Шарораро хомӯш насозӣ, ҷаҳонро бисӯзад

Имрӯзҳо ифротгароӣ ва терроризм яке аз амалҳои нафратовариҷаҳон ҳисоб меёбанд. Бахусус, амалҳои нафратовари гурӯҳҳои тундрави исломӣ ба монанди ТЭТ “Давлати исломӣ”, ТТЭ “ҲНИ”, ҷараёни салафия, “Ансорулло”, “Ҳизб-ут-таҳрир” ва боз чандин гурӯҳҳое, ки аз номи дини мубини ислом сухан гуфта, ба корҳои зидди исломӣ даст мезананд, бояд ягон мусалмони асилро бетараф намонад. Мо – тоҷикон аз асрҳои 8 – то имрӯз мусалмони комил буда, дар пешрафти ислом саҳми босазое гузоштаем. Мазҳабамон беҳтарин мазҳаби исломӣ буда, аз ҷониби тоҷики тоҷдор Нӯъмон Абўҳанифа – Эмоми Аъзам таҳрезӣ шудааст. Мазҳаби Ҳанафия мазҳаби андешагароӣ, яъне фоидаю зарари ҳар амалеро андеша карда, содир карданро талқин менамояд.

         Мо омӯзгорон, ки қишри босаводтарини ҷомеа ҳисоб мешавем, бояд шогирдонамонро дар роҳи ватандӯстӣ ва инсондӯстӣ тарбият намоем, зеро дар як ояти Қуръон омадааст. «Ҳубул ватани минал эмониҳӣ». Яъне «Дӯстдоштани Ватан аз ҷумлаи воҷиботи эмон мебошад».

         Агар дӯст доштани Ватан фарз бошад, чаро хиёнат ба давлату ватани худ мекардаем?

         Моро як даъвои гурӯҳҳои салафия бештар ба шӯр меорад. Онҳо маънои сураи «Шуъаро»-ро аз тафсири Қуръон хонда мегӯянд, ки шоирон кофаранд, аммо онҳо фаҳмише надоранд. Фикр намекунанд, ки ин сура кай ва барои кадом шоирон нозил шудааст, яъне гуфта шудааст. Гумроҳон намедонанд, ки Аҳмади Ҷомӣ, Саноӣ, Ҳофиз шахсони ба Ҳақ наздик – расида буданд, яъне масти ишқи Худованд буданд ва ҳар кирдори бадро маҳкум мекарданд.

         Дар ҳар гуфтаҳояшон талқини омӯзиши ахлоқ аз Қуръон тарғиб менамуданд. Мисол, Ҷалолиддини Балхӣ мегӯяд:

         Кардам аз ақл савол ин, ки чӣ бошад имон?

         Ақл бар гӯши танам гуфт, ки имон адаб аст.

         Ё Ҳофизӣ ширинкалом мефармояд:

         Ҳофизо, илму адаб варз, ки дар маҷлиси шоҳ,

         Ҳар киро нест адаб, лоиқи сўҳбат набувад.

         Саъдии бузургвор фармуда:

         Баннї одам аъзои ҳамдигаранд,

         Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

         Ё Нуриддини Шамсӣ, яъне банда оиди ин мавзӯъ мегӯяд:

         Дур бош аз беадаб то метавон,

         То ки бошӣ аз бадиҳо дар амон.

Нуриддин Шамсӣ, омӯзгор, шоир

Ҳеҷ овозе нест