ПИРЎЗИИ ИЛМ, ШИКАСТИ ҶАҲОЛАТУ ТААССУБ АСТ

Бо ташаббуси маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан”-и ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар китобхонаи ба номи Тошхоҷа Асирии шаҳри Хуҷанд мизи мудаввар таҳти унвони “Роҳу усулҳои илмиии мубориза бо терроризм ва экстеремизм дар шароити муосир, дар заминаи маводи китоби тозанашри узви вобастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ Саймумин Ятимов ”Миллат, илм, амният” баргузор гардид. Мизи мудавварро номзади илмҳои филология роҳбари маҳфили “Ганҷи сухан” Саидумрон Саидов ифтитоҳ бахшида зикр кард, ки ҳадафи чорабинӣ бори дигар ҷалб намудани таваҷҷўҳи аҳли таҳқиқ, олимон ва мутахассисон ба масъалаи пешгирии зуҳуроти номатлуби ҷомеа, аз ҷумла терроризм ва экстремизм мебошад. Мизи мудаввар дар партави дастуру супоришоти доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди дарёфти роҳу усулҳои нав ва муосири мубориза бо терроризм, роҳандозии муборизаи воқеан муассир дар асоси ҷустуҷў ва натиҷаҳои илмӣ мебошад. Мавсуф зикр кард, ки китоби тозанашри “Миллат, илм, амният” бо маводи фаровон ва бозёфтҳои илмӣ дар ин ҷода метавонад раҳнамои хубе бошад. Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, доктори илмҳои филология Тоҷибой Султонзода дар маърўзаи худ аз чораҷўиҳои ҳукумату давлат дар мавриди мубориза бар зидди ифротгароӣ ва тундравиҳое, ки ба терроризм сабаб мегарданд, сухан кард ва изҳори умед кард, ки олимон ва муҳаққиқон тавассути китоб, дасутуру роҳнамо, мақолаву маърўзаҳояшон ба афкори ҷомеа, хоса ҷавонон таъсири нек хоҳанд расонд. Сипас дар мавзўи “Пешниҳод ва андешаҳои Пешвои миллат дар бораи пешгирии терроризм ва экстремизм ва роҳҳои мубориза бо он “ номзади илмҳои таърих, устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Шавкат Шарипов маърўза намуда, аз нақши беназири Пешвои миллат дар ин раванд изҳори назар намуд. Аз ҷумла зикр кард, ки "Сарвари давлат яке аз сабабҳои халосӣ аз ин вабои асрро дар ба роҳ мондани ҳамкориҳои самаранок, аз ҷумла расонидани кумаки молию техникӣ ба кишварҳои дар мубориза бо терроризм осебпазир медонанд. Пешвои миллат ба воқеаҳо ва ҳар як зуҳуроти номатлуби ҷомеа аз назари таҷриба ва ибрати таърихӣ назар мекунанд ва ба ҷомеаи ҷаҳонӣ таъкид месозанд, ки танҳо аз назари илмӣ ва муқоисаи таърихӣ ба вазъият баҳо диҳем ва роҳҳои ҳалли мушкилотро дарёбем. Воқеан дар байни кишварҳо Тоҷикистон яке аз давлатҳоест, ки бо сарварии Пешвои миллат корҳои мушаххасро дар ин самт анҷом бахшида истодааст.”

Дар сўҳбати худ Бахтиёр Ҳамдамов- номзади илмҳои филология, сармуҳаррири ҳафтаномаи “Минбари халқ” оид ба китоби “Миллат, илм, амният”- ҳамчун роҳнамои илмӣ барои мубориза бо терроризм ва хушунат ибрози назар намуд. Махсусан дар мавриди моҳияти илм дар ҷомеа бо мисолҳои мушаххас аз таърих матлабҳои муҳимро баён намуд. Мавсуф дар такя ба андешаҳои муаллифи китоб зикр кард, ки дар аксари кишварҳои ҷаҳон ғалабаи илм бар таассуб ва ҷаҳолат омили таҳрикдиҳанда барои рушд шудааст. Афзалияти илм ва афкори илмиро вобаста ба муносибати Шарқу Ғарб тарҷеҳ дода, оид ба идеология ва мақоми он дар ҷомеа суханронӣ кард. Дар ин росто эҳтироми арзишҳои миллӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои секулярӣ (дунявӣ) ба андешаи Бахтиёр Ҳамдамов ниҳоят муҳим буда, набояд ҷомеаи тоҷик аз идеологияҳои таҳмилшудаи диниву мазхабӣ ва ё либералӣ пайгирӣ намояд.

Ҷўразода Ҷамшед –доктори илмҳои таърих, ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бошад дар мавзўи “Идеология ва манфиати миллӣ” сўҳбат намуд. Мавсуф перомуни андешаҳои Пешвои миллат муҳокимаронӣ кард ва ба муҳаққиқон нуктаҳои асосии назарияи Пешвои миллатро дар ин самт тавзеҳ дод. Ў андешаи Сарвари давлат “Дар ҳоли ҳозир амалҳои терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ пояҳои амнияти байналмилалиро заиф гардонида, сабабгори ноустувории вазъ дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон ва таҳдидҳо ба шаҳрвандони оддӣ мегарданд. Айни замон, падидаҳои терроризми байналмилалӣ ҳарчи бештар тақвият меёбанд, ки барои сарнавишти ҷаҳон хатари бузург аст.”- ёдрас намуда гуфт, ки: “Сарвари давлат яке аз сабабҳои халосӣ аз ин вабои асрро дар ба роҳ мондани ҳамкориҳои самаранок, аз ҷумла расонидани кумаки молию техникӣ ба кишварҳои дар мубориза бо терроризм осебпазир медонанд”.

Дар анҷоми суханронии худ Ҷ. Ҷўразода таъкид намуд, ки “ин ҳама моро водор месозад, ки бетараф набошем ва перомуни масъалаи мазкур амиқ андеша намоем ва ва дари роҳ саҳим бошем”.

Маърўзаи Ҳоҷӣ Ҳусайн Мўсозода –номзади илмҳои филология, Раиси Шўрои уламои дини вилояти Суғд ба масоили арзишҳои миллӣ ва динӣ дар ростои амнияти миллӣ бахшида шуда буд. Мавсуф ба таърих руҷўъ намуда дар мавриди мафҳумоти миллат, мазҳаб, ва дин изҳори назар кард. Аз ҷумла қайд кард,ки “Масъалаи мазҳаб ва миллат дар ҳамаи давру замонҳо ҳамчун ду шохаи худшиносии инсонҳо мавҷуд буд ва дар мураттабу муназзам умр ба сар бурдани одамон арзиши худро дошт. Арзишҳои миллӣ аз қабили фарҳангу адабиёт, расму оини аҷдодӣ, падидаҳои ҳунарӣ ва монанди инҳо дар ҳамаи давру замонҳо мақоми худро гум накардаанд ва дар баробари арзишҳои мазҳабӣ арзи вуҷуд доштанд. Манфиатҳои миллӣ ифодагари якпорчагии марзу бум, сиёсат, давлат ва рушду нумўи зиндагии инсонҳо маҳсуб мешавад. Сарфи назар кардани миллат ва арзишҳои миллӣ халқ ё қавмро ба нестӣ ё ба ҳолати бехабариву манқуртӣ мебарад, ки дар натиҷа инқироз ва маҳвшавӣ ўро интизор аст. Аз ин нуқтаи назар агар мо ба таърихи дини ислом ва мавҷудияти миллатҳое, ки ин динро қабул карданд назар кунем, дар нигоҳ доштани ҳуввияти миллӣ, забон ва арзишҳои тоҷикон саҳми ҷеҳраҳои афрўхтаи ин миллати соҳибтаърих бузург мебошад.

Дар меҳвари суханронии Шўҳрат Саидов- номзади илмҳои сиёсӣ, устоди ДДҲБСТ масъалаи ҷавонон ва роҳҳои пешгирии ифротгароӣ қарор гирифт. Ў иброз дошт: “Агар ҳадафи мо имрўз расонидани таъсири мусбӣ ба ҷавонон аст, бояд баррасии вазъи тафаккур ва ҷаҳонбинии онҳо яке аз масъалаҳои меҳварии таҳқиқ бошад ва омўзишу таҳлили ҷанбаи илмӣ, хоса равонии ин масъала муҳим мебошад. Такя ба андешаи Пешвои миллат мавсуф иброз дошт: “воқеан имрўз бояд қонунҳое дар сатҳи ҷаҳонӣ рўи кор оянд,ки меъёрҳои ягонаи мубориза бо терроризмро дар тамоми олам муайян намоянд. Танҳо муборизаи якҷоя метавонад дар ин самт ҳадафманд бошад.”

Нуров Нуралӣ, номзади илмҳои филолгия, устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар мавзўи “Адабиёт ва диалектикаи ҳаёт” дар заминаи китоби “Миллат,илм, амният” сўҳбати муфидеро рўи кор овард. Мавсуф дар мисоли назарияи шоири файласуф Абдулқодири Бедил матлаби ҷолиберо шарҳ дод: “Бедил маҷмўи ҷангу тазодҳоеро, ки маҳсули дарк накардани ин фалсафаи ягонагии инсон аст, арсаи ғафлат мешуморад ва боз ҳам сабаби аслии он носозгории тароиқ ва мазҳабу кешҳои мухталиф ба шумор меравад, ки асари он бар мардум мерасад. Абулмаъонӣ ин матлабро бо таъбири шоиронае ба гунаи зайл баён медорад, ки тир дар дасти ҳамин нофаҳмиву тафриқаи тариқатҳои мухталиф аст, ки аз таъсири он халқ синаи худро пайкон мекунад ва дар муқобили тири адоват ва душманиҳои ин гурўҳҳо қурбон мешавад:

Сулҳу ҷанги арсаи ғафлат тамошо карданист,

Тир дар кеш асту халқ аз сина пайкон мекашад.

Дар заминаи баромадҳо ширкаткунандагони мизи мудаввар чунин пешниҳод намуданд:

1.Дар шакли китоб мураттаб намудани афкору андешаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешгирии низоъҳо ва мубориза бо терроризму ва эктремизм.

2. Ҷалби бештари олимону муҳаққиқон ба масъалаи мазкур ва интишори мақола, китобҳо, дастуру роҳнамоҳо, ташкили конфронсу мизҳои мудаввар бо мақсади пешгирии ҳамаҷонибаи ин зуҳуроти номатлуб .

3. Омўзиши китоби «Миллат, илм, амният», тарғиби ҳадафҳои китоб ва шарҳу тавзеҳоти матлабҳои асосии он дар байни олимон, муҳаққиқон ва ҷомеа.

4. Ҳангоми тарғибу ташвиқи андешаҳои солим ва танқиди зуҳуроти номатлуби ҷомеа эътибор додан ба илмият ва асоснокии маърўзаҳо. Овардани санад, далелу бурҳон, андешаи ҷадид ва афкори тоза ва дарёфти усулҳои муосири тарғиб. Роҳандозии тарғибот дар мактабҳо ба сифати нав, усулҳои тоза бо фарогирии маводҳои илмиву таърихӣ, бо истифода аз технологияи муосир ба роҳ мондани дарсҳои тарбиявӣ

5. Тарғиби китоб ва хондани он дар байни ҷавонон. Омўзиши китобҳои таърихӣ, сиёсӣ ва адабии Пешвои миллат дар доираи барномаҳои мактаб ва донишгоҳҳо.

6. Истифодаи дуруст ва мақсаднок аз расонаҳои иттилоотӣ ва сайтҳои иҷтимоӣ.

7. Баланд бардоштани савияи дониш ва маърифати сиёсии ҷомеа. Бозёфти усулҳо ва роҳҳои амалӣ намудани ин ҳадаф аз ҷониби зиёиён.

8. Тавассути васоити ахбори электронӣ нашри ролику рекламаҳои тарғиботӣ зидди терроризм ва экстремизм.

9. Таҳия ва таснифи китобҳо дар бораи тарбия ва моҳияти он, ки ҷанбаи қавии илмӣ, таърихӣ, назариявӣ ва амалӣ дошта бошанд

10. Баргузор намудани тренинг- семинарҳо барои волидайн ва ҷавонон бо барномаҳои махсуси таълимӣ оид ба роҳҳои тарбия, муносибат бо ҷомеа ва монанди ин.

11. Ташкил намудани мизҳои мудаввар дар муассисаву ташкилотҳо дар мавзўи “Роҳу усулҳои илмиии мубориза бо терроризм ва экстремизм дар шароити муосир” дар заминаи маводи китоби ”Миллат, илм, амният”

"Минбари халқ" 17 июли 2019 №29(1218)

Ҳеҷ овозе нест