КАБИРӢ - ФОҲИШАИ СИЁСӢ

Силсиламақолаҳои Д.Назиров генерал-майори мустаъфии КГБ-ро ки дар шумораҳои ҳафтавории СССР нашр мешуд, маълум гашт, ки хориҷиёни бо мо ҳамзабону ҳамсарҳад дар кишвари мо як ҳизби террористию ифротию  “перевороткун” –ро бономи ҲНИ ҳанӯз аз соли 1970 таъсис дода будаанд. Мо тоҷикистониён дидем, ки ин ҲНИ-и бофтаю сохта дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ кишварро ба чӣ ҳолат расониданд. Танҳо аз як ҷони зинда 150 ҳазор сокинони Тоҷикистонро маҳкуми марг кардаанд. Хоҷагии қишлоқ, сохтмон, фарҳангу маърифат он қадар рӯ ба харобӣ овард, ки дигар ҳоҷати гап нест.

         Охир, офтобро бо доман пӯшонида намешавад! Мо дар тӯли 28соли соҳибистиқлолӣ таҳти роҳнамои Пешвои муаззамамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳоеро ба анҷом расонида истодаем, ки бегонаҳо ангушти ҳайрат газидаанд. Онҳо, воқеан ҳам бовар надоштанд, ки мо Роғунро гардон мекунем. Имрӯз ҳар он кас, ки 25-30сол боз ба Тоҷикистон наомада буд, меоянд Тоҷикистони имрӯзаро мебинад, офарин мехонад. Ҳамон фарзандҳои душманшудаи тоҷик аз тариқи телевизион ақаллан суханони саёҳони хориҷиро шунаванд ва мешунаванд, ки онхо дар нисбати Президенти кишвар, давлати Тоҷикистон ва пешрафти миллати тоҷик чӣ мегӯянд, лекин гӯшҳо кар, забонҳо лол, мағзи сар карахт дар фикри дар Тоҷикистон инқилоб карданианд. Ҳайфи ҳамон модаре, ки ин сиёҳкоронро зоидаанд. Ин ҳавасу орзуро бинед. Устод Абулқосим Лоҳути бар алайҳи Гитлери лаъин “Мӯр ва офтоб” ном шеъре навишта буд. Офтоб рамзи давлати Шуравӣ буду мӯр – Гитлеру гитлерзодаҳо. Мӯр ба суи офтоб парида мехоҳад, ки бо парҳояш гармию равшании офтобро пушонад. Лек, ҳайҳот, аз ҳарорати офтоб пару болҳои ин мӯри беақл сухта нобуд мешавад.

         Имрӯз дар Тоҷикистони ҷаҳон ҳама чун як тану як ҷон аз як гиребон сар бароварда душманӣ, бадбинӣ, ки ТТЭ ҲНИ дар байни сокинони кишвар паҳн карда буданд, аз байн бурдем ва дар ин кишвар раванди созандагӣ он қадар дар ҷӯшу хурӯш аст, ки Кабирии фасод талхааш кафида истодааст. Ҳамон қисмати мӯр Кабириро ба сӯи офтоби сӯзон мебарад. Ман дар ҳайрат мондаам, ки ду ҷавони хондагӣ, босавод яке Меҳрубон Сатторов ва дигар Файзуллоҷон Сафаров чи шуд, ки ба доми Кабирии фасод афтодед. Шумоён ҳам чи корҳои бади зидди Тоҷикистон ва фассодҳоеро паҳн кардед, ки вой бар ҳолатон!

         Ҷаноби Олӣ бо ин ҳама душманӣ ва бегонапарастиатон амр карданд, ки илоҷашро ёфта фарзандони бегонапарастамонро баргардонем. Бигузор онҳо бо падару модарашон, зану фарзандонашон зиндагӣ кунанд. Ҳамон Кабирӣ саги г-да барин пушаймон аст, лекин гумроҳ имрӯз чи кор карданашро намедонад.

         Дар лагерҳои террористии Аврупо ун тараф истад, агар дар Бундестаг машқ мекунад, пару болаш месузад. Хубаш ба ҳамаи думравони Кабирӣ мерасонем, ки падару модарашон баргарданд, ба Прокуратураи кишвар пушаймонӣ ва тавбанома нависанд, авф мешаванд. Дидед, бузургии Пешвои муаззами мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки ғами шумоён душманшудаҳоро низ мехуранд. Чанд ҷиҳодии тоҷик дар Сурияву Ироқ мурдаанд, кудаконашон бесоҳиб ва занҳояшон 15-20 солӣ ва як қисмашон зиндониии абадӣ шудаанд. Оё Кабирии лаънатӣ ғами онҳоро мехурад?! Ҳаргиз не! Чунки ӯ нангу номуси ватандорӣ, миллатпарастӣ надошту надорад. Дар Тоҷикистон боз ин муртад инқилоб мекардааст. Оё ягон думрави ин аблаҳ ақлаш гирифта гуфта метавонад, ба худаш суол кунад, ки ҳамин Кабирӣ дар Тоҷикистон ба ҷузъ кашмакаш андохтану гумроҳ кардани ҷавонони бесаводу бехабар аз дунё, дигар коре накардааст.

         Ҳоло ҳам вақт аст, баргардед! Фирефтаи Кабирии худро фурӯхташуда нашавед!

А. Маҷидзода    

Ҳеҷ овозе нест