РУЗГОРИ БАДАХШОН

Шукрона мекунем, ки Худованди бузург миллату давлати моро танҳо тавассути ҳамин марди хирадманд Пешвои мауззами мо мардуми тоҷик, соҳиби ваҳдат ва аз сари нав  соҳиби Истиқлолияти милливу давлатӣ гардонид. 15 сентябр Пешвои муаззами миллат меҳмони сокинони шаҳри Хоруғ буданд. баъд аз тамоми намоиши комёбиҳои мардуми Хоруғ Президенти мамлакат бо роҳбарону фаъолони вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон мулоқоти расмӣ оростанд. Аз он ки пешравӣ, муваффақият, ободонию созандагӣ дар қаламрави вилоят ниҳоят хуб ба чашм мерасад, Ҷаноби Олӣ таъкид карданд, камина лозим намедонам, ки онҳоро номбар  кунам. Мехоҳам аз он гилаҳое, ки Президент кушоду равшан иброз доштанд, ман ҳам норозигӣ кунам. Айнан чанд ҷиноятҳои ошкоршударо дар ҳар самт аз баромади Президент Эмомалӣ Раҳмон биёрам.

 «Таҳаввулоту ҳодисоте, ки  вақтҳои охир дар дунё ба амал омада истодаанд, моро ҳушдор медиҳанд, ки  ба масъалаи пок сохтани ҷомеа аз унсурҳои ҷиноятпеша муборизаи беамон бо ҷинояткории муташаккил, пешгирӣ кардани содиршавии ҷинояту бетартибиҳо аз ҳарвақта бештар аҳамият диҳем.

Факту рақамҳо ва шумораи ҷиноятҳои ошкоршуда дар вилоят собит менамояд, ки риояи тартиботи ҷамъиятӣ ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳо, иҷрои талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дар маҷмуъ, таъмини волоияти қонун дар қаламрави вилоят, ба хусус дар ш.Хоруғ, раванди манфӣ касб намудааст».

Воқеан муомилоти ғайриқонуниву истеъмоли маводи мухаддир, қочоқи силоҳ, қонунишиканӣ, бетартибӣ ва ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ як навъ мавқеи бетарафӣ дар ш. Хоруғ ба миён омадааст, ки ин хеле айби калон аст. Онҳое, ки Тоҷикистонро ба ҳоли табоҳ оварда буданду беш аз 150 ҳазор сокинони кишварро қурбони дасисабозиҳои худ карда буданд, гумон мекунам ҳоло ҳам аз хуни тоҷик сер нашудаанд. Бо далелҳои қотеъ ошкор сохтани чунин ҷиноятҳои трансмиллӣ мушти обдоре буд ба сари хиёнатпешаҳои миллати тоҷик.

Баромади ошкорои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пустини душманони кишвар кайк даровард, ки аз ин ҷою ҷойҳои дигар садояшон мисли саги шаттахӯрда баланд шуда истодааст.

Алим Шерзамонов яке аз собиқ қумондонҳои бадахшонӣ ҳоло бо гуруҳҳои душманпешаи Тоҷикистони соҳибистиқлол Атовуллоеви «Ватандор» - и беватан, «Гуруҳи 24», ҳизби террористӣ – ифротгарои ҲНИТ, ки тибқи на танҳо қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташон мамнуъ эълон шудааст, балки ташкилотҳои байналмилалӣ ин ҳизби сиёҳкорро террорист эълон кардаанд, бо ҳам муросо карда, бори дигар Тоҷикистонро ба хун кашиданиянд, хестед, ки хобед. Ҳоло ҳам нафаҳмидед, ки касе аз қафои «зоғ» г.. – хурӣ нахоҳад рафт. Имрӯз, мо таҷрибаи кофӣ ҳосил кардаем ва медонем ки ту Алим Шерзамонов кӣ ҳастӣ ва аз мардум чӣ мехоҳед?! Набошад ин чӣ маъно дорад, ки имсол 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ид кардему шумоён  Алим Шерзамоновҳои бадтиннат ҳоло ҳам яроқҳоятон дар даст дар каминед. Имрӯз миллат атрофи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззамаш дар ваҳдат омадаанд. Мо, аллакай ба худ омадаем. Ҳатто бисёре аз саркардаҳои ҲНИТ ва дигар  равияҳои ба Тоҷикистон душман мисли Айниддин Сатторов, мулло Абдураҳим, эшони Қиёмуддини  Ғозӣ  ва боз чанд нафари дигар ба Тоҷикистон омада таслим шуданд, аз кори кардаашон пушаймон шудаанд. Ту  барин аблаҳони бегонапарастро барои мардум ошкор карданд. Ақлашон  баъд корагар шуд. Ҳамин қадар, ки агар бимиранд, дар хоки Ватанашон гӯру чӯб мешаванд. Инсон ҳамин қадар ормон дорад, ки дар пеши наздиконаш бимирад. Шумоён чӣ?! Саги бесоҳиб барин мемиред. Додоҷону тую Кабирию дигаратон  бар нафъи халқу Ватан кору зиндагӣ мекардед, ягон бадӣ дошт! Ту Алим Шерзамонов, гуфтаӣ, ки барномаҳои фаҳшро намоиш медиҳеду болои ҲНИТ бор мекунед. О, аблаҳ! Ин ҲНИТ – и ту гуфтагӣ воқеан ҳам фассод буд. Аз Бадахшон пуштибонӣ кардаӣ! Ба худат савол деҳ, ки ту ҳарромзодаи ин вилоят ба ин мардум чӣ кори хайре кардаӣ?! Нашармида гуфтаӣ, ки Тоҷикистон дар ин 26 сол ҳисоботҳои дуруғин додааст, ки таҳти ободонӣ он қадар гӯё ниҳол шинонда бошад, ки гӯё дар кӯраи замин дигар ҷойи ниҳолшинонӣ намонда бошад. О, кӯрдили бемағз аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ як ба маркази Ватани ҷонони мо шаҳри Душанбе бинигар, ки ин шаҳр имрӯз чӣ гуна симо пайдо кардааст?! Инро инсони ватандор дида баҳо дода метавонад. Ана ҳамин мардуми аз як гиребон сар бароварда бо сарвари хирадмандашон Эмомалӣ Раҳмон соҳиби ин ободониҳо шуданд.

Ҳеҷ овозе нест