Мардум бо кӣ буданро медонанд!

(Ё чанд андешаи таваҷҷуҳбарангез оид ба хатарҳои замони муосир)

 

 

Сари кирдору рафторҳои ноҷавонмардонаи пайравони ҲНИТ-иён (дурусттараш  «Мамнӯниён») андеша ронда, ҷаҳони пур аз куштор, фанду фиреб, иғвову дасиса, беҳуқуқиву беэътиноӣ  кардан ба хостаҳои мардум пеши рӯ меоянд.

Зиёд мубаллиғоне онон доранд, ки метавонанд манфиати гурӯҳҳояшону шахсиятшонро пеши рӯ  дошта, равиши ақидаашон дар доираи  фарогири зарбулмасали «Гӯр сӯзаду дег ҷӯшад» бошад.

Бо тарзи муайяншудаҳои  Конститутсия ки халқ ба он овоз додаст, зистан намехоҳанд.

Дар ин ё он ҷо амалҳоеро тарҳрезӣ ва амалӣ мекунанд, ки ба нафъи дин, ки худро бар он пайрав медонанд, ҳамнаво нест.

Аксари  мардуми ҷавони Тоҷикистон ва махсусан насли калонсол ва миёнасоли тоҷикро дигар ба қудрати сухан бозпас ба шомил шудан ба ҲНИТ ё рафтан аз паси каси носанҷида номумкин шудааст.

Носозгор шудани гуфтор бе кирдор аз амалҳои пасткунандаи эътибори ҲНИТ-иён будааст, ки мардум ба дарки он ким-кайҳо рафтааст.

         Аҳён –аҳён  ҷавонони рӯзгоркамдида ва камтаҷрибаи тоҷикро онҳо метавонанд ба доми тазвирашон кашида, тарафдорони худ кунанд.

         Омили асосии  бо онҳо бастанашон низ аксаран на  пофишорӣ дар роҳи ҷиҳод, даъвои дарди ислом, балки дарди  маблағ аст, ки ҳама инро медонанд.

         Агар бовар надоред, аз шомилшудаҳо ба гурӯҳҳо, мазҳабҳо ва ҷиҳодрафтаҳои пушаймоншудаи баргашта, инро пурсед. Муҳиддин Кабирӣ, Саидюнуси Истаравшанӣ ва дигару дигари мубаллиғон ва ба ном «Дӯстони ватан» дигар дар назди мардум нуфузу эътибор надоранд. Сухани онҳо чун зарбулмасали «Саг меҷакаду корвон роҳашро давом медиҳад»  бояд қабул кард, ки равиши дурусти кор низ ҳамин аст.

 

Зубайдуллоева Омина, хонанда

 

Ҳеҷ овозе нест