8 март - рӯзи модарон

Санаи 7-уми март дар Қасри Фарҳанги ноҳия бахшида ба "Иди Модарон - 8 март" барномаи фарҳангию фароғатӣ бо иштироки санъаткорони Хонаи Маданияти ноҳия баргузор гардид. Дар барнома Раиси ноҳия, роҳбарони корхонаву муассисаҳо ва тамоми занҳои фаъоли ноҳия иштирок доштанд. Раиси ноҳия барномаро оғоз намуда, аз номи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми занону модаронро ба ин рӯзи баҳорашон табрику таҳният гуфта, дар пешравии кору зиндагии онҳо муваффақиятҳо орзу намуд. Раиси ноҳия Раҳматзода М.Р. дар арафаи ҷашни Иди модарон ба 180 нафар занони фаъоли ноҳия туҳфаҳои молӣ ҳадя намуд.

DSC04070.JPG
Инчунин дар маҷлисгоҳи Китобхонаи марказии ноҳия семинар байни кормандони Қасри фарҳанг доир гардид. Дар рафти ҷаласа ба ҳамаи занони кормандони бахши фарҳанг туҳфаҳои идона тақдим карда шуд. Шуъбаи Иттифоқҳои касабаи Бахши фарҳанг ду нафар кормандони бахшро ба нафақа гусел намуданд. Дар поёни ҷаласа  ба иштирокчиён номераҳои мусиқӣ пешниҳод карда шуд.
DSC04050.JPG
DSC04065.JPG
Ҳеҷ овозе нест