ФАРҚИЯТҲОИ ТАШКИЛОТҲОИ ТЕРРОРИСТӢ

Муноқиша ва задухӯрди пайравони ҳизбу ҳаракатҳои динӣ - сиёсии ифротӣ дар маҳбаси шаҳри Ваҳдат, ки боиси марги 32 нафар гардид, ҳеҷ кадом шаҳрванди Тоҷикистонро бетараф гузошта наметавонад. Ин ҳодисаи мудҳиш мавриди ғаму андуҳи тоҷикистониён қарор гирифт.

Вале ин ҳодиса дар биниши шаҳрвандон фаҳмишҳои мухталифро ба вуҷуд оварда, аз ҷониби коршиносон низ ба таври гуногун баррасӣ гардид. Намояндагон ва роҳбарони ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти экстремистӣ ва террористии фаъолияташон дар Тоҷикистон манъшуда, ба мисли ТТЭ ҲНИ, «Ансоруллоҳ», «Салафия», аз нигоҳи манфиатҳои сиёсии худ, ки ҳадафашон ғасби ҳокимият аст, атрофи ин ҳодиса дар шабакаҳои интернетӣ иғво барангехта, кӯшиш менамоянд, бо ҷалби таваҷҷуҳ ба ин масъала, ба нуфузи давлати дунявии Тоҷикистон латма зананд. Махсусан, роҳбари фирории ТТЭ ҲНИ ва думравонаш, ки дар кишварҳои хориҷӣ зери сарпарастии хоҷагони худ зиндагии муфтхӯрона доранд, худро ҷабрдида нишон дода, мехоҳанд мардуми ноогоҳро ба гумроҳӣ баранд. Дар асл бошад, ҳодисаи мудҳиши шаби 19 майи соли ҷорӣ бори дигар симои террористию экстремистии гурӯҳҳои динӣ - сиёсии ифротиро ошкор месозад.
Ин ҳодиса собит сохт, ки гурӯҳҳои экстремистию террористӣ воқеан дин, Ватан ва миллат надоранд. Онҳо барои расидан ба мақсадҳои муғризонаи худ ҳеҷ гуна қоида ва меъёрҳои дини исломро риоя намекунанд ва, баръакс, барои расидан ба ҳадафҳояшон исломро ҳамчун, ниқоб истифода бурда, дар муқобили Қуръону суннат қарор мегиранд. Агар Пайғамбари ислом (с) гуфта бошад, ки «Имон он аст, ки ба Худо ва фариштагони Ӯ, ба пайғамбарони Ӯ, ба тақдири некӣ ва бадӣ бовар намоӣ» ё худ ба саволи оё дар ин уммат гуноҳе ҳаст, ки ба куфр бирасонад?» ҷавоб дода бошад, ки «На магар ширк овардан ба Худо» аммо ин гурӯҳҳои динӣ - сиёсии экстремистию террористии номбурда, ки ҳама ба Худои ягонаву Пайғамбари Ӯ ва рӯзи қиёмату ҷазо баробар бовар доранд, ҳадисҳои Пайғамбари ислом (с) - ро пушти по зада, ба хотири ғаразҳои сиёсӣ ҳамдигарро ба куфр гунаҳкор карда, ба қатли ҳамдигар даст мезананд. Бо ин роҳ дар зеҳни мардум эҳсоси исломҳаросиро бедор месозанд, ки ба ҷуз бадном сохтани ислом чизи дигаре нест. Бинобар ин, дар ба вуқӯъ пайвастани ҳодисаи маҳбаси шаҳри Ваҳдат касе гунаҳгор нест, ба ҷуз мафкураи динӣ - сиёсии ифротии худи ин гурӯҳҳо.
Ҳарчанд ҳамаи ин гурӯҳҳо худро аҳли суннату ҷамоат меҳисобанд ва онҳоро табиати экстремистӣ, ихтилоф доштан ба низомҳои гуногуни давлатдорӣ, бегона будан аз манфиатҳои миллӣ, имондории зоҳирӣ, хизмат намудан ба хоҷагони бегона ва ғайра бо ҳам муттаҳид месозад, аммо манфиатҳои сиёсии онҳо, баъзан ё куллан, бо ҳам мувофиқ намеоянд. Ба ҳам мувофиқ наомадани манфиатҳои сиёсии онҳо, ононро ба ихтилофҳои динӣ - ақидавӣ низ бурдааст, ки бо ҳам оштинопазиранд.

Алихони Х, омӯзгор

Ҳеҷ овозе нест