Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Намояндаи махсуси Президенти Россия оид ба масъалаҳои Афғонистон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 04.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. 4 июли соли 2019 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Намояндаи махсуси Президенти Россия оид ба масъалаҳои Афғонистон, Сардори Департаменти дуюми Осиёи Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия Замир Кобуловро, ки барои иштирок дар ҷаласаи машваратии байнивазоратӣ дар масоили ҳамкории муштарак дар самти Афғонистон ба мамлакати мо омадааст, ба ҳузур пазируфт.

Тавре АМИТ  «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба вазъи амниятии минтақа ва Афғонистон, мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ ва тавсеаи ин қабил ҳамкорӣ дар шакли дуҷониба ва дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Миёна: 6 (1 vote)