Садо табиист

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ба Ҳукумати халқии  ифода идоракунандаи манфиатҳои давлату миллат  табдил ёфта, барои беҳбудӣ, осоиштагӣ, тараққиёти  мамлакат саъю  кӯшиш мекунад. Мардуми ҷумҳурӣ ҳаёти  осоишта дошта, озодона кору фаъолият мекунанд.

Мо хуб дар ёд дорем, ки  гурӯҳи мансабталошу иғвогар барои  амалӣ кардани  ақида ва мақсадҳои нопоки  худ бар сари мардуми мо солҳои 90-уми асри гузашта чӣ бадбахтиҳоро оварданд. Ин барои мо дарси ибрат буд ва зиндагии осоиштаву хушбахтона бошад орзуву мақсади азалии  мардум аст.

Мардуми Тоҷикистони  соҳибистиқлол аз ҷониби кӣ ва киҳо ба амал омадани бадбахтиҳои солҳои  90-умро ҳеҷ гоҳ аз хотир намебарорад. Ин амал аз ҷониби гурӯҳҳои «Ал – қоида», «Ҳизби таҳрир», «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон», «Толибон», «Ҳизби исломии Ӯзбекистон» ва  монанди  инҳо бо пули аҷнабиён  ба вуҷуд омада  буд. Ин бадбахтиҳо кам буд, ки моҳи  сентябри соли 2015  бо роҳбарии Ҳоҷӣ Ҳалим Назаров ва Ҳизби  наҳзати исломии Тоҷикистон мехостанд табадулоти давлатӣ кунанд, аммо  тирашон хок хӯрд. Онҳо чун каждумони таги бурё ҳаёти  осоиштаи  мардумро  безобита кардан ва ба иқтисодиёт, рушди мамлакатамон   зиёни  моддиву маънавӣ расонидан мехоҳанд.

Акнун сардори ҲНИТ аз хориҷи кишвар истода таффакури  ҷомеаи моро вайрон  мекунанд. Ба суханҳои М. Кабирӣ», «Гуруҳи 24» мо ҳеҷ гоҳ боварӣ надорем, зеро агар онҳо  дилсӯзи  миллату халқ, дин бошанд дар хориҷа намеистаду балки ба Ватани худ баргашта, дилсӯз буданашро бо меҳнати ҳалол, дили пок, амали шоистаи худ нишон медиҳанд.

Аксарияти халқи Тоҷикистон дини исломро мепарастанд ва дар мазҳаби суннӣ мебошанд,  барои  ҳамин ақидаҳои пешниҳод намудаи ҲНИТ барои шаҳрвандони мо бегонаанд ва дар  кишвар ҷонибдорӣ ҳақиқӣ надоранд. Мо тарафдори роҳи  пешгирифтаи  давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол ва  сарвари азизи давлатамон  мебошем ва барои  гул-гулшукуфоии Ватани маҳбуб ва ҳимояти  обрӯю эътибори  ба тамоми ҳастӣ мекунем ва бо  овози баланд  мегӯем:

-Эй тӯдаи хомнони намакзадаи беватану бемодару бепушт, то  дариданатон ҷакидан гиред, зеро шумо  саги девонае беш нестед ва  садои сагу сайри ҳайвони  девонаро ҳамагон медонанд.

  

Кавраков М – омӯзгори МТМУ№5

Ҳеҷ овозе нест