ОҚИБАТҲОИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ

Терроризм, экстремизм, радикализм аз рӯи хусусиятҳояшон гуногун буда, мақсадашон як аст, кам кардани аҳолӣ дар рӯи замин мебошад.

 Ҷаҳони  имрӯза ба бузургтарин дардҳову фоҷеаҳо, фасодҳои ахлоқию иҷтимоӣ мушкилоти гӯшношуниди сиёсӣ, аз қабили ифротгароӣ, радикализм, экстемизм, терроризм, тафриқаандозӣ, зулму ситезаҷӯӣ ва ғайра гирифтор шудааст, ки ин ҳама аз зиёдахоҳиҳои инсону дур шудан аз асли хеш ва маданияту маънавиёт сарчашма гирифта, садди роҳи саодат ва зиндагии шоистаи инсоният гардида истодааст.

Тарақиёт ва дастовардҳои ҳар як кишвар ба захираҳои зеҳнӣ ва ақлии шаҳрвандон сахт алоқамандӣ дорад. Аз рӯи маълумотҳои оморӣ яҳудиён дар ҷаҳон зиёда аз 1300000 нафарро ташкил медиҳанд. Дар муддати 105 соли охир 180 нафар намояндагони ин милат соҳиби ҷоизаи Нобел гардидаанд. Теъдоди мусулмонон айни ҳол 1400000000-ро ташкил дода, танҳо 3 нафар соҳиби ин ҷоиза шудааст. Худ хулос бароред, ки аз ҷиҳати шумораи аҳолӣ 108 маротиба мусулмонон аз яҳудиён зиёд буда, аз онҳо 60 маротиба ин ҷоиза кам гирифта шудааст.

Бадбахтона дар як қатор давлатҳо аз костагии фаҳмишҳои динӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсии ҷавонони ноогоҳу камтаҷрибаи ҷомеа истифода намуда, нақшаҳои ғаразноки худро амалӣ намуда истодаанд. Ин ҳаракатҳо аз номи ислом амалӣ карда мешавад, ки ин дини мубини ислом бо ин бузургию беназирӣ, ниёз ба ҳизбу ҳаракатҳои расмию иртиҷоӣ ва ифротӣ надорад. Ислом роҳи саодату наҷот, роҳат, осоиш ва хориҷшавӣ аз зулмот буда, дар асоси муҳаббату садоқат, меҳрубонию вафодорӣ арзи вуҷуд дорад. Ҳеҷ кас ҳуқуқи маънавӣ надорад, ки ин софию тозагӣ, ин таровати мушкбез ва накҳати нотакрорро олудаи нафс намуда, таблиғи иғвогарона кунад ва теша ба решаи исломи пок занад.

 Ин сабаб дар чӣ бошад? Ба ин савол дилхоҳ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб дода метавонад, чунки дар тамоми хонаҳои халқи тоҷик радио ва оинаи нилгун мавҷуд аст ва аз хабарҳои ҷаҳон огоҳҳанд, хулоса мебароранд. Дар  кишварҳое, ки ин гуруҳҳо амал мекунанд тонҳо нооримӣ асту харобиҳо ва мардуми он дар тарки ватанашон мебошанд.

Осудаҳолии  ҳар як кишварро миллати худаш баланд мебардорад на ин, ки дигар кишвар ва миллат. Барои кишварҳои абадқудрат ва ин гуруҳҳо миллат не, балки боигарӣ ва боду ҳавоҳои мусоиди кишвари дигар лозим аст.

Худ хулоса бароред, ки давлати ба мо ҳамсоя Афғонистон дар тулии зиёда аз 46 сол ба чи ҳодисаҳо гирифтор шудаанд. Халки он ба тамоми ҷаҳон пош хурда аз ватан маҳруманд, махсусан дар Канада зиёда аз 836000 ё ин ки аз кишвари Украина 504000 дар ғарибӣ умр ба сар мебаранд. Мардуми украинаро чи маҷбур кард, ки тарки ватан кунанд. Ана ҳамин гуруҳҳои иғвогарон. Ба ҷои сохтани фабрикаю заводҳо дар зарфи 4 сол 14 озмоишгоҳҳои махфии паҳнкунии вирусҳои сирояткунанда сохта шудааст ва амал мекунанд, ки ин хавфи хатари аввалиндараҷа ба худи онҳо мебошад.

 Аҳволи кишварҳои Ироқ, Ливия, Сурия, Украина ва Афғонистон ба мо дарс аст ва мо бояд ба ин ҳеҷ вақт роҳ надиҳем.

Кишвари офтобрӯяи мо- Тоҷикистони азиз 27 сол боз дар зери осмони соф ва бе садои тиру туфанг рушд меёбад. Мардумаш аз пайи обод кардану созандагист. Ҳамин аст, ки сол аз сол кишвар ободу зебо, сатҳи зиндагии мардум хуб гашта истодааст. Моро, ҳар як шаҳрванд зарур аст, ки аз пайи ободӣ ва тарбияи насли наврас бошем ва нагузорем, ки фарзандони мо ба ин гуруҳҳо шомил шаванд.

Ҳар шахсе, ки нангу номус ва ҳисси ватандорӣ дорад, бо сохтани иморате, бунёди корхонае, кушодани роҳе, обод кардани маконе, хатто шинондани дарахте аз худ нишоне боқӣ мегузорад.

Худойназар Ҳақназаров,

Сармутахассиси шуъбаи маориф

Ҳеҷ овозе нест