«Манфиати миллӣ» ва яккатозиҳои сиёсии глобалӣ

Новобаста аз ҷангҳои «гарм»-у «сард»-и асри гузашта, мувозинати сиёсӣ, бо туфайли иттиҳоди кишварҳои «Шартномаи Варшава» ва «Нато» (сиёсати дуқутба) то андозае  нигоҳ дошта мешуд. Дар асри навин ба души башарият мушкилоти миёншикан –нармшавии иқлим, фалокатҳои глобалии экологӣ, бемориҳои  номаълуми табобатнашаванда, таркишҳои демографӣ ва норасоии озуқаворӣ бор  шуданд.

Мутаассифона, ба ҷойи кӯшиши ҳал намудани ин мушкилот сиёсатмадорони пештози кишварҳои абарқудрат, ки имконияти садфоизаи ҳалли онро доштанд, ба тақсимоти  такрории ҷаҳон оғоз намудаанд. Ин нақшаи онҳо ба инсоният хеле гарон афтод. Барҳамхӯриву азнавсозии  системаҳои  нави ҳарбиву сиёсӣ ва иқтисодии ҷаҳон, афзудани минтақаҳои доғ дар сайёра, хоку туроб шудани  шаҳрҳои гул-гулшукуфону мавзеъҳои таърихӣ, даҳҳо ҳазор кушташудагон, миллионҳо гурезаҳои сиёсиву муҳоҷирон, беқурбшавии пул ва  кризиси иқтисодии  ҷаҳонии пай дар пай, паст шудани сатҳи зиндагӣ ва ғайраву ғайраву ғайраҳо.

Дар айни замон, сиёсати дуқутба, ки мувозинати сиёсии ҷаҳонро нигоҳ медошт, аз байн рафтааст, барои роҳандозии нақшаҳои яккатозии сиёсии сарони давлатҳои абарқудрат  роҳ кушодааст. Барои  ба ҳадаф расидан онҳо ҳама гунна қонуну қоидаҳои байналхалқиро сарфи назар мекунанд. Сиёсати дугона,  ихтилофандозӣ, заҳролудкунии афкор, дасисакорӣ, буҳтон амали ошкору  муқарарӣ гаштааст. Ҳамаи ин  амалҳо  зери  ниқоби дастгирии демократия, муҳофизати ҳуқуқи башар ва иқдоми башардӯстӣ  мегузарад.

 Мақсади асосӣ таҳлили яккатозии сиёсӣ, кушодани бозорҳои нави фуруши яроқ, зери нуфуз даровардани кишварҳои мустаъқил ва аз худ кардани захираҳои табии онҳо мебошад.

Ин мақсадҳо  бо ноҷавонмардтарин ва палидтарин усулҳо амалӣ карда мешаванд. Заҳролудкунии афкори шаҳрвандон, хусусан ҷавонони кишварҳои зери ҳадафафтода, ҷангҳои иттилоотӣ, ихтилофандозӣ ба воситаи ВАО ва интернет, кам гирифтан ва нодида гирифтани дастовардҳои ҳукумати кишварҳои зери ҳадаф, ихтилофандозии мазҳабӣ ва ақидавӣ, сармоягузории ин ихтилофот чунин аст номгӯи номукаммали  ин усулҳо, чунин мешуморанд, ки ҳадаф таҳлили ҷанги шаҳрвандӣ дар давлатҳои муваффақи исломӣ, яъне исломро бо дасти исломиён нобуд кардан аст. (Фаластин, Ливия, Ироқ, Сурия, Афғонистон, Эрон, Туркия). Вале ин  фикр на он қадар дуруст аст.

Манфиати миллиро абарқудратҳо аз ақидаву дину мазҳаб болотар мегузоранд. Онҳо ба  ҳамдинони худ низ чунин амалро раво мебинанд. (Осетия, Абхазия, Приднестровие, Украина, Венесуэла, Югославия)

Онҳо новобаста ба дину мазҳабу ақида, мухолифон, террористон, экстремистони кишварҳои зери ҳадафро дастгирӣ, сармоягузорӣ намуда, усулҳои ҷанги диверсионӣ, террористӣ ва даҳшатафканӣ гузаронида, ҳамзамон дар ҷамъомадҳои байналхалқӣ ин  амалҳоро маҳкум мекунанд. Чӣ дуруягие!

Баҳонаву буҳтон ҳама вақт ёфт мешавад: Яроқи химиявии Садам Ҳусейн, диктатории Муаммар Кадофӣ, нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон дар Сурия, Приднестровие, Югославия, Миср, Туркия, Эрон, Осетия, Абхазия, Афғонистон ва дигару дигар. Салафиҳои Ливия, ДИИШ-иён, Толибон, Мухолифини Ироқ, ҷудоихоҳони Қрим, Приднестровие,  Осетия, Абхазияро ки сармоягузорӣ, яроқнок ва дастурдиҳӣ мекарду мекунад? Чаро имконияти сад дар садди ҳабс ва мурофиаи судии Бен Ладен мавҷуд буду маъмурони амрикоӣ ӯро бо аҳли  оилааш куштанд. Магар имконияти бо  гази беҳушкунанда беҳуш кардани ӯ набуд. Буду, лекин дар суди  Бен Ладен бӯи бисёр сирҳои махфӣ  мебаромад. Ин ба ки даркор?

Азҳадгузарӣ дар беназмиҳо ба ҳадди ниҳоии худ расидаст. Анқариб аст, ки  абарқудратҳо худ дучори дастгирӣ шаванд, ки ин ба ҷанги ҷаҳонӣ инқирози башарият бурда мерасонад. Агар ақли солим, ҳалли  дипломатии мушкилот, таҳаммулпазирӣ  ғалаба  накунад, инсоният дар партгоҳи (ҷарӣ) ҳалокат истодааст.

Холов Р,

ҷонишин оид ба корҳои  тарбиявии  МТМУ№3 

Миёна: 6 (1 vote)