ҶАВОНОНИ ФАРХОР - ГИРОМИДОШТИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛАТАНД

DSC03739.JPG

Санаи 19-01-2019 дар маҷлисгоҳи Ҳукумати ноҳия вохурии муовини раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Назарзода Ш.Р. ва Насридинзода Р. – мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон бо ҷавонони ноҳия баргузор гардид. Ҷаласаро Бобохонзода Рустам – муовини раиси ноҳияи Фархор кушода, меҳмононро хайрамақдам гуфт.

DSC03747.JPG

Инчунин Назарзода Ш.Р дар ҷаласа баромад карда, қайд намуд ки “...ҳар як нуқтаи Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат нақшаи ояндаи ҷавононро муайян мекунанд. Мо - ҷавонон минбаъдаз неъматҳои бебаҳои миллат,истиқлолият ва пойдории сулҳу ваҳдатро пос дошта, ҳимояи манфиатҳои миллиро дар арсаи байналмиллалӣ чун ҳадафи муҳими сиёсати хориҷии кишвар қарор медиҳем ва чун Пешвои маҳбуби хеш ҷонибдори сулҳ дар саросари ҷаҳон буда, баҳри истиқболи шоистаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон камари ҳиммат мебандем...”

         Дар ҷаласа инчунин Авзалов С. – мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ва Талбова Д. – мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳия низ иштирок доштанд.

Дар анҷоми ҷаласа иштирокчиён  бо ҷавонони ноҳия Гимни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар якҷоягӣ суруданд.

DSC03750.JPG

 

Худи ҳамон рӯз дар варзишгоҳи МТМУ №15-и ҶД Фархор мусобиқаи варзишии волейбол бургузор гардид. Дар мусобиқа тимҳои мактаби варзишии ноҳия ва варзишгарони шубаи маориф рақобат намуданд. дастаи мактаби варзишии ноҳия ғолибиятро ба даст оварданд.

20190119_154701.jpg
Миёна: 6 (1 vote)