ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР НОҲИЯИ ФАРХОР

Бо мақсади таҷлили ҷашни байналмиллаии Наврӯз бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳо ва маҳалҳои аҳолинишини ноҳия шуруъ аз нимаи аввали моҳи феврал корҳои ободонӣ, баргузории шанбегиҳо, тоза намудани роҳҳо, сафед намудани дарахтон, иваз намудани шиору овезаҳои сарироҳӣ корҳои созандагӣ ба анҷом расонида шуд.

navruz7.jpgНаврузи байналмиллалӣ бо оғози мавсими кишту кори баҳорӣ шуруъ гардид. Субҳи барвақт, бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, меҳмонон ва собиқадорони меҳнат дар ҷамоати деҳоти Гулшан бо коридани нахустин донаҳои умед дар ноҳия ба кишти баҳори оғоз бахшиданд. Ҷашнвораҳои идона бахшида ба наврӯз дар маркази ноҳия дар варзишгоҳи марказӣ доир гардиданд. Дар ҷашнвораи наврӯзӣ бахшида ба соли рушди сайёҳӣ ва хунарҳои мардумӣ сокинони ҳамаи ҷамоатҳои деҳоти ноҳия фаъолона иштирок намуданд.  Номгуи хунархои мардуми ки дар масофаи зиёда аз 500 м ба марази тамошо гузошта шудаанд, махсули мехнати ҳунармандони маҳали мебошанд.

navruz8.jpgДар ин намоиш ҳунармандони номдор, тароҳони Фархорӣ, соҳибкорзанон, иштирок намуданд. Дуконхои адрасу атласбофӣ, куртаҳои чакан, тоқии чакан, зардузиҳои гуногун, дар ин руз диққати ҳар як бинандаро чалб мекарданд. Намоиши ҳунархои мардумӣ нишон доданд, ки таваҷуҳи сокинон ба хунарҳои мардумӣ сол то сол меафзояд. Таомҳои наврӯзӣ ҳафт сину ҳафт шин аз таомҳои     гуногуни милли иборат буданд.

 navruz5.jpgДар таёр намудани ин таомхои милли асосан гиёҳои табии истифода бурда, чихати фоидаоварии он ба саломати ба инобат гирифта шудаанд. Ин намоиш аз намоишхои солҳои пешина бо рангорангии зиёд фарқ мекарданд. Аз тамошои ин намоиш хулоса кардан мумкин аст, ки хушбахтона дар дар даврони соҳибистиклолии кишвари махбубамон, ҳунар ва шуғлҳои аҷдодӣ аз нав эҳё гардида, соҳаи ҳунармандӣ рушд меёбад. Бахшида ба чашни байналмиллалии Наврӯз раиси нохияи Фархор, сокинони нохияро табрик гуфта оиди дастовардҳои сокинони ноҳия дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия баромад намуда, қайд намуданд, имсолро сокинони нохияи Фархор бо дастовардхои назарас чамъбаст хоҳанд кард. Вазири адлияи Ҷумҳурии Точикистон Шохмуроди Рустам аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони ноҳияро бахшида ба наврӯзи байналмиллалӣ табрик намуд.

navruz9.jpg Зимни баромади худ раиси ноҳия ва Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки баргузор гардидани чорабиниҳои Наврӯзи имсола барои тамоми мардуми тоҷик нусрату баракати махсус дорад.“Дар ин рӯзҳои баҳорӣ яке аз ташаббусҳои навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҷониби Маҷмааи Созмони миллали Муттаҳид оид ба эълон гаштани даҳсолаи навбатии “Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028” пазируфта шуда буд мавриди амал қарор гирифт.

 navruz10.jpgДар қисмати фарҳангии чорабини кормандони бахши фарҳанги ноҳия бо иштироки хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ барномаи театрикунонидашударо манзури тамошобинон гардониданд.Ин барнома аз 34  суруд иборат буд.  

navruz3.jpgnavruz2.jpg

navruz1.jpg navruz4.jpg

Миёна: 6 (2 votes)