ИФРОТГАРОЁНИ МАЛЪУН

Ба ҳама маълум аст, ки ТЭТ ҲНИ ва хоҷагону сарпарсатони хориҷии онҳо мехостанд, ки дар Тоҷикистон ҳокимияти бо ном демократии  худро дошта бошанд. Ё ин ки мехсотанд ҳокимият ба дасти худашон бошад. Ин ҳам дар ҳолест, ки бино ба таҳқиқотҳои анҷомшудаи низоми пешгирифтаи онҳо ягон гуна манфиату пешравӣ дар миллат дида намешавад.

Амалҳои ТЭТ ҲНИ, ки нисбати Тоҷикистон гузаронида буданд ва дар ҳоли ҳозир низ давом дорад, ҳатто барои хоҷагони хориҷиашон низ шубҳанок гардида истодаанд. Чун онҳо дар шаҳрҳои аврупо рафта бо шиору овезаҳо нисбати ҳукумати тоҷик гирдиҳамоиҳо ташкил намуда, мехоҳанд ки дигар созмонҳову ташкилотҳоро ба худ мутеъ намуда, хоҷагони бисёр пайдо намоянд. Аммо, натиҷааш – сагхар ба назди сагфуруш мераваду гулхар ба назди гулфуруш.

Тавре, ки дар конфронсҳои сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмиллалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши маовди мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил” дар шаҳри Душанбе ташкил шуда буд, вуҷуди шикасти бархе аз гурғҳҳои террористӣ аз байн нарафтааст. Терроризму экстремизм дар ҳар лаҳзаву дар ҳар ҳолат метавонад ба инсоният хатару таҳдиди худро эҷод намояд.

Бо вуҷуди ин, роҳбарону фаолони фирории наҳзатӣ аз хиёнаткорӣ, ҷинояткорӣ ва макру найрангҳои худ ҳануз ҳам даст накашидан ва бар зидди манфиатҳои Тоҷикистон бо роҳи туҳмату буҳтон ва иғвогарӣ амал доранд. Имрӯз мо бояд баҳри ҷалби наврасону ҷавонон ба мутолиаи китоб саҳмгузор бошем. Моро зарур аст, ки дар истифодабарии аз меъёр зидди компютер нисбат ба насли наврас бепарвоӣ зоҳир накунем.

Дар ин вазъияту ҳолатҳо ҳар яки мо ба хусус ҷавонон бояд вазифадор бошем, ки барои ояндаи миллат, дар сулҳу пойдории ваҳдати миллат, арзишҳои Итсиқлолияти давлатӣ саҳмгузор бошем.

Тоҷиддин, омӯзгор

Ҳеҷ овозе нест