Исломро аз диди худаш бояд дид

«Ислом дини инсофу адолат, сулҳу ваҳдат талқингари ахлоқи ҳамида ва маънавияти созанда буда, ҳама аъмоли зишту харобиовар, озору шиканҷа, хушунату зуроварӣ ва қатлу ғоратро маҳкум менамояд ва хилофи зуҳуроти манфию таҳдиду хатарҳои муосир, аз ҷумла терроризм ва экстро   мизм мебошад».

Эмомалӣ Раҳмон.

Исломро Худованд дини беолоиш ва пок фирқон ба сӯи заминиён-одамон фиристонда, нозил кард, то мо аз фармудаҳои он зиндагиамонро дуруст ба роҳ монем. Агар ии тавр намебуд, аввалан Худо худашро ошкор намекард ва баъдан на ислом ва на Қуръонашро халқ намекард. Дар исломи Муҳаммадӣ ва Куръони худаш ҳазору як нишондоди зиндагии дуруст талқин шудааст. Ислом ҳеҷгоҳ дини яхтарафа набуд ва намебошад. Аз тарафи дигар ин дини ростин ҳуқуқҳои умматони ягон дини дигарро ишора ба поймолӣ накардааст. Он қадар бузургу ростин аст, ки дар тӯли беш аз як ҳазору чорсад сол хостанд аз байн барандаш, лек натавонистанд. Баръакс, қудраташ тавоно ва ростию дурустиаш барои заминиён маълумтар, рушантар шуд. Ҳамин буд, ки ҷонибдоронаш на танҳо дар кишварҳои мусулмоннишин, балки дар дигар кишварҳои ғайримусулмонӣ рӯз аз рӯз афзуда истодааст. Ҳазрати Ҳофиз дар як ғазалаш мефармояд.:

 Дар азал партави ҳуснаш зи таҷалло дам зад,

Ишқ пайдо шуду оташ ба ҳама олам зад.

Ҷилвае карду рухат дид малак ишқ надошт,

 Айни оташ шуд аз ин ғайрату бар одам зад.

Ҳадафи Хоҷа Ҳофиз аз ин мисраҳо мазмуни ҳамон ҳадиси набавӣ аст, ки мақсад аз офариниши инсон шинохти худашро исбот мекунад:

«Ман ганҷи пинҳон будам, хостам, ки дониста шавам, инсонро офаридам», - мегӯяд Худо. Ин, мегӯяд Худованд, муҳаббати бепоёне буд, ки ман нисбат ба офаридаи худам ҳазрати Одам доштам, ки сидқан ифода кардаам.

Дар бузургии ислом ҳеҷ хел шак нест. Ҳама бузургони олами маънавии Шарқ ҳар он чӣ гуфтанду навиштанд, маншаъ аз Қуръони Худо ва аҳодиси Набавӣ бардоштаанд. Ва дар зимни он гуфтаҳо хубу дилписанд сухан офаридаанд. Мардумро ба якдигарфаҳмӣ ва дӯст доштани зиндагӣ даъват кардаанд.

Аҳсан ба Ҷаноби Олӣ Президента кишварамон Эмомалӣ Раҳмон, ки дар як ҷаласаи байналмилалӣ дар ширкати намояндагони тамоми кишварҳои дунё исломро ҷасурона ҳимоя карданд, исломро дини ғарқи ахлоқ. дини сулҳпарвар дониста ҷонибдорӣ карданд.

Бубинед, Мавлавии Балхии Румӣ, яке аз орифони олами ислом аз мардум чӣ тавалло мекунад:

Биё то қадри якдигар бидонем,

Ки то ногаҳ, зи якдигар намонем.

Каримон ҷон фидои дӯст карданд,

Сагӣ бигзор, мо ҳам мардумонем.

Файласуфи бузург Хайёми Нишопурӣ, ҳам ин ҳадафро ҷонибдорӣ мекунад: «Максуд зи ҷумла офариниш моем» ... Пас, им рӯз чӣ сабабҳо восита мешаванд, исломи нобро на аз нигоҳи худаш, балки аз нигоҳу фармудаҳои душманони дин қабул карда истодаем. Чаро аз пайи наҳзатию равняи таҳмилии салафӣ ва боз ким кадоми дигараш» меравем?!. Ҳар кадоми инҳо ҷонибдорони худро бо кадом роҳе набошад, ёфтанд ва исломи қабул кардаи худро ба хотири пулу пайсаи хочагонашон дар байни мардум ривоҷ додан мехоҳанд. Аз он бехабар, ки дар байни мардум тафриқа андохтан аҷаб гуноҳи азимест, Яке аз олимони маъруфи ислом Имом Ғаззолӣ дар зимни  ҳамин маънӣ бисёр гуфтаи хубе дорад. Шумоён азизон, хуб андеша кунед, исломе ки Имом Ғаззолӣ қабул дошту мепарастид, нисбати як мусалмон чӣ таъкид мекунад: «Ҳар гоҳ қасеро дидӣ, ки нисбат ба Худо сӯзан дошт, пас бидон, ки ӯ ботини хабис дорад, дар ҳоле ки муъмин  касест, ки қалбаш  дар ҳаққи  ҳамаи мардум, солиму беғаш бошад».

Диққат кунед, иммоми бузург чӣ таъкид мекунад: «... қалбаш дар ҳаққи ҳамаи мардум солиму беғаш бошад».

Азизон, як самти сохти давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол дунявият мебошад. Дунявият чӣ мегӯяд? Мегӯяд ки миллате, ки дар сохтори давлатдорӣ маро маҳбул донистаанд, пас ягон дин ҳаққи ба сари қудрати давлатдорӣ талош карда омадан надорад. Дар навбати худ дунявият ҳам ба пешрафти дилхоҳ, дин монеъ намешавад. Бале, намешавад ва нахоҳад шуд.

Акнун, хонандаи азизи ман, як андеша намо, ки дар кадом деҳаю кӯчаи мо масҷид нест. Ман мегӯям, ки мо деҳаҳое дорем, ки то 2-3 масҷид доранд. Худ аз руи мусулмонӣ қазоват кунед, ки пеши амалҳои мусулмонии киро гирифтаанд? Шумо шоҳид ҳастед, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи рушди дин чӣ хизматҳое накардаанд, ки лозим ба номбар карда ни онҳо нест. Аз тарафи дигар дунявият ҳаёт, ки дар кишварамон арзишҳои волои мардуми Тоҷикистон ҳифз мешаванд ва онҳоро Конститутсияи (Сарқонуни) миллат  ҳифз мекунад. Пас дигар чӣ мехоҳем?!

Шайх Саъдӣ мефармоянд;

 Тоат он нест, ки бар хок ниҳӣ пешонӣ,

Сидқ пеш ор, ки ихлос ба пешонӣ нест.

Бисёр таассуфовар аст, ки иддае аз муллоҳои мо дар амри маъруф ва наҳии мункар худро дар куҷо ҳис мекунанд, чӣ мегӯянд, ба мардум чӣ мефармоянд, худ намедонанд. Ба хотиратон меорам, ки ҳамон ҷангҳои шаҳрвандӣ, ки аз cap гузаронидем маҳсули чунин доираи танги фаҳмондадиҳиҳои ҳамин хел муллоҳоямон буд. Оқибати ин фармудаҳоятонро андеша кунед. Агар кадомеатон хилофи давлатдорӣ амал карда, дар байни мардум тухми низоъ мекоред, ҷомеаро ба шур овардан мехоҳед, вой бар ҳолатон! Ба ҷазои Худованд гирифтор хоҳед шуд, ки Худо шуморо намебахшад. Ҳадафҳои исломро вобаста ба талаботи дунявият беғаразона, на муғризона ба мардум фаҳмондан лозим аст. Гумон мекунам ин беҳтарин савоб аст. Беҳтараш сарҷамъона ба тарбияи фарзандон машғул шавем, дар фикри дар куҷо таҳсил кардани онҳо бошем. Охир, онҳо идомаи ҳаёти мою шумоянд. Назорат кунем, ки онҳо ба доми ягон салафию наҳзатии қурдилу тангназар наафтанд. Ҳеҷ гоҳ аз хотир набарорем, ки Тоҷикистони ҷононро ба баҳои ҷони ҳазорҳо ҳаммиллатонамон ба ин дараҷа расонидем. Мусулмоние, ки диишчиёни Сурия бо роҳи қатли ом ташкил карданианд, гумон мекунам ягон тоҷик хоҳони чунин мусулмонӣ нест. «Дар Қуръони карим омадааст, ки: «Сулҳ, беҳтарин неъмат аст », пас чаро баъзе «савобгирҳоямон» аз ин фармудаи Худо рӯй мегардонанд? Анилҳамдуллоҳи биссавоб.

А. МАҶИДЗОДА.

Миёна: 5.5 (2 votes)