“Ҳафтаи китоби бачагону наврасони Тоҷикистон” дар ноҳияи Фархор

Бахшида ба фестивали ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби бачагону наврасони Тоҷикистон” рӯзи 17 апрел дар китобхонаи марказии ноҳия бо иштироки адибон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ чорабинии  фарҳангӣ доир  гардид.

   Қисмати аввали чорабиниро намоиши китобҳои бадеии бачагона, ки кормандони китобхонаи марказӣ ба маърази тамошо гузошта буданд, ташкил медод.

  Хонандагон дар намоиш бо асарҳои эҷодкардаи адибони бачагонаи шинохтаи Тоҷикистон ва дигар халқу миллатҳо шиносоӣ пайдо карданд.  

   Қисмати дуюми чорабинӣ дар толори маҷлисгоҳи китобхона идома ёфт. Меҳмонон – адиби бачагона Маҳбуба Неъматова аз шаҳри Самарқанд, шоира Латофат Кенҷаева, мудири бахши фарҳанги минтақаи Кӯлоб Хайрулло Тоҳиров, роҳбари Хонаи адибони ноҳия Бурҳониддин Усмонов, ки барои вохӯрӣ бо хонандагон ташриф оварда буданд ба сухан баромада, чанд шеъру чистонҳои тозаэҷоди худро қироат намуданд ва ҳамзамон иштирокчиёнро ба хондану дӯст доштани китоб даъват намуданд.

      Хонандагони насли наврас низ дар навбати худ порчаҳои шеърӣ ва панду андарзҳои бузургонамонро қироат карда, ба чорабинӣ ҳусни дигаре зам намуданд ва аз суҳбат бо адибон басо хушҳол шуданд.

  Мавриди зикр аст, ки бо дастгирии  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фестивал - озмуни ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби бачагону наврасони Тоҷикистон” рушду нумуъ ёфта имсол то 15 май идома меёбад.

Миёна: 6 (1 vote)