БЕГОНАПАРАСТ НАБОШЕМ

Яке аз дастовардҳои  истиқлолияти давлатӣ ин ба даст  овардани давлатдорӣ мебошад. Танҳо тавасути давлатдорӣ ҳар миллате метавонад сохти сиёсӣ,иқтисодӣ ва низомӣ ҳуқуқии миллиро дошта бошад. Ба даст овардани давлатдории миллӣ падидаи бузург ва нодири истиқлолият мебошад. Имрӯзҳо дар ҷаҳони муосир хатари тероризм ва гуруҳҳои ифротӣ яке аз масъалаҳои мубрами сиёсати ҷаҳонӣ ба шумор меравад.Ин падида кулли ҷомеашиносон ва сиёсатмадорони ҷаҳонро ба ташвишу таҳлука андохтааст. Бархе аз ҷомеашиносон ин падидаҳоро тамоман ба ислом алоқаманд медонад.Барои ҳамин ҳам солҳои охир диққати олимони диншинос ба ислом ва нақши он дар раванди сиёсати давлатҳои мусулмонӣ нигаринода шудааст.Мутаасифона чунин созмону ҳаракатҳо зарфи чандинсолаҳост,ки муҳити Тоҷикистон моро низ фаро гирифтаанд ва чанд тан ҷавонони гумроҳгаштаро ба коми худ кашиданд.

Аз нигоҳи коршиносон ин соҳа имрӯз касоне ба ин ҷараёнҳо гирифторанд, ки ҳанӯз чӣ будани ҳаёту зиндагиро намедонистанд ва бо андаке тарғибу ташвиқи бегонагон худро ба ин варта андохтанд. Дар Тоҷикистони мо истиқлолияту озодӣ нисбат ба дигар Ҷумҳурии собиқи шуравӣ гаронтар ба даст омад.Маҳз туфайли чунин камандешагии баъзе ҷавонону дигар кишварҳои аҳолӣ мо ба ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гаштему ба куштору ғорати якдигар андармон гардидем.

Хушбахтона, туфайли ақли фарзандони фарзонаи миллат, ки Худованд ҳамчун ҳадя онҳоро барои миллати мо додааст, дар зарфи барои таърих ҳеҷ дар Тоҷикистон мо сулҳу субот пойдор гардид. Суханони пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати Миллӣ, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар боварию эътимоди ӯро ба ҷавонон тасдиқ менамояд, ки гуфтааст: “Аксарияти  аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи давлат ва миллат мебошанд”.

Мувофиқи маълумотҳои иттилоотӣ имрӯзҳо зиёда аз 1000 нафар тоҷикон ба гуруҳои экстремию терористӣ дар сафи ҷанговарони бо ном “Давлати исломӣ” шомиланд ва дар муборизаҳои мусалаҳонаи давлатҳои Сурияву Ироқ иштирок  доранд. Туфайли заҳмату талошҳои пайгарони сарвари давлат чанде аз ҷавононе,ки дар муассисаҳои динии мамолики исломӣ таҳсил мекарданд, ба Ватан баргардонда шуданд. Магар падару  модарони чунин ннаврасон намедонистанд, ки оқибати ин корашон барои миллаташон хавфу хатар эҷод менамояд. Чаро чунин ҷавонон дар Тоҷикистон, ки барои омӯзиши ислом тамоми шароитҳо муҳайё карад шудаанд намеомӯзанд. Агар ин гуна ҷавонон барои чунин амалашон баҳонаи ҳалли масоили иқтисодиро карда бошанд, чаро андешаи онро намекунанд, ки серию пурӣ ва зиндагии хушу гуворо фақат туфайли сулҳу осоиштагӣ муяссар мегардад. Ё ин ки агар сабаби дигари чунин ҳизбу ҳаракатҳо шомил гардидани онҳо барои пойдорию покии ислом бошад, чаро намояндагони ин ҳаракатҳо дар давлати Афғонистон дар толоре ки мардуми мусулмон ҷашни мавлуди Пайғамбари ислом Ҳазрати Муҳаммадро ҷашн мегирифтанд, таркиш ба амал оварданд ва чанд тан мардумони бегуноҳ қурбони ин фалокат гардиданд. Ҳамаи амалу кирдорҳои гуруҳҳои экстремию терористӣ гувоҳи онанд, ки онҳо на барои покии дин, балки аз нодонию ҷаҳолат даст ба чунин кирдорҳо задаанд. Мо зиёиёни кишвар дар андешаи онем, ки сабаби ба чунин падидаҳои номатлуб даст задани ҷавонон аз нигоҳи равонӣ пурра аз нарамидани мафкураву ҷаҳонбинии онҳо аст.

Бинобар ин имрӯз мо аз насли калонсол,ки чандин ҳодисаҳои ногувори зиндагиро диданд, даъват ба амал меорем, ки дар тарбияи солими насли наврас саҳмгузор бошанд, то ки дар ҳамҷоягӣ ин Ватани кӯчаги худро ободу зебо гардонем.

То абад бахту саодатро нигаҳ дорад Худо,

Шодмониҳои қисматро нигаҳ дорад Худо.

Хуни дил хӯрдем, то ваҳдат ба даст овардаем,

Аз шикастан дасти ваҳдатро нигоҳ дорад Худо.

 

Х.Эшонова,                  Директори МТМУ-и №37

                                             Ноҳияи  Фархор

Ҳеҷ овозе нест