Ҷавоб ба барномаҳои фаҳшу аблаҳонаю аҳмақонаи Шарофи носфурӯши фархорӣ.

Бале, воқеан ҳам нотавону ҳақиру нафратзада аст, касе  ки бадбахтиашро дарк карда наметавонад. Ҳақиқатан Шарофи носфурӯши фархорӣ аз зумраи чунин аблаҳону калахарони тоҷик будааст.

         Ҳайфам меояд, ки ту аблаҳи кундапих аз миллати ман ҳастӣ! Дар барномаҳои ҳароми  пештараат мисли кадом як девона ҳақорату дашном мекардӣ. Онҳое ки чунин барномаҳоро барои тӯи саг муҳайё мекарданд, мегӯям, ки онҳо ҳам ту барин аблаҳу бемағз ва аз сифати одамӣ дур ҳастанд. Ту, Шароф бо мухбири радиои Озодӣ Гулчеҳрабонуи мисли ту фурӯхташудаи миллат суҳбат кардию як маротиба аз ту напурсид, ки туро хонаат бурданд, пешвозат гирифтанд, ту нон карда ҳамсояҳоятро даъват кардӣ, очаҷонат аз ҳукумат, аз Пешвои муаззами миллат миннатпазирӣ намуд, оё касе  аз ҳукумат, амният ва дигар мақомотҳо ба тую очаат фишор оварданд, таҳқир карданд? Гулчеҳрабонуи мухбири радиои Озодӣ бояд ҳамин хел аз ту беномус мепурсид, ки напурсид, чунки ӯ ҳам мисли ту кӯри худу бинои дигарон  шудааст, ба хотири пул.

         Ҷаноби Олӣ ҳанӯз дар Паёми охиринашон аз таҳиякунандагони қонун хоҳиш карданд, ки онҳоеро ки гумроҳ шуда дар хориҷа гаштаанд, даъват кунед, ки ба пеши зану фарзандону падару модаронашон баргарданд, бахшиш карда мешаванд. Медонӣ Шарофаки ноқисулақл, ки чунин ғамхориро танҳо Пешвои азизи миллат, ки дили бузург дорад, карда метавонад, на каси дигар!

         Дар воқеъ ҳар кас мувофиқи ақлу фаросат ва саводе, ки дорад, гап мезанад. Гапзанию муроҷиаткунии туро гӯш кардаму, ҳатто ба худам ҳайфам омад, ки тӯи нобакорро гӯш карда истодам. Ту, шарм надошта мегӯӣ, ки 50 фоизи интихобкунандагон берун аз Тоҷикистонанд. Мо мехоҳем, ки Тоҷикистонро бо дастони худамон бисозем. Наход, Шарофи беақл, ки ҳоло як санга болои санге барои Тоҷикистон нагузоштааст, ин кишварро бо дастони худашон месохта бошанд?!!! Ту аблаҳ тавассути шабакаҳои дунёӣ Тоҷикистонро тамошо мекунӣ, омадию бо чашмони бегонабини худат дидӣ, ки Тоҷикистонро чӣ қадар оростаю пероста кардем. Ту палидак мегӯӣ, ки ман мардумро муттаҳид мекунам, амалиёти «ватан» ва «ватандор» мегузаронем. Охир, ин ҷо ҳама муттаҳиданд ва хушбахтона зиндагӣ  мекунанд. Дигар ин ки ту бо очаат иттиҳод карда натавонистию дигаронро чӣ тавр муттаҳид мекунӣ?! Ту иблисак мегӯӣ, ки ман ҳеҷ гоҳ хиёнат накардаам ва хиёнат дар пӯсту хуни ман нест. Охир, аз ин дигар хиёнат мешавад, ки ҷавононро ба ҷанг даъват карда истодаӣ, ба мурдан. Ҳарчанд, ки касе  аз ҷавонони тоҷик ба ин сафсатаҳои ту бовар надоранд, лекин ҳастанд мисли ту бесаводу гумроҳ, ки ба доми ту меафтанду бо ҳамин ҳаёташон месӯзад. Ту кундапихи беақл тарзе гап мезанӣ, ки гӯё Афлотуни замон бошӣ. Охир, туро ҳама мешиносанд – ку! Ту беақл кӣ ҳастӣ?!!! Ман ҳайронам, ки ту Тоҷикистонро аз кӣ озод мекардаӣ?!!! Ё тавба! Қурбоқа, не ғуки таги хокӣ ҳам худашро асп гумон карда, ба пояш наъл задаст. Як ба ақлу донишу фаҳмишат назар кун!

         Бисёр интизор шудам, ки апаи Гулчеҳрабонуи ба радиои Озодӣ садоқат дошта ақаллан аз ту беақл мепурсид, ки «Шароф, Шумо чӣ ихтисос доред, дар кадом самти илми сиёсатшиносӣ фаъолият доред? Ба Тоҷикистон чӣ хизмат кардаӣ, ки дума хода карда дар хориҷа мегардӣ? Гулчеҳрабону напурсид, ки напурсид. Чунки ин хонум асолати журналистро  ҳам  намедонистааст.

         Ту Шарофи аблаҳ, шарм надошта (кадом аблаҳ шарм дошта буд, ки ту дорӣ) ба ҷавонони Тоҷикистон муроҷиат карда «Ман ба шумоён ҷавонон умед дорам» гуфтагит хара ханда меояду буза бозӣ. Ту, то ҳол намедонистаӣ, ки барои инсон ҳеҷ ҷое азизтар аз хонаи худ нест. Мегӯянд душмани қаттоли одам худи ӯст. Агар савод медоштӣ, аз ин душман наҷот меёфтӣ, чунки хондан  наҷот  аст.

         Дар охир камина ба ҳамон омӯзгороне, ки туро 11 сол дарс гуфтанд, пурсиданиам, ки атрофии ин шогирди сиёҳпешаатон чаро хомӯшед, наход ба суханҳою барномаҳои ин таълимдодаатон чизе гуфтанӣ надошта бошед?!!!  Ё Тоҷикистон танҳо Ватани «Пайк» аст!

        

                            Маҷидзода А.

Ҳеҷ овозе нест