ТТЭ ХНИ ВА Ё ПАЙМОНИ МИЛЛИ ОПОЗИТСИЯ НЕСТ...

Тайи солҳои охир баъзе аз ташкилоту гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ махсусан, ташкилоти экстремистиву терророристии Ҳизби наҳзати исломӣ ва паймони миллӣ, ки гӯё роҳбарии онро яке аз инсонҳои беватану дарбадари Аврупо Муҳиддин Кабирӣ бар ӯҳда дорад, худ ва ё ташкилоту созмонҳои фасодзадаи худро ҳамчун мухолифин ва ё огппозитсия муаррифӣ менамояд, ки ин маҳз аз бехирадист.
Имрӯз ҷомеаи кишвари Тоҷикистон на танҳо ба номи ин созмонҳои ифротгаро балки ба ҳар аъзо ва шахсияти онҳо чун Кабирию Алим Шерзамон, Илҳом Ёқубову Сулаймон Давлатов, Шарофиддин Гадоев ва дигар пайравону подаравҳо нафрат мехонанд. 
Масалан дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук (ахборком) зери сарлавҳаи “Тарафдорони оппозитсияи тоҷикро аз ҷаласаи созмони милал берун карданд” хабаре нашр гардид, ки санаи 1-уми июл аз иҷлосияи Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Женеваи Швейтсария берун кардаанд. Ҳақ ба ҷониби ин созмонҳои байналмилалист. 
Аслан ин гуруҳу ташкилотҳо кайҳост, ки дар Тоҷикистон ғайриқонунӣ эълон гашта, мардум онро пурра маҳкум сохтаанд ва онҳо низ ҳеҷ гоҳ ҳуқуқи мухолиф ва ё оппозистсия гуфтан надоранд. Зеро онҳо ва ташкилоту созмонҳояшон низ саропо аз ҷиноят сохта шуда, ягон ҳадафи поке ба рушди Тоҷикистонро надоранд. Баръакс обрӯи Тоҷикистонро байни ҷомеаи ҷаҳони кишвар паст зада сангпартоӣ ба сӯи давлату ҳукумати Тоҷикистон мекунанд. 
Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистони азиз ҳеҷ эҳтиёҷе ба ин ташкилоту созмонҳои ифротгароро надорад ва беҳуда ҳам онҳоро аз иштирок дар ҷаласаи Женева берун насохтаанд. Меъморони девори каҷ рӯзе мешавад, ки аз хориҷи кишвар ҳам берун мешаванд ва чун сагону дайду на дар зери хок, балки дар партоб макон мегиранд.
Бобоҷони Хайриддин

Ҳеҷ овозе нест