Садоҳои нопок (Назари ман ба иғовогариҳои ҳизби терористии Наҳзати исломии бе Тоҷикистон)

Имрӯз тамоми мардуми  сайёра шоҳиди  шаклу  намудҳои  нангини куштору  даҳшатафканиҳои гурӯҳҳои террористӣ дар  қаламрави кишварҳои мусулмонӣ ва дигар минтақаҳои ҷаҳон шуда истодаанд. Бадхоҳони миллати тоҷик мардумро мехоҳанд бовар кунонанд, ки  гӯиё суханонашон ҳама аз рӯи адлу адолат аст, аммо дар асл бо роҳи фиреб ҳар гуна камбудиҳои ночизи ҷамъиятро чанд  баробар зиёд карда мехоҳанд, ки ҳукумати ҳозираро, ки поягузори  сулҳу ваҳдат аст, оромию тинҷӣ ва амнияти мардумро таъмин мекунад, ба  чашми  одамони  алоҳида   гунаҳгор нишон диҳанд.

Лекин ба ин бозиҳои  авомфиребонаи  худ халқи  ваҳдатофарини тоҷикро дигар фиреб дода наметавонанд, чунки  халқи мо  заҳри ин амалҳои онҳоро дар солҳои 90 –уми асри гузашта чашида асту  хулосаи  даркорӣ баровардааст. Умуман раванди мусулмонӣ дар замони муосир аз исломи ҳақиқи хеле тавофут дорад. Мутаассифона, душманони Ислом мутахассисони забардасти Ислом мутахассисони «забардаст»- и ба ном  исломшиносро омода намуда, сипас ба воситаи  мулло, ҳоҷӣ ва эшонҳои дурӯғин, сомонаҳои интернетӣ ва  ғайра ба мардум чунон  исломеро  тарғиб  мекунанд, ки аз ҳадафҳои аслии  ин дини мубин  фарсахҳо дур аст.

Яке аз  ғояҳои  сохтаву бофтаи  онҳо «ҷиҳод» аст, ки онро  байни мардум тарғиб карда ғаразҳои нопоки худро мехоҳанд амалӣ сохта, террор ва қатлу кушторҳо ба миён  оваранд. Онҳо чун манқуртҳо мафҳумҳои миллат, давлат, урфу одатҳои  миллиро умуман намепазиранд.

Ба ин гурӯҳи душманони миллати тоҷик гуфтаниям, ки халқи тоҷик пуштибон аз Пешвои миллат аст ва сиёсати ободгаронаву башардӯстонаи ӯро бо тамоми ҳастӣ тарафдорӣ ва  пуштибонӣ менамояд.

Хулоса, фаъолияти густурдаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи  иттиҳоди тоҷикон, ки яке аз аслҳои умдаи ҳадафҳои олӣ буд, шахсияти ӯро аз  маснади  пешвои  ормонии халқ то ба ҳадди Пешвои  воқеию комили миллат оварда расонид, ки воқеан ифодагари комили арзандаи чеҳраи комил ва  идеалии миллати тоҷик аст. Сару садоҳои душманони  давлату  миллати мо, ки аз хориҷӣ кишвар боло мешавад, аслан пақ-пақе беш нестанд, нолиши дасисаангезу  маккоронае аст, ки аз синаи беваи ҳаромхиштаке бармехезад.

 

Директори литсейи давлатии  №2  Ҳамидов М.

Ҳеҷ овозе нест