Камбудии ғайрисуннатӣ бояд ислоҳ шавад

Тоҷикон ва ниёгони бузургвор ва хирадманди эшон  яке аз адиби  ҷаҳонӣ буданд ва мебошанд. Кулли қавмҳо  ва миллатҳои мухталифи ҷаҳон аз дастовардҳои ахлоқӣ, адабӣ, таҳаммулпазирӣ, одоби меҳмондорӣ ва дипломатияи муносибат бо худиҳо ва бегонагон, сиёсатмадорӣ ва давлатдорӣ, номусу шарофатмандӣ, оини ҷавонмардӣ ва башардустӣ бархурдор шудаанд ва  асрҳо дар зиндагии рӯзмараи худ истифода бурдаанд. «Эъломияи ҳуқуқи башар»-и Куруши Кабир, «Гулистон ва Бустон»-и Саъдӣ, «Баҳористон»-и Ҷомию, «Маснавӣ» -и Мавлоно, «Қобуснома»-и Унсуралмаолӣ ва «Насиҳат –ул –мулк» -и Ғазолӣ  далели равшани ин гуфтаҳост. Мо аз он  мефахрем, ки дар тоқи  даромадгоҳи бонуфустарин ташкилоти ҷаҳонӣ –СММ ашъори мазмунан хеле волои аҷдоди мукаррами  мо Саъдӣ  «Бани одам аъзои якдигаранд» ба забонҳои мухталифи дунё  сабт карда шудааст.

Бахусус, эҳтироми падару модар ва калонсолон таҳаммулпазирӣ нисбати дигар адён ва  миллатҳо аз хислатҳои ҳамида ва  оинҳои хуҷастаи мо буд. Дар империяи Куруши Кабир ва хилофати араб  миллатҳои гуногуни пайрави  адёни мухталиф зиндагии осоишта ва муносибатҳои  дӯстона дошта, бо ҳамдигар  алоқаи хешу таборӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ доштанд.Олимону донишмандони машҳури мо, аз ҷумла Ибни Сино ва  олимони масеҳӣ, насоро ва яҳуд дустӣ ва ҳамкорӣ доштанд. Дар замони муосир, замони робитаҳои интернетӣ, таъсири АВО, зиддиятҳои ақидавию мазҳабӣ робитаи  байни миллатҳо, дӯстӣ, ҳамкорӣ ва таҳаммулпазирӣ коста шуда, зиддият, таҳаммулнопазирӣ, ихтилофоти ақидавӣ, ирқиву нажодӣ рӯи кор омада истодааст.

Ин зиддияту ҳамдигарнофаҳмиро ҳатто Тоҷикистони кучаку азизи мо низ мушоҳида намудан мумкин аст. Ин хусусият, махсусан, баҷавонони камтаҷрибаву зиндагинодидаву зудбовари мо, ки аз бозиҳои сиёсии ҷаҳони муосир ноогоҳ буда, пайрави муқаллиди ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва  радикалии гуногун, ки худ дастнигари бозингарони сиёсати глобалӣ мебошнад, хос мебошад. Ҳар яки мо шоҳиди рӯйдодҳое мебошем, ки баъзе ҷавонони аз оддитарин рукнҳои исломӣ ноогоҳ ба тарзи ибодат, рафтор, оину одатҳои калонсолон ва мурдуми худ назаргирона, нописандона ва бо нафрат муносибат намуда, тавре вонамуд мекунанд, ки гӯё аз асрори  мутлақе, ки онҳо огаҳанд аз давраи ҳазрати Одам (а) то ин дам ягон бандаи дигаре огоҳ нест. Онҳо одати  хуби сунатии мо, эҳтироми калонсолонро фаромӯш намуда, одоби муоширатро бо хурду калон риоя  намекунанд. Ҳатто, ба  шунидам дар ибодати дастаҷамъии масҷидҳо низ эҳтироми аҳли ҷамоати ибодатгузоронро риоя накарда, ибодатро нотамом гузошта, аз байни сафҳои намозгузорон баромада мераванд. Ҳол он ки ин гунна рафтор дар маросими ҳаҷ, ки зоирони пайрави мазҳабу равияҳои гуногун ҷамъ меоянд ба ҳеҷ ваҷҳ рӯй намедиҳад. Таъсири неки волидайн, уламои дин, калонсолон, омӯзгорон ва аҳли ҷомеа, ибрати фардӣ бо  мусолеҳату насиҳат метавонад ислоҳи ин камбудии ғайрисуннатии мо кунад.

                              Қамбарова Д, директори МТМУ №3  .

Ҳеҷ овозе нест