ТЕША БА РЕШАИ ХУД ЗАДАНД

Бе шубҳа нест, ки имрӯзҳо бо сад далелу рақамҳо саркардагони наҳзат дар гузаштаву имрӯз таълимоти ифротгароёнаи худро дар лагерҳои террористии ҷаҳон гирифтаанд. Натиҷаи таълими онҳо низ имрӯзҳо маълум гашт. Чуноне, ки як давраеро халқи тоҷик аз сар гузаронида буд, ки ба монанди давлатҳои ҷангзадаи Сурияву Ироқ ва дигар давлатҳои ҷангзада рузҳои сиҳро аз сар гузаронида буд. Онҳо аввал худро бо либосҳову шиорҳои исломӣ оро дода, пас мардуми бехабарро ба гумроҳӣ бурда, бародарро бо бародар, ҳамсояро бо ҳамсоя ба ҷанги бародаркушӣ водор намуданд.

         Натиҷаҳои амалҳои маккоронаи ТЭТ ҲНИ буд, ки беш аз 150000 нафар мардуми бегуноҳи тоҷикро қурбонии ҷанг намуданд ва ин то имрӯз фаромуш нашудааст. Чун миллати тоҷик дар хуну вуҷудаш хислате дорад, ки айбу гуноҳро тез мебахшад ва мепушонад. Баъди бастани шартномаи сулҳ байни мухолифин ва ҳукумати қонунӣ саркардагони ҷанг боз ба сари мансаб омаданд. Аммо мухолифини хилофкори ношукрбандагон боз дар сари ҳамин мансаб нишаста, ноаён аз мардум ва аён дар назди Худованд боз талошҳои нокомашонро давом медоданд, ки рӯзе шуд ки Худованд дилу нияти нопоки ононро дар назди мардум аён сохт. Чи гуна мехостанд ки табадуллот созанд. Чи гуна мехостанд, ки олимону доҳиёни миллати тоҷикро нест намоянд. Чи гуна мехостанд, ки миллати тоҷикро ба нестӣ баранд. Аммо, вақте ки мафкураи миллӣ дар роҳи шинохти арзишҳои воқеии дунявӣ боло гирифт, мардуми фирефташуда худ ба худ аъмоли норушан ва мақсаду ниятҳои нопоки наҳзатиёнро дарк намуданд.

         Тоҷикистон дар ҷаҳон давлатест, ки бо гурӯҳҳои радикалӣ аллакай як давраи муборизаро аз сар гузаронидааст ва то имрӯз низ дар мубориза бо онҳо сар ба сар по ниҳодааст. Мардуми тоҷик аллакай рузҳои хунинро аз сар гузаронидаву дустро аз душман фарқ мекунад. Пушида нест, ки имрӯзҳо мардум зиракии сисиро аз даст надода, бо ҳар роҳе ки набошад муборизаро алайҳи ин ифротгароён давом дода истодаанд.

         Ифротгароён бо ҳар роҳ, бештар ба воситаи ВАО, интернет, фейсбук, ютуб ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ худро пок сохта, роҳбарияту ҳукумати имрӯзаро гунаҳгор дониста, мехоҳанд мардумро боз гумроҳ созанд. Аммо мо бояд худ огоҳ ҳастем, ки рӯсиёҳон ҳамон рӯ сиёҳонанд, ки боз мехоҳанд ватану миллатро ба нестӣ баранд.

Тоҷиддин, омӯзгор

 

Миёна: 6 (1 vote)