Кишти баҳорӣ идома дорад

Кишоварзони ноҳия дар асоси Паёми Асосгузори сулҳу  ваҳдати миллӣ  - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон « Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ  ва хориҷии мамлакат» корҳои саҳроиро  ба роҳ монда, имрӯзҳо баҳри ба даст овардани ҳосили баланди зироатҳо , истифодаи самараноки замину об ва расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат таъмини  амнияти озуқаворӣ  шабу рӯз меҳнат намуда истодаанд. Хушк омадани тирамоҳу зимистон ва баҳори имсола деҳқононро гарчанде ба ташвиш оварда бошад ҳам, аммо онҳо аз  ин наҳаросида ҳамарӯза бо меҳнати аҳлонаи худ барои пешравии кори деҳқонӣ  заҳмат мекашанд.

  То имрӯз дар майдони 11244 гектар ғалладона аз он 10206 гектараш гандум, 876 гектар ҷав, 98 гектар лубиё 70 гектар маккаи дон кишт карда шуда, парвариш ва нигоҳубини ин зироатҳо дар заминҳои корами обӣ  хуб ба роҳ монда шудааст.

  Картошка дар майдони 200 гектар кишт шуда, давраи озуқадиҳӣ  ва обмонӣ  рафта истодааст. Дар соли равон аз ҳисоби КВД «Канат»  ба миқдори 107 тонна тухмии картошка ба ноҳия ворид карда шуд ва барои боз ҳам зиёд намудани майдони кишти картошка ва рӯёнидани ҳосили дилхоҳ заминаи боэътимод гузошта мешавад.

 Кишти полезӣ  низ босуръат давом дошта, дар майдони 530 гектар тарбузу харбуза шинонда шудааст. Чун ҳарсола дар мавзеи Кокул ва Сурхоб ба масъалаи кишти тарбузи зери плёнка диққати зарурӣ  дода шуда, деҳқонон саъю кӯшиш менамоянд, ки ҳар чӣ  зудтар бозорҳои ноҳияро бо  тарбузи аълосифат таъмин намоянд.

  Сабзавот мувофиқи дурнамо бояд дар майдони 1000 гектар кишт карда шавад. То имрӯз 750 гектар кишти сабзавот гузаронида шуд, ки аз он  400 га пиёз, 85 га сабзӣ , 74 га бодиринг, 70 га помидор, 55 га каду ва 50 га дигар навъҳои сабзавот кишт шудаанд ва рӯзҳои наздик низ кишти зироатҳои сабзавотӣ  пурра ба анҷом мерасад.

  Ба сабзавоти барвақтӣ  низ  диққати ҳаматарафаи деҳқонон дода шудааст. Ҳамин аст, ки ҳар сол бо истифода аз гармхонаҳои доимӣ  ва мавсимӣ  тамоми  бозори дохилии ноҳияро аз бодиринг, помидор ва дигар намуди сабзавотҳо  кишоварзон таъмин менамоянд.

  Яке аз масъалаҳои асосии кишти зироатҳои баҳорӣ  ин пахта ба ҳисоб меравад. Деҳқонони ноҳия мувофиқи дурнамо имсол бояд дар майдони 10000 гектар кишти пунбадона гузаронанд. Аз аввали баҳор тайёрии техникаҳо ва тухмипошакҳо барои кишт омода гашта, нисбати соли гузашта кишт 15 рӯз пеш оғоз ёфт. Имрӯзҳо дар майдонҳои кишти ноҳия 90 адад тухмипошакҳо ҳар рӯз ба саҳро баромада, аз 450 то 500 гектари пахта дар як рӯз кишт менамоянд. Бо боварӣ  метавон гуфт, ки рӯзҳои наздик кишти пахта дар ноҳия ба анҷом расонида мешавад.

   Барзгарон асосан  навъҳои беҳтарини пахтаи «Флеш», «Хатлон -12» «Хатлон – 13», «Хатлон- 14», «Неъмат», «Ориёӣ », «Хуҷанд», ки ҳосилнокии баланд дошта, ба иқлими ноҳия мутобиқ мебошад, кишт карда истодаанд.

  Мушкилии асосие, ки имрӯз тамоми кишоварзонро ба ташвиш овардааст, ин хушк омадани обу ҳаво ва кам будани  намӣ  дар таркиби хок мебошад. Махсусан дар заминҳои корами лалмии мавзеи Олимтой, Ӯртабуз, Сайёд, ки ғалладона кишт шудааст, норасоии намӣ  боиси  кам гаштани ҳосил ва хӯроки чорво гашта истодааст. Барои баромадан аз ин варта деҳқононро лозим аст, ки аз заминҳои корами обӣ  самаранок истифода намуда, дар кишти такрорӣ  ба кишти ғаллагиҳо ва хӯроки чорво диққати аввалиндараҷа диҳанд.

  Инчунин,  ба масъалаи самаранок истифодабарии  заминҳое, ки кишти беда гузаронида шудааст ба захираи хӯроки  зимистонаи чорво аз ҳозир тадбирҳои мушаххас андешанд.

Ҳеҷ овозе нест