АЪЗОЁНИ НАҲЗАТ – АЪЗОЁНИ ГМҶ

Агар мо ба давраи ҷангҳои шаҳрвандии мамлакатамон ёдовар шавем, дар ёд меояд, ки чи гуна аъзоёни наҳзат ба бетартибию ғоратгарӣ сарсон буданд. Ҳадафи аслӣ аз таъсису бунёди ҳизби номбурда бояд огаҳ сохтани мардум ҷиҳати арҷгузорӣ ба дини муқаддаси ислом ва мутобиқи муқаррароти ин дин таъмини ваҳдату осоиштагӣ ва ба ин васила раҳо сохтани мардум аз зулумоту ҷабру ҷафо мебуд. Аммо, баръакс номи ин ҳизб ва роҳбарони он дар лавҳаи хотироти мардуми азияткашидаи тоҷик ҳамчун яке аз ташкилотҳои сиёсие, ки дар мамлакат нооромиҳо ва ҷанги бародаркуширо ташкил кардааст, нақш бастааст. Дар нахустин рӯзҳои таъсиси ҲНИ ошкор шуд, ки маҳалбозӣ ва гурӯҳбозии саркардагони ин ҳизб ба ҷуз тафриқаандозӣ, талоши мансабу мақом ва ноил гардидан ба ҳадафҳои нопоки худ чизи дигаре нест.

Намояндагон ва роҳбарони ҲНИТ дар ҳамон вазъияти муташанниҷи сиёсӣ баҳри соҳиб шудани тахту тоҷ ҳама гуна услубу роҳҳои ваҳшиёнаро мавриди истифода қарор додаанд. Барои ноил гаштан ба аҳдофи разилонаи хеш аъзоёни фаъоли ин ҳизб зиддиятҳои маҳаллиро истифода карда, Тоҷикистонро ба хуни ҷанги бародаркушӣ оғушта ва ба вартаи ҳалокату нобудӣ дучор намуданд, ки қариб буд давлати навинистиқлоли кӯчаки тоҷикон аз харитаи сиёсии ҷаҳон маҳв гардад. Хушбахтона, хатари нобудӣ бо ҷонбозиҳои пайвастаи фарзандони миллат пешгирӣ карда шуд ва дар кишвари ба хун оғушта парчами сулҳу салоҳ барафрохта шуд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ба эъдидол овардани вазъи сиёсии кишвар, новобаста аз хиёнаткориҳои ҲНИТ ба фаъолияти он дар сохтори ҳукуматӣ иҷозат дода буд. Соли 1997 сулҳу оромӣ фазои кишвари моро фаро гирифт ва нерӯҳои мухолиф тибқи санади ҳамдигарбахшӣ ва Созишномаи истиқрори сулҳ ваъда доданд, ки дигар ҳаргиз даст ба ҷиноят ва хиёнат ба Ватан нахоҳанд зад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҲНИ бори дигар имконият дод, ки фаъолияти худро қонунан оғоз бахшад. Тибқи Ойинномаи ба тасвиб расида ҲНИ мардумро бояд ба сабру таҳаммул, хайру саховат ва фаҳмондани аркони дини мубини ислом даъват менамуд. Тибқи созишнома нерӯҳои мухолифони тоҷик дар сохтори ҳукуматӣ соҳиби вазифаҳо гардиданд ва Ҳукумати кишвар тамоми тадбирҳоро андешид, то ки ҳодисаҳои замони ҷанги шаҳрвандӣ аз хотирот маҳв гардад ва душманиву адоват хотима ёбад.. Дар асл ин тавр нашуд ва бо дастури махфии роҳбарияти ҲНИ гурӯҳҳои ҷинояткори ин ҳизб дар ниқоби ислом даст ба ҷиноятҳои махсусан вазнин мезаданд. Баъди чандин маротиба дар қаламрави ҷумҳурӣ безарар гардонидани гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор аз ҷониби ниҳодҳои қудратӣ, ҲНИ худро бегуноҳ нишон дода, фаъолияташро идома медод ва вонамуд мекард, ки гӯё чизеро намедонад. Тӯли солҳои тӯлонӣ ҳизби номбуда ба ҳайси ҳизби сиёсӣ дар қаламрави кишвар фаъолият бурда, дар интихоботҳои сиёсӣ ширкат меварзид.

Ногуфта намонад, ки қисми зиёди аъзоёни ТТЭ ҲНИ – ин аъзоёни гурӯҳҳои муташакили ҷиноӣ ба ҳисоб мераванд.

Бойматов, омӯзгори МТМУ №27

Ҳеҷ овозе нест