Варзишгари тоҷик Фирӯз Мирзораҷабов чемпиони Осиё оид ба гӯштини юнонӣ-римӣ гардид

ДУШАНБЕ, 05.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавони тоҷик Фирӯз Мирзораҷабов дар рӯзи аввали Чемпионати Осиё оид ба гӯштин миёни наврасон, ки дар пойтахти Қазоқистон — шаҳри Нурсултон оғоз шуд, соҳиби медали тилло гардид. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ САФАРАЛӢ  ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрон ҚУРБОН хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ, Фирӯз дар вазни 55 кило дар намуди  гӯштини юнонӣ-римӣ дар даври аввал озод буд. Ӯ сипас бар варзишгарони Туркманистон ва Қазоқистон пирӯз шуда, ба финал роҳ ёфта, дар финал варзишгари ӯзбекистониро бо ҳисоби 4:2 шикаст дод. Ду ҷои сеюмро дар ин вазн варзишгарони Қазоқистон ва Ҳиндустон ишғол намуданд.

Хотиррасон  мешавем, ки дар рӯзи аввали чемпионат қувваозмоиҳо аз рӯи 7 вазн сурат гирифтанд. Варзишгарони мо дар 4 вазн гӯштин гирифтанд. Ду варзишгари дигари мо – Суҳроб Алимов дар вазни 45кг ва Давлатҷон Худойбердиев дар вазни 48кг сазовори ҷои панҷум шуданд.

Имрӯз қувваозмоиҳо дар се вазни боқимондаи гӯштини юнонӣ-римӣ (65, 71, 80) идома меёбанд. Дар ҳар се вазн гӯштингирони навраси тоҷик ширкат хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, ки  дар чемпионати мазкур  308 нафар варзишгарон аз 19 давлати қитъаи Осиё ширкат доранд. Гӯштингирони навраси қора дар намудҳои гӯштини озод (10 вазн), юнонӣ-римӣ (10 вазн) ва гӯштини занона (10 вазн) барои ҷойҳои ифтихорӣ талош мекунанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин чемпионат, ки то 7 июл идома меёбад, 13 нафар варзишгар намояндагӣ мекунанд.

Миёна: 6 (1 vote)