Фиррорӣ ё Гумpoҳ

Эй ки дунӣ кардаю аз кишвари худ меравӣ,

В-аз фусунҳои рақибон несту нобуд мешавӣ.

Болу пар бикшода бо фармони онҳо мепарӣ,

Карда террор қалби чандин бегуноҳон медарӣ.

Аз ҷафокорӣ хароб гардида ҳар тори асаб,

Гашта гумроҳ, рӯйи худ гардонда аз аслу насаб.

Дар бағал пинҳон намуда санги бухлу кинро,

Бишканӣ аз баҳри маблағ шишаи оинро.

Аз ғаниматҳои бепоён натарсидӣ чаро?

Ё барои қонеи нафс манбае дидй варо?

Ёд н - овардӣ зи панди халқ, к-охир гуфтааст:

«К-андаруни бешаи холӣ паланге хуфтааст».

 Ҳар кӣ созад гар хиёнат дар ҳаққи Модар-Ватан,

Бо дуои қалби сӯзон халқ гӯяд одатан:

«Кӯр созад носипосӣ мардумони дидаат,

Бишканад шохи ҷавонит в-аз «ҷав»-и коридаат».

(Фариштаи Фархорӣ)

Миёна: 5 (2 votes)