои тиҷоратӣ (манъи фурӯши кола дар дохили Россия), сиёсию иқтисодӣ (рублёвая зона»-и Елтсинӣ, қазияи халабонҳои рус, «генотсид»-и миллати рус дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, шартномаҳои зиёди беэътибори иқтисодӣ, қартаи «муҳоҷирони меҳнатӣ», дастгирии неофашистон бар зидди муҳоҷирон, паст задан ва таҳқири миллату давлат дар ВАО ихтилофҳои қавмиву забонӣ (Осетия, Абхазия, Қарабоғ, Приднестровие, Қрим, Луганск, Донетск) истифода карда, ваъдаҳои бебаркаш диҳад, Америка бошад, бештар аз усули «Тафриқа андозу ҳукмронӣ кун»истифода бурда «нақзи ҳуқуқи башар», «нақзи мардумсолорӣ» (демократия) ва хатари яроқи қатли ом, терроризмро дастак намуда, мақсадҳои худро амалӣ мекунад (Ироқ, Ливия, Сурия, Афғонистон, Яман). Ногуфта намонад, ки мардумони давлатҳои эҳтиромнашудаи навтаъсиси Осетия, Абхазия, Приднестровие, Қрим, Донетск, Луганск баъди мустақилият ҳоли бадтари иқтисодие доранд, ки то истиқлолият доштанд. Россия аз онҳо ҳамчун форности ҳарбӣ истифода бурда, ба вазъи бади иҷтимоии аҳолии онҳо парвое надорад. Умуман, сабабу баҳонаҳои истифодаи таҷовуз онаст, ки номбар кардем.

         Усули «Тафриқа андозу ҳукмронӣ кун» ғайр аз фоидаи фурӯши яроқ, манфиати даҳчанде ҳам дорад. Ин усул арзонтарин, муфидтарин, демократитарин ва бедаъвотарин ва дар айни замон палидтарин, ноҷавонмардтарин ва кушандатарину харобиовартарин усули ҷанг аст, ки мардуми ба он дучоршударо даҳсолаҳо мубталои ҷанги бародаркушӣ мегардонад (шукри Худо, ки мо аз ин фалокат растему…). Яқинан, дар амалӣ шудани ин усул ҳар ду абарқудрат пуштибони тарафҳои мухолиф шуда, оташи мухолифатро доман мезананд. Ин усул, маъмулан, дар давлатҳои аҳолиашон мусалмон ба кор бурда мешавад. Барои роҳандозии ин усул миллиардҳо доллар (гуфтем, ки ин амал даҳчанд ҷуброн мешавад), шабакаҳои бешумори телевизионии исломӣ (барои ҳар равияву фирқаву мазҳаби исломӣ-шабакаи алоҳида) ҷамъиятҳои хайрияву башардӯстонаи байналмилалӣ, ВАО, шабакаҳои интернетӣ, афроди зиёди зеҳниву илмӣ (муфассирону, муҳаддисону муҳаққиқону воъизони таълимгирифтаи мадрасаҳои Аврупову Амрико ва Канада) истифода карда мешавад. Заминаҳо барои ихтилофандозӣ, дар ислом байни мардумони ноогоҳ хеле зиёданд. Дар аҳодис аз Пайғамбар (с) омада: Яҳудон 71 гуруҳ, тарсоён 72 гурӯҳ ба пайравони ман 73 гурӯҳ гарданд. Яқинан, дар аркон, аҳком, усул ва фурӯъи ин гурӯҳҳо фарқияти назаррасу зиддиятҳое ҳатман мавҷуданд, ки душманони ислом барои хусуматандозӣ аз онҳо фаровон истифода мебаранд. Чӣ осону содда-исломро ба дасти ислом  куштан ва суди фаровоне ба даст овардан. Яҳуду насоро ин марҳилаҳои ихтилофҳои гурӯҳиро аз сар гузаронида шаттаашро хӯрда, ақлашон ба сарашон зада, ҳоло ин яроқро бар зидди мо ба кор мебаранд. Дар муддати хеле кӯтоҳ давлатҳои қудратмандтарин ва сарватмандтарини исломӣ, ки сатҳи зиндагии мардумонашон аз дигар давлатҳои исломӣ ба дараҷа баланд буд, бо дасти мардуми худи он давлатҳо харобу бо ҷангҳои беохири бародаркушӣ кашида щуданд. Алҳақ, фитна, ихтилоф ва тафриқа беҳтарин ва осонтарин усули ҷанг аст. Миср, Ливия, Лубнон, Ироқ, Сурия, Яман, Афғонистон…, - Чӣ рӯйхати тӯлонию таассуфангезу шармоваре! Ба кӣ шармовар? Ба кӣ мешуд? Ба мо мусулмонон, ки бо лаъну куштори ҷоҳилонаи худ ба осиёи душман об мерезем. Фитнаагезон дар сурати таблиғотчиёни ислом аз як шабака барои ҳаққонияти фикрашон оиди масъалаҳои динӣ 15 далел аз як шабакаи дигаре зидди ин далелҳо 16 далел аз Қуръону ҳадис меоранду ҷомеаи муслиминро саргум месозанд. Маошашонро ҳалол карда мехӯранд. Тиҷораташон бисёр ҳам бобарор аст. Мутаассифона, қишри осебпазиртарини ҷомеа- ҷавонон ба таблиғи хусуматомез ва ихтилофангези чунин шабакаҳо ва расонаҳои ғарбиасос дода шуда, мазҳаби Ҳанафиро, ки бонуфузтарин мазхаби ҷаҳони ислом аст, тавҳин мекунанд ва аз гӯшаи хаёлоташон ҳам намегузарад, ки поягузорону таблиғгарони ин ихтилофот тарбияи мадориси ғарбиро гирифта, аз тарафи онҳо маблағгузорӣ карда мешаванд. Мақсади  ниҳойии чунин таблиғот таҳлили тақдири Миср, Лубнон, Литвия, Ироқ, Сурия, Яман ва Афғонистон ба давлатҳои дигари аҳолиашон мусалмон, аз он ҷумла ба мо низ мебошад. Фаромӯш накунем, ки дар «Фитиҳат-ул-китоб» омада «Молики-явм-ад-дин», яъне соҳиби рӯзи ҷазо (мукофоти амал) фақат Офаридгор аст ва фақат Ӯ (ҷ) салоҳияти ҳақро аз ботил, мӯъминро аз мушрик ҷудо кардан дорад. Ва ҳар фарди муслим дар ислоҳи нафси худ кӯшад, на ин ки бемантиқу беасос дигаронро тавҳин ба куфру илҳод кунад. Шахсони огоҳ медонанд, ки беасос ба забоновардагони чунин алфоз ба чӣ гуноҳе муртакиб мешаванд.

         Ҳазрати Ҷомӣ, ки яке аз олимони маъруфи сунъимазҳаби аҳли ислом буд, дар фарқият аз «ҳазрат»-ҳои супернавин гуфта буд:

         Эй мӯғбачаи даҳр, бидеҳ ҷоми маям,

         К-омад зи низоми шиаву суннӣ қаям.

         Гӯянд, ки Ҷомиё, чӣ мазҳаб дорӣ?

         Сад шукр, ки харсунниву сагшии наям.

         Ҷомӣ бо он ҳама алломаи мазҳаби аҳли суннат будан бо бузургони дигар мазҳабу равияву фирқаҳо назари эҳтиром дошта, пайрави ҳеҷ равияву мазҳабро таъну лаън намекард. Бо ин ҳама ашхоси ҷоҳиле аз аҳли ташайуъ ҳангоми фатҳи Ҳирот аз тарафи Сафавиён мазори ӯро тахриб намуданд. Дар «Саҳеҳайн» омада: «Ҳангоми фитна нишаста аз бархоста, бархоста аз раванда ва раванда аз иштироккунанда беҳтар аст». Фитнагар чӣ? Худатон қазоват кунед.

         Румӣ, ки яке аз бузургони маъруфи ислом буд, гуфтаанд:

         Гарчӣ мазҳаб мухталиф аст, ҳеҷ кас бегона нест,

         Боғбонро дар чаман ҳар гул ба ранги дигар аст.

Аксари ҷавонони мо ва ҳатто калонсолони мо муътақиданд, ки араб будан бартарӣ дорад ва ҳама қавмҳои араб мусалмони комиланд ва орӣ аз хатову гуноҳанд. Дар ислом ба ҳеҷ қавму миллате бартарӣ дода нашудаст ва назди Худорванд (ҷ) ҳама мӯъминон баробаранд. Касоне, ки чунин мепиндоранд, бидонанд, ки дар давлатҳои арабизабон ғайр аз арабҳои мусалмон-арабҳои пайравӣ дини яҳудӣ, масеҳӣ ва ҳатто собеӣ ҳам зиндагӣ мекунанд ва зиёда аз 1000 сол бо ҳам ҳамзистӣ, ҳамкорӣ, хешутаборӣ доранд. Ин моем, ки оштинопазирем ва ба маълумоти шумо расонам, ки дар Арабистони Саудӣ- маркази ислом зиёда аз 660 ҳазор араби комилҳуқуқи равияи шиа зиндагӣ мекунанд. Ҳуҷҷоҷи муҳтарам магар боре мушоҳида карданд, ки ҳангоми ҳаҷи акбар фардеро бо гуноҳи ҳанафӣ, моликӣ, шиа, қадарӣ, рофизӣ, имомӣ, исмоилӣ ва ҳатто аҳли ғулот будан аз Каъба ронда бошанд? Роҳнамоии ҷавонон аслан бояд ба дӯши уламо ва муфтиёти ҷумҳурӣ бошанд, ки мутаассифона, онҳо мӯҳри хомӯшӣ ба лаб задаанд, ки ин ҳам сафи ифротиён ва ҳам сафи тафриётиро зиёд намудааст. Аксаран огоҳанд, ки имсол НАТО мувофиқи мушоҳида аскарони худро аз хоки Афғонистон бояд берун кашад ва яқин аст, ки Америка ду даст дар бинӣ, бо дасти холӣ он ҷо баромаданӣ нест ва ҳатман бояд дасисае бархезонад, то ҳузури аскаронашро дар ин минтақа тӯл диҳад ва агар нашавад, ҳатман, хеле ниҳодҳои давлатӣ ва ҳам мухолифон-толибонро то андозае бо яроқ таъмин хоҳад кард, ки даргирию мухолифат идома ёбад. Даргириҳои интихоботӣ дар ин кишвар нишони равшани ин омил аст. Абарқудратҳо чанголи гирое доранд ва нуфузи худро ба осонӣ аз даст намедиҳанд. Саҳм дар фурӯши маводи мухаддир ҳам кироист. Агар ақли солими афғонҳо ғалаба накунад, вой бар ҳолашону вой бар нақшаҳои аз гумбасти коммуникатсионӣ баромадани мо.

         Қудрати муқовимат ба ин омилҳои фалокатбори номбаршударо фақат бо дарки дурусти вазъи сиёсии ҷаҳон, шуури сиёсии миллӣ ва афкори ҷамъиятии ягона ба даст овардан мумкин аст. Пеш аз ҳама рӯ ба илму технология, рушти саноату иқтисод овардан лозим, чунки мамлакате, ки истиқлолияти иқтисодӣ надошта бошад, ҳеҷ гоҳ истиқлолияти сиёсӣ нахоҳад дошт. Дар ин ҷода яке аз саддҳои мустаҳками мушкилофарин, ки ҷомеаи моро ба роҳгумӣ мебарад, мафкураи манқуртӣ, бегонапарастӣ ва ғуломона аст. Эй мардум, ман низ зодаи давраи шӯравиам, бартариҳои он замонро медонам, камбудиҳояшро ҳам ва чархи таърих ба шакли кӯҳнааш ба қафо бар намегардад. Афкори ҷамъиятии ҷаҳонӣ дигар шудааст ва шиорҳои «Мӯъмин-бародари мӯъмин»-у «Бародарию-баробарӣ» аз байн рафтаанд ва ҷаҳони муосир атрофи як шиор «Ман-фиати мил-лӣ» мечархад. Истилоҳи «Мӯъмин-бародари мӯъмин», «Бани одам…» ҳақанд, вале онҳо ҷанбаи ахлоқӣ доранд на сиёсӣ. Ҳарчанд ки ин калимоти муқаддас дар тоқи биноӣ СММ ба ҳамаи забонҳо дарҷ гардидааст, ин калимотро сиёсатмадорону қудратмандони ҷаҳонӣ акнун барои пиёда намудани аҳдофи глабалии сиёсӣ, иқтисодӣ ва миллии худ истифода мебаранд, на ба маънои аслаш. Далел? Марҳамат! Агар тоҷик асрҳо дар Арабистони Саудӣ зиндагӣ кунад ҳам, ҳеҷ гоҳ шаҳрванди комилҳуқуқи он давлат шуда наметавонад. Яъне, ки мӯъмини мӯъминию неъматҳои дунявӣ бародарӣ надоранд араб-арабу тоҷик-тоҷик мемонад. Ҳол он ин калимоти муқаддаси фардест, ки каломаш салоҳияти ҷаҳонӣ дорад ва аммо аъроб дар амал аз он даст мекашанд. Бинобар ин, ҷавонони тоҷик ҳамтамаъ нашаванд: шоистаи парастиш Худованди ягона асту пайравӣ ба пайғамбараш (с) ва эҳтироми волидайну шукронаи забону Ватани атокардаи Ӯ воҷиб аст, на арабу ангилису русу турк. Худованд (ҷ) бо иззатманд кардани қавми араб вусъати қудратии худро нишон дод, ки фақат Ӯст, ки метавонад иззати як қавми хору залилу ҷоҳилу бедавлатро бо шарофати интихобӣ Пайғамбар (с) аз ин қавм даҳчанд биафзояд ва баръакс. Пас бипарастед Худоро (ҷ), пайравӣ кунед аз Пайғамбар (с), на урфу одату забони қавми араб. Соҳиби қудрат Ӯст, на қавми араб.

         Насли миёнсол ва солхӯрдаи мо бошанд, мӯътақиди шиори «Бародарӣ-баробарӣ»-и замони шӯравианд ва ақидае ҳаст, ки гӯё Россия давлатҳои собиқ СССР-ро ба ҳайси субъектҳои баробарҳуқуқ ба худ ҳамроҳ карда, СССР-ро барқарор намояд. Хестед, ки хобед! Падарони азиз, агар Россия чунин ният дошта бошад, ғайр аз давлатҳои Прибалтика, Туркманистон ва Озарбойҷон, ки шуури миллӣ ва сатҳи иҷтимоии зиндагиашон баландтар аст, дигар ҷумҳуриҳо ҷон-ҷон гуфта ҳамроҳ мешаванд (ман хоҳиши мардумонашонро дар назар дорам…). Лекин Россия аз шакли дотатсияхӯрҳо безор аст. Ба Россияи айнӣ, ки сиёсати миллатгаронаро асоси кори худ кардаасту неофашистонтонро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунад, шарики баробарҳуқуқ не, ғулом, форпости ҳарбӣ колонияи комилан беҳуқуқ лозим (Приднестровие, Обхазия ва Осетия). Россияи ҳамаи иттифоқчиёни прорусиашро дар ҳадди муайяне нигоҳ медорад-дур нарав, ки гургат мехӯрад, наздик наё, ки чашми диданатро надорам. Хулоса, ҳама гуна ақидаҳои проарабӣ, прорусӣ, проамрикоӣ ва проиронию протуркӣ, ки бародарони бузургамон кӯмаки беғаразона мекунанд, комилан хатост. Ин ақидаи ашхосӣ «Деҳ, ки хӯрам, зан, ки мурам», «Гӯр сӯзаду дег ҷӯшад» ва «После меня ход потоп» аст. Кӯлула карда гӯем, ақидаи хоинони миллату Ватан, ки онҳо дар ҳар давру замоне буданд, ба бахти бегонагон. Бисёр мехостем, ки чунин ашхос бо ягон роҳе шаҳрвандону табааи мамлакати «кумир»-ашон мешаванду 5-6 солак онҷо зиндагӣ кунанд. Баъд мефаҳманд, ки ҳарчанд расман шаҳрванди комилҳуқуқи араб, рус, амрикоӣ, эронӣ ва ғайра ҳисоб шаванду барои ҳукумату миллати он давлат «тухми тиллоӣ» зоянд ҳам, аслан барои мардуми он кишвар анҷоми террорист, туземетс, чурка, ғариб ва басурман боқӣ мемонанду «во ғарибо» гуфта нола мекунанд. Чунин ашхос, албатта, ба он давлатҳо лозиманд. Вале фақат барои ташвиқи демократия, башардӯстӣ, адлу инсофи америкоӣ, русӣ, арабӣ, эронӣ ва барои нигоҳ доштани қудрату нуфузашон дар минтақаҳои муайян. Чаро мо, ки худро соҳибтамаддуну ориёӣ ва соҳибтоҷу соҳибдавлат меҳисобем, қудрату имконияти истифодаи ин неъмати худодоро надошта ба сарпараст, роҳнамо, бародари бузург муҳтоҷ буда, аз истиқлолият ор кунем ва ҳаваси замонҳои табааи юнониҳо, арабҳо, муғулҳо, туркҳо ва русҳоро хӯрем. Ё-о мо ба «нони хойдагӣ» омӯхта шудему ҳоло ҳам «ниникча» барин ба мураббию «тайтайпопо» мӯҳтоҷем. Албатта, мустақилият мушкилиҳое пеш меорад, вале охир мо мардакем (ё он қадар ҳам не) ориёием (ё не) бо нангу номӯсему муттаҳаму мӯҳтоҷи бегонае нестем! Мӯҳтоҷӣ муваққатист, ба ин рӯзҳо расиданро ҳам умед надоштем, вале расидем-ку.

         Нангу номӯс карда, омӯхтан лозим, бунёд кардан лозим, сохтан лозим, обод кардан лозим, бо заифнолӣ кор буд намешавад. Падар, модар, забон ва давлатро интихоб карда намешавад, онҳо доди Худоянд.

         Агар Офаридгор мехост, кулли инсонҳоро рус, араб ва ё хитоӣ меофарид ва ё пайрави дини яҳуд, насронӣ ва мусалмону дигар адёнҳо мегардонд. Лек Халлоқи ҷаҳон бани одамро бо рангу пӯсту забону ақидаву адёни мухталиф офаридааст, ки ин ҳикмати волои Иллоҳист. Ва ҳеҷ гоҳ тоҷик бо худро немис гуфтан немис намешаваду ҳабаш бо швед гуфтан швед ва бадтар ин, ки ин куфрони неъмат ба забону Ватани ато кардаи Худованд (ҷ) мешавад. Бинобар ин кулли мардуми азизи Тоҷикистонро лозим аст, ки ба ихтилофу фитна дода нашуда, баҳри ободии Ватан дасту пое занад, то мавқеи устуворе дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо кунад ва соҳиби истиқлоли комили иқтисодӣ, сиёсӣ гардад. Мо метавонем?!.      

 

Наимов Абдураҳмон, омӯзгори

муассисаи №3          

Ҳеҷ овозе нест