Назҳатиҳои ноором

Имрӯз инсоният дар рӯ ба рӯи як қатор проблемаҳои ҷаҳонӣ қарор дорад, ки ҳалли онҳо кори ҳамаи давлатҳои хурду бузурги ҷаҳон аст.Инҳо проблемаҳои амнияти аҳолии кӯраи Замин, болоравии экстремизм (ифротгароӣ) ва терроризм, ҷиноятҳои трансмиллӣ, таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нӯшониданӣ ва ғизои  солим, ҳифзи саломатии аҳолӣ аз ҳама гуна бемориҳои сироятӣ, танзими масъалаҳои демографии ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва ғайра мебошанд.

     Сарвари хирадманд ва сулҳоварӣ мо, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи суханрониҳояшон оиди пешгирӣ ва таҳдиду хатарҳои ҷаҳони имрӯза таъкид менамоянд ва ҷомеаи башар ҳушдор медиҳанд. Аз ҷумла, дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси олӣ аз 22.12.2017, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, ки «Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромию низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид».

     Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайри инсонии террористӣ ва ифротгароён қарор гирифт.

Дар даҳсолаҳои охир чунин ҳодисаҳои ифротгароӣ то чанде васеътар доман паҳн мекунанд, ки ба тасаввуроту фаҳмиши динию мазҳабӣ алоқаманд мебошанд. Мақсади ифротгарони динӣ ва ҷонибдорони онҳо аниқтараш хизматгорони онҳо, ин бо роҳи зурӣ дар ватани маҳбуби мо тағйир додани сохти давлатдорӣ-конститутсионӣ ғасби ҳокимият ва барҳамзадани истиқлолияти сиёсӣ, дастовардҳои миллӣ ва якпорчагии давлат равона карда шуда,таъминот ва рамзҳои диниро ҳамчун омили ба тарафи худ ҷалб намудани одамон ва суистифодаи онҳоро дар мубориза оштинопазир истифода мебаранд. Ифротгароён асосан аз ҳисоби хоҷагони хориҷӣ маблағгузори ва идора карда мешаванд ва  ин маблағҳо на барои рушду пешрафт ва ободии давлат, балки барои ноором сохтани ҷомеа ба ҳар роҳу восита, бо нақшаҳои пешакӣ тарҳрезӣ гардида, истифода мешаванд. Мисоли равшани чунин амалҳои номатлуб фаъолияти ҲНИ мебошад, ки баъди фош гаштани мақсадҳои ғаразнокаш фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби террористию экстремистӣ, ифротгаро бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми сентябри соли 2015 қатъ карда шуд.

    Ифротгароӣ дар кадом шакле, ки набошад ё динӣ ё дунявӣ, аз ҷониби ҷомеаи мутамаддини мо он ҳеҷ гоҳ қабул намегардад, чунки ин зуҳуроти хунбор ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ваҳшиёна поймол мекунанд. Ифротгароӣ асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон намуда, ба амнияти давлат, минтақа, ба тамоми ҷаҳон таҳдид мекунад.

    Барои ҳамин ба муқобили ифротгароӣ бояд ҳам ҷомеа ва ҳам давлат мубориза баранд ва баҳри дафъу решакан гардонидани ин марази маргзо аз тамоми имкониятҳои маънавию иқтисодӣ, сиёсӣ ва қудрати хиради аъзами миллати тоҷик сафарбар гарданд.  Дониста бошем, ки назҳатиҳо-ин гуруҳи бадхоҳи пешрафти давлати мо ҳаргиз оромии давлату халқи азизи моро намехоҳанд.

   Ҳар он кас ки дар ин муборизаи шадид мавқеи бетарафӣ меҷӯяд на ҷавонмард асту на ватандор, балки каждуми таги бурёанд.

 

         Фозил С.

         Омӯзгори МТМУ №64

 

Ҳеҷ овозе нест