Семинари омӯзишӣ

Саннаи 23 апрели соли равон аз тарафи ташкилоти ҷамъиятии «Пешгирии коррупсия дар ҷумҳурӣ» бо иштироки аъзоёни комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсияи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор,  роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ дар мавзӯи  «Ҷомеа муқобили коррупсия» семинарии омӯзиши доир карда шуд.

Дар кори семинар намояндагони ташкилоти ҷамъиятӣ, намояндагони Агентии  назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлон ширкат  намуда вобаста ба мавзуъҳои дахлдор дар самти пешгирии коррупсия, омилҳои он ва амалишавии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.08.2013, №1504 “Дар бораи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020”   суханронӣ намуданд. Сипас вобаста ба мавзуъ байни иштирокчиён ва масъулони чорабинӣ саволу ҷавоб доир карда шуд.

Ҳеҷ овозе нест