"ДАВЛАТИ ИСЛОМӢ" - ПАРВАРДАИ БЕРАҲМИ ДОМОНИ НАҲЗАТ

 

Somalia-al-Shabaab-Africa-militant-terrorist.jpg
                Аксари ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои сиёсию динӣ хоҳони бунёди як давлати мутамаркази исломӣ бо номи хилофатанд. Ин ҳизбу ҳаракатҳо аз роҳи таблиғи густурдаи идеологияи ҷиҳоду шаҳодат амал намуда, бо роҳи зӯрӣ ва тариқи аслиҳа мехоҳанд низомҳои сиёсии хусусияти ғайридинӣ (миллӣ ё дунявӣ доштаро) барҳам зада, ба ҷои он низомҳои сиёсии динӣ ба вуҷуд оваранд. Масалан, агар аз рӯи ҳадаф ва стратегия «Давлати исломӣ» ва ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзатиро муқоиса намоем, амалкардҳои ҳар ду хеле монанданд. «Давлати исломӣ» ҳам ҳадафи асосиаш бо зӯри аслиҳа аз байн бурдани давлатҳои миллии Ховари Миёна ва ба ҷои онҳо бунёди як давлати шариатмеҳвари фаромиллӣ буд. Ба хотири расидан ба ин ҳадаф аз усулҳои муборизаи силоҳӣ истифода намуда, дигарандешон ва нафароне, ки ба ин навъи сохтор дар мухолифат буда, онро қабул надоштанд, бо бераҳмтарин шеваҳо қатл карда, аз байн бурда шуданд. Айнан ҳамин тавр ва ҳамин шеваро ташкилоти террористии наҳзатӣ солҳои 90 - уми қарни гузашта дар Тоҷикистон анҷом дода, ҳазорон ҳазор дигарандешонро ба қатл расонда, даҳшатафканиву ҳараҷу мараҷро дар қаламрави Тоҷикистон ба миён овард.
             Амалкардҳои солҳои 90 - уми наҳзатиён он буд, ки онҳо ҳатто рӯҳонияти анъанавӣ ва бовармандонеро, ки ба тарзи инфиродӣ арзишҳои диниро пайгирӣ мекарданд, кофиру муртад гуфта, ба қатл мерасонданд. Ҳар касеро, ки ба онҳо намепайваст ба он барчаспҳои гуногун зада, мавриди азобу шиканҷа қарор медоданд. Ҳамин гуна амалкардҳо аз ҷониби «Давлати исломӣ» дар минтақаҳои Сурияву Ироқ сурат гирифта, ҳатто мардумони бумии ин сарзамин, ки таърихан боварманд буданд ва аксари онҳо пайравӣ аз ислом менамуданд, ба хотири аъзои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ба сохти миллии сиёсӣ содиқ будан мавриди куштору бераҳмӣ қарор гирифтанд. Чунин ба назар мерасад, ки баъзе аз шеваҳои аъмоли «Давлати исломӣ» аз ташкилоти террористии мамнӯи наҳзатӣ сарчашма гирифта бошад.
Набояд аз ёд баровард, ки дар ҳаводиси даҳшатбори ибтидои солҳои навадум нақши ташкилоти террористии мамнӯи наҳзатӣ ва сардамдорони он «калидӣ» аст. Маҳз он гурӯҳи ҷаҳолатписанд ҷомеаи тоҷикро ба бозии маргбор кашид ва бо суиистифода аз дин ва эҳсосоти мазҳабии мардум балои ҷонгудозеро сари ҷомеа овард. Бо мақсади «маорифпарварӣ» ва суиистифода аз зеҳниёти содаи ҷомеаи суннатӣ ходимони наҳзатӣ рӯйи мардум таъсир гузоштанд. Саранҷом «маорифпарварӣ» - и наҳзатӣ дар охири асри бист ҷомеаи тоҷикро ба вартаи даргирӣ тела дод ва боиси сардаргумӣ ва бесуботӣ дар кишвар гардида, барои сад соли дигар мамлакати моро ба қафо бурд.

Эҳсони И, омӯзгор
 

Ҳеҷ овозе нест