ТЕРРОРИЗМ - зуҳуроти номатлуби ҷомеа

Имрӯзҳо аз воситаҳои ахбори умум, рӯзномаю маҷаллаҳо метавон дид, ки ҳодисаҳои нангину даҳшатборе, ки дар Сурияву Ироқ ва дигар давлатҳо сар зада истодаанд, ҳеҷ шахси солимфикрро бетараф намегузорад, ки ин амали зишти онҳоро нодида гирад.

Терроризму экстремизм аз зуҳуроти номатлуби ҷомеаи имрӯза ба шумор рафта, сарчашмаи қатлу куштор ва даҳшату ваҳшоният мебошад. Ифротгароӣ ва терроризм, аз ҷумла падидаҳое мебошанд, ки барои амнияти миллӣ ва давлати ҳар як кишвар ва тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ хатар эҷод мекунад. Онҳое, ки ба ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти террористию экстремистидошта дохил мешаванд, шахсоне мебошанд, ки савдои қазоии динию дунявӣ надоранд, моҳияти ҳаракатҳои худро дуруст дарк карда наметавонанд.

      Тураева М. сармутахассиси шуъбаи маориф 

         Мардуми Тоҷикистон низ дар баробари дигар мардумони кишварҳои ҷаҳон ин амали нангинро маҳкум намуда, атрофи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муттаҳид гардида, дастовардҳои Тоҷикистони азизро бештар аз бештар дар байни аҳолӣ, ҷавонону наврасон ташвиқу тарғиб намуда, кушиш мекунанд, ки ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Мо низ терроризму экстремизмро шадидан маҳкум менамоем. Аз ёд набарорем, дину этиқоди мо ҳеҷ гоҳ моро барои тарконидан, фитнаю ҷидол ҳидоят наменамоянд. Яке аз паҳнгаштатарин усули заҳролуд кардани майнаи наврасону ҷавонон бо идеяи террористию экстремистӣ бозиҳои компютерӣ ба ҳисоб меравад. Он мисли оҳанрабо насли ҷавонро ба худ мекашад. Даҳшатафканӣ, ифротгароӣ ва дигар амалҳои террористони ташкилоти террористию эктремистии ҳизби наҳзати исломӣ барои ҳеҷ кас пушида нест.

         Бо вуҷуди ин, роҳбарону фаолони фирории наҳзатӣ аз хиёнаткорӣ, ҷинояткорӣ ва макру найрангҳои худ ҳануз ҳам даст накашидан ва бар зидди манфиатҳои Тоҷикистон бо роҳи туҳмату буҳтон ва иғвогарӣ амал доранд. Имрӯз мо, кормандони соҳаи маориф, бояд баҳри ҷалби наврасону ҷавонон ба мутолиаи китоб саҳмгузор бошем. Моро зарур аст, ки дар истифодабарии аз меъёр зидди компютер нисбат ба насли наврас бепарвоӣ зоҳир накунем.

Ҳеҷ овозе нест