Бедории миллӣ ………Нобинову чоҳ аст

Шукру сипоси беандоза бар Сарвари давлат, Пешвои миллат, ки барои мо тоҷикон сулҳ овард ва миллати тоҷикро дар ҷаҳон ҳамчун миллати соҳибтамаддуну соҳибфарҳанг муарифӣ кард.

Кишвари мо бо шарофат ва заҳматҳои беандоза бузурги  сарварамон рӯз ба рӯз рушд карда, ободу шукуфон гашта истодааст.

Мо, шаҳрвандони Тоҷикистон бояд шукронаи истиқлолу шукронаи давлатдорӣ кунем ва дар паҳлӯи Пешвоямон истода дар ободонии кишвар саҳмгузор бошем.

Аммо боиси таасуф аст, ки на ҳама аз ин ободиву пешрафт қаноатманд мебошанд. Иддае аз сокинони кишварамон хориҷ аз кишвар ба сӯи мо санг меандозанд ва аз ин пешрафту тараққиёти миллат нодидагирӣ мекунанд.Хоса ҷавонони аз худ ноогоҳу торикбин бар ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои  характери ифротгарову ба сӯи терроризм тамоюл дошта шомил мешаванд, ки ин албатта монеа эҷод кардан аст дар роҳи рушду тараққии кишварамон. Албатта на ҳама шаҳрвандони кишварамон хоса насли ҷавон аз таърихи ин ҳизбу ҳаракатҳо ва идеологияву мақсадҳои онҳо огаҳи доранд.

Агар бинӣ, ки нобинову чоҳ аст,

Агар хомӯш биншинӣ, гуноҳ аст.

Ҳамчун як шаҳрванди Тоҷикистон мехоҳам перомуни ин ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ба хонандаго андешаҳои худро иброз намоям, зеро ки ин ҳизбу ҷараёнҳо ба пойдории сулҳу амният дар ҷаҳон таҳдид карда истодаанд. Ҳоло номгӯи он ҳизбу  ҳаракатҳоеро, ки характери экстремистӣ доранд номбар мекунем.

  1. ҲНИТ – ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон

сабабгори асосии сар задании ҷанги шаҳрвандии солҳои 1991 то 1997 ки ҳазорҳо хонаҳо сӯхтаву валангор шуда ва ҳазорҳ кӯдакон ятим монданд. Асосгузори ин ҳизб дар Тоҷикистон Абдуллоҳи Нурӣ ва Муҳаммад Шариф Ҳикматзода буданд. Хушбахтона, фаъолияти ин ҳизб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шуд.

         2.Ҳизби Таҳрир- Характери исломии Узбекистон дар води Фарғона. Таъсискунандаи аввалини ин ҳиз Тақийуддини Набҳонӣ соли 1953 дар Урдун.

         3.Ал- қоида- пайравонаш Толибон ин ҳаракат нахуст дар Покистон таъсис дода шуда буд. Асосгузори ин ҳаракат Усома бин Лодан маркази амалиётҳои террористиашон Афғонистони ба мо ҳамсоя.

         4. Ҳизбуллоҳ –ҳизб ва ё ҳаракати  ҳарбикунонидашуд. Ин ҳизб соли 1982 дар Лубнон таъсис ёфта, танҳо аз мазҳаб ва идеологияи шиъа дифо мекунад.

         5.Ҷундуллоҳ –ҷанговарони Худо

Ташкилот ва ё ҳаракати террористии сунниёни Эрон (Балуҷистон) соли 2003 дар Покистон таъсис дода шудааст. Сарвар ва муаъассиси  ин ҳаракат Абдумалик Ригӣ буд, ки соли 2010 аз ҷониби сохторҳои  қудратии Эрон дастгир шуда, ба қатл расонида шуд.

         6.Ихвон –ул муслимин (бародарони мусалмон) соли 1928 аз тарафи  Ҳасан ал Банна дар Миср ташкил шудааст. Намояндагони ин ташкилот дар Сурия, Фаластин, Ироқ, Тунис, Либия фаъолият мекунанд. Мақсади асосии ин ташкилот мисли ҳизбу ҳаракатҳои дар боло зикршуда як аст. «Бунёди хилофати бузурги исломӣ дар ҷаҳон»

         7. ДИИШ (Давлати исломии Ироқу Шом)

Ташкилоти байналмилалии  террористӣ буда, аз соли 2013 дармарзҳои Сурия ва Ироқ фаъолият мекунанд. Аз моҳи июни соли 2014 худро чун хилофати давлати исломӣ эълон кардааст. Мақсади ин ташкилот низ бунёди хилофати ислом дар марзҳои  собиқ Хилофати усмонӣ ва дар тамоми  давлатҳои исломӣ аст.

         8. Равияи салафия.

         Равия ёхуд ҳаракати дигари навбаромад дар кишварҳои Осиёи Миёна хоса дар кишвари мо Тоҷикистон. Пайравони ин равия ҳамон  Ваҳҳобиҳои солҳои 90-ум мебошанд, ки имрӯз худро пайравони «Салафи Солеҳ» аз калимаи арабии «Салафа»  гузаштагони солеҳ пешиниён муаррифӣ намуда, ҳадафашон барқарор кардани исломи бунёдӣ, фундаменталӣ аст. Аз чи бошад, ки солҳои охир аксари ҷавонони тоҷик ба ин равия шомил шуда истодаанд.

         9.Ҷамоати таблиғ

         Ҳаракати динии дигаре, ки дар кишварҳои Осиёи марказӣ тайи солҳои охир хеле фаъол шудааст ин ҷамоати таблиғ аст. Мақсади онҳо таблиғи исломи бунёдӣ, фундаменталӣ яъне  ақидаи ҳамон Ваҳҳобиву салафия.

         Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои Ваҳҳобия, Салафия, Ҳизбут- таҳрир, Ҳизбуллоҳ, Ансоруллоҳ, Ҳаракати исломии Туркистон, Тоҷикистони озод, ДИИШ, Ихвон –ул – муслимин, Ҷамоати таблиғ бо қарори суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳизбу ҳаракатҳои экстримистиву ифротӣ манъ карда шудааст.

         Пас чаро иддае аз ҷавонони мо ба ин равияҳои барои ҷомеаи мо  хатарнок майл доранд ва сабабаш дар чист?

Мо хуб медонем, ки ҳар як дин ва ё мазҳаб таблиғгарони худро доранд. яъне «Миссионерҳо» ва вазифаи ин миссионерҳо таблиғи ину он равияи ба худашон хос  мебошад.

         Ман сабаби асосии гаравиши ҷавонон ба ин гӯрӯҳҳои хатарнокро дар муҳоҷӣрати меҳнатии онҳо ба кишварҳои хориҷ хоса ба шаҳрҳои Россия мебинам. Ҷавонони аз худ ноогоҳ, ки саводи на он қадар хуби диниву дунявӣ доранд барои  беҳбудии шароити зисти оилаашон ба хориҷ аз кишвар сафар мекунанд.

Азбаски забонро хуб намедонанд ва ба муҳити ину он шаҳр шинос нестанд барои дарёфти ҷои кор бисёр сарсону саргардон мешаванд.     

        Миссионетҳои равияҳои ифротӣ аз ин  истифода бурда, онҳоро ба доми  тазвири худ мекашанд. Сабаби дигари гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифроти ин телефонҳои мобилӣ ва сомонаҳои интернетӣ аст, ки ба воситаи  онҳониз ҷавонон ба ин ҳизбу ҳаракатҳо даъват мешаванд. Ва боз  шабакаҳои телевизионӣ ки ба воситаи сомонаҳои маҳворавӣ дар баъзе каналҳои он даъват ба чунин ҳизбу ҳаракатҳо дида мешавад. Ва ниҳоят воридшавии китобҳои ғайри мазҳабӣ аз кишварҳои Эрону Покистон ки бар хилофи мазҳаби Ҳанафия дастур медиҳанд.

Хулоса, пешгирии ин раванд ва мубориза бармуқобили онҳо яъне шомил шудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундраву ифротӣ вазифаи на танҳо кормандони сохторҳои қудратӣ балки вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди баору номуси миллати тоҷик мебошад.

Омӯзгор:           Саидов Муҳаммад

Миёна: 6 (2 votes)