Дар Душанбе ҷаласаи хотимавии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати панҷум баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 28.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар давраи ҳисоботӣ дар 24 ҷаласаи Маҷлиси намояндагон аз рӯйи 171 масъала қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд. Аз ҷумла, 97 қонун ва тағйиру иловаҳо ба қонуну кодексҳои амалкунанда, 23 созишномаи байниҳукуматӣ ва дигар барномаву санадҳо ба тасвиб расида шуданд.

Ин нуктаро Раиси палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров имрӯз, 28 июн зимни баргузории ҷаласаи хотимавии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум баён дошт.

«Шукурҷон Зуҳуров зикр кард, ки кумитаву комиссияҳо дар якҷоягӣ бо шуъбаҳои Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон як силсила қонунҳои мукаммалро таҳия ва таҳлилу баррасӣ намуданд, ки дар ҷаласаҳои ин мақоми олии қонунгузор қабул шуданд», — иттилоъ дод котиби матбуоти палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба мухбири АМИТ «Ховар».

Раиси Маҷлиси намояндагон бо натиҷагирӣ аз фаъолияти солонаи ин ниҳод гуфт: «Агар моҳиятан ба ин қонунҳо назар андозем, равшан мегардад, ки онҳо ба рушди соҳаҳои муҳимтарин, аз ҷумла иқтисод, кишоварзӣ, чорводорӣ, иҷтимоӣ, бонкдорӣ ва фарҳанг мусоидат менамоянд».

Зикр гардид, ки ҳар як тағйиру иловаи воридшуда ба беҳтар гардидани фаъолияти соҳаҳои алоҳида ва такмили низоми қонунгузории мамлакат мусоидат менамояд.

Бояд зикр намуд, ки дар ин давра аз ҷониби вакилони мардумӣ доир ба масъалаҳои муҳимтарини қонунгузорӣ, иҷрои қонунҳо, шартномаҳои байнидавлатӣ, созишномаҳои қарзию грантӣ, низоми идоракунии маблағҳои буҷетӣ ва амсоли инҳо муҳокимаҳои парламентӣ, соати парламентӣ, мизҳои мудаввар ва хониши вакилӣ баргузор карда шуд.

Ба гуфтаи мавсуф, рӯйдоди муҳимтарин дар давоми ҳар як иҷлосияи Маҷлиси намояндагон, бегуфтугӯ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ки муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти сокинонро тавзеҳ медиҳад.

«Татбиқи комил ва саривақтии Паёми Сарвари давлат метавонад дар ин гирдоби бархӯрдҳои иқтисодию сиёсӣ ва низомию геополитикӣ миллати тоҷикро муттаҳид ва давлати Тоҷикистонро ба зинаҳои баландтари иқтисодию иҷтимоӣ раҳнамун созад. Зеро Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ҳамаи муҳимоти сиёсати пешгирифтаи давлатро вобаста ба масъалаҳои мухталиф таҳлилу баррасӣ намудаанд», — афзуд Раиси Маҷлиси намояндагон.

Дар маҷмӯъ, — гуфт Шукурҷон Зуҳуров, натиҷаи кори Маҷлиси намояндагон дар давраи даъвати панҷум ин аст, ки дар Тоҷикистон ҳизбҳои асосии парламентӣ устувор шуданд. Аз шаш ҳизби сиёсии  мамлакат, ки имрӯз дар парламент намояндагони худро дорад, чортояш ҳамонҳоеанд, ки дар даъватҳои гузашта низ ҳузур доштанд.

Ҳеҷ овозе нест